logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АБАРМАРДЕ, КИ ДИЛИ ДУНЁ ДАР СИНАИ Ӯ МЕТАПАД

Покмардо, он чӣ гӯям, камтарин тасвири туст,
Ҳар чи мо имрӯз дорем, аз раҳи тадбири туст!
Дар ибтидои асри ХХ миллати тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ шуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Таҳкими бунёди ҷомеаи навин, қабл аз ҳама, ба худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ зарурат дорад, ки он бидуни рӯй овардан ба арзишҳои волои фарҳангии миллат ғайриимкон аст. 
Махсусан мавриди баррасӣ қарор додани афкори ҳикматомӯз, ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамият холӣ набуда, насли наврас ва ҷавони миллатро ба сарчашмаҳои аслии маънавии халқи тоҷик ошно хоҳад кард. 
Болотар аз ин, дар шароите, ки ҷомеа ба буҳрони ахлоқию маънавӣ дучор гардидааст, таҳлили осори ахлоқии пурғановату гаронарзиши аҷдодонамон, бахусус осори гаронмояи Сарвари оқилу хирадпешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки саршори панду андарз ва падидаҳои бузурги ибратомӯзи зиндагии инсонӣ мебошад, аҳамияти басо муҳим пайдо менамоянд.
Баъди ҳазорсолаҳо Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ, аз ҷумла «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа» «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ва «Чеҳраҳои мондагор» ба ҳамватанону оламиён пешниҳод карданд.  
Воқеан, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Президенти мамлакат будан, омӯзгорест, ки дар ҳар самте набошад, дарси волои инсонӣ медиҳанд, шахсияти барҷастаест, ки ба миллати тоҷик ва, бахусус насли ҷавон, ҳамвора панд медиҳанд, ватандорӣ, ахлоқ, мардонагӣ ва таҳаммулгароиро меомӯзонанд. Инчунин, сабурӣ, ботамкинӣ, ҷавонмардӣ, хирадпешагӣ ва фарҳанги олии ӯ барои ҳар фарди тоҷик мактаби омӯзиш аст. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки барои миллати тоҷик ва сиёсатмадорони дунё мактаби сулҳофарии худро  бунёд намуда, пешниҳод намояд. 
Руҳи матин ва ғурури миллии тоҷикона ӯро ҳамвора дастгир аст. Дар ҳар иқдом ва ё ибтикороте, ки бо ибрати шахсӣ ва иродаи неруманди худ на танҳо ба тоҷикону тоҷикистониён, балки ба тамоми сокинони сайёра накӯӣ меҳоҳад ва пайваста дар талош аст, ки инсоният осуда зиндагӣ дошта, саодат бинад. Меҳвари ин ҳама ҳувияти миллӣ ва ватандӯстиро ғояи ваҳдати миллӣ ва гуманистию инсондӯстиро домони поки модар ва тарбияи инсондӯстии оила ташкил медиҳад.
Офаридгор ба ин абармард арзандатарин истеъдодро насиб гардондааст. Пеш аз ҳама, меҳри беандоза ба  Ватан-модар доранд ва ҳамин меҳрро ба дигарон низ талқин менамоянду меомӯзонанд. 
Ҳамин меҳру муҳаббат ба Ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоҷикро зери ғояи ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувори кохи бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. Ин амали неки Пешвои тоҷикон ба хотири тақвияти Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб анҷом дода шуд. 
Ба хотири таҳкими истиқлоли комили Ватан ва сарҷамъии миллат назди ягон ақидае ва ё гурӯҳе дар дохили кишвар ва хориҷи он сар нафароварда, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан бо тадбирҳои мукаммал қадам бардошта, барои ҳифзи истиқлоли миллии Меҳан дар муқобили ҳама хатарҳои ҳалокатбор сина сипар кардаанд.
Бешак, тасвири симои нафаре, ки халқи беш аз ҳазорсола аз давлатдории миллӣ дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард,  гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, суботу амният овард,  ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр оғоз кард, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд ва неъмати соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, ин матонат ва ҷасорати нобиғаи барҷастаи фарзанди як модари тоҷик аст, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бараъло дида мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар даврони фаъолияташон на барои хеш, балки барои қавмашон хидматҳои шоиста мекунанду  таърихан ояндаро комил месозанд.
Донишманде барҳақ менигорад: «Баъзе инсонҳо аз модар бузург таваллуд мешаванд, баъзеи дигар худро бузург нишон медиҳанд ва баъзеи дигар сипас бузург мешаванд». 
Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд, ки аз модар бузург таваллуд шудаанд ва ҳамвора бо бузургиву матонати худ ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву бунёдкорӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ эътироф ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шуданд. Ӯ соҳибватани тавонманд, сарфарозу асилзодаест, ки дар замираш саропо ғурури миллист. Дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд, ботадбиру хирадпешаанд ва бо ин хислати наҷиби худ миллати тоҷикро ба сӯйи фардои босаодат ва дурахшон хоҳанд бурд.
Дар урфият мегӯянд: «Барои қувваи миллатеро санҷидан на танҳо ҷиҳати молиявиро дидан мебояд, балки қувваи маънавӣ ва ахлоқро низ бояд дар назар гирифт». Ҳамоно дар ин сангари вазнину нангин ва ниҳоят дар масири ватансозӣ моро хиради азалӣ ҳидоятгар аст ва тавассути абармарде, ки дар синаи ӯ меҳри Ватан метападу дили дунё ҷойгир аст, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад.
Ҳар нафаре, ки дар ин гетӣ бо забони нобу шево, гуҳаррезу  ғановатманд ва шоиронаи тоҷикӣ ҳарф мезанад, шахсияти нобиғаи асилзодаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон барояш то абад мояи ифтихор аст. Фаротар аз ин, таҷрибаи мардумсолорӣ ва давлатдории ин абармарди олами сиёсат мактаби омӯзиш ва таҷрибаи нодири таърихист.
 
Сояи Пешво нагардад дур аз болои сар,
Аз азал тоҷик мекард ахтарашро тоҷи сар.
 
Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2022    №: 191    Мутолиа карданд: 745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед