logo

фарҳанг

МЕҲРНОМА

Насли мо наслест, ки дар замони шуравӣ  ба дунё омадаву дар замони соҳибистиқлолӣ бузург шудааст. Кӯдакиву наврасии мо ба солҳои пурошӯби пасошуравӣ ва ибтидои сермоҷарои давлатдории навини тоҷикон рост омад. Бале, ин ибтидо нохуб буд. Ибтидое буд, ки мо, кӯдакон, дар он ранҷи гуруснагӣ мекашидем, аммо намедонистем чаро бояд шикамсерӣ нон нахӯрем.
Оре, мо насле ҳастем, ки дар кӯдакӣ орзуи хӯрдани қанду мавизу шоколад не, балки нон доштем ва борҳо аз модарон суол кардаем: чаро дигар нон намепазанд? 
Насле ҳастем, ки дар айёми кӯдакӣ нонамон сахти ҷавин буд ё аз ҷуворимакка (сад шукр, ки ҳоло кӯдаконамон чи будани нони ҷавинро намедонанд).
Насле ҳастем, ки ба ҳангоми наврасӣ имкони интихоби хӯроку либос надоштем (ҳоло фарзандонамон доранд). Ҳар чи ёфт мешуду мепухтанд, болаззат буду ҳар либосе меёфтему мепӯшидем, "беҳтарин".
Насле ҳастем, ки шоҳиди марги бародаронамон дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шудаем.
Насли шоҳиди мотами модарони фарзандгумкардаи ҷигарсӯхта.
Насле, ки ҳанӯз ҳам навҳаву фиғони бонувоне, ки азизони дил - ҳамсафари ҳаёташонро дар ин ҷанг аз даст додаанд, дар гӯшамон садо медиҳад.
Мо насле ҳастем, ки баъзе ҳамсолонамон ҳанӯз дар ҳукми гул буданду неку бади дунёро намедонистанд,  ки қурбони ҷаҳолат шуданд.
Бале, мо насле ҳастем, ки бачагиямон пурғам гузаштаву аз он рӯзҳо хотироти нохуби барои як умр нозудуданӣ дорем. 
Мо насле ҳастем, ки….
Ва насли мо, ки акнун соҳибфарзанданд, ба он хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранду эҳтиром менамоянд, ки ба шарофати ӯ кишвар озоду ободу амн асту фарзандонашон дар фазои осоишта  бузург  мешаванд. 
Мавлуди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба худашону аҳли оилаашон, сипас, ба кулли мардуми тоҷику тоҷикистониён, ки сулҳро барояшон асос гузоштаву фароҳам овардаанд, фархунда бод!
 
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2022    №: 191    Мутолиа карданд: 1123
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед