logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ӮЗБЕКОН

 
Гуфтан ҷоиз аст, ки  мисли  дигар  халқҳо мардуми  ӯзбек аз азал ба лафзи  ширину гуворои Рӯдакӣ, ба забони тоҷикӣ, шавқи  зиёд доштанд. Пеш  аз инқилоб тарҷума шудани асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон» -и Шайх Саъдӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, рубоиёти Умари Хайём, ғазалҳои Рӯдакиву  Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхию Бедил   ва дигар шоирони форсу тоҷик гувоҳи ин гуфтаҳост.
Дар байни мардуми   ӯзбек рӯдакихонӣ, саъдихонӣ, ҳофизхонӣ, шоҳномахонӣ, маснавихонӣ, одобномахонӣ,  бедилхонӣ дар авҷ буд. Ин ҳам шаҳодати он аст, ки   ӯзбекзабонҳо аз қадим ба забони тоҷикӣ  меҳри  беандоза доштанд. Ҳатто асарҳои  адибони тоҷикро дар мадрасаҳо ҳамчун китоби дарсӣ мехонданд. «Чоркитоб», шеърҳои  Ҳофизу Бедил ва дигар шоиронро аз кӯдакӣ мутолиа намуда, ёд мегирифтанд.
Мо, ӯзбекони таҳҷоӣ Тоҷикистонро Ватани худ мешуморем. Омӯхтани забони тоҷикӣ, алалхусус донистани адабиёти ғановатманди он, барои боз ҳам боло рафтани ҷаҳонбинию маърифати мо мусоидат мекунад. Бинобар ин, дар мактабҳои ӯзбекӣ ба барномаи таълимӣ дохил шудани фанни забони давлатӣ иқдоми саривақтист. 
Лозим ба ёдоварист, ки шоирони ӯзбекзабон ҳанӯз аз ибтидои асри 15 сар карда, бо ду забон шеър мегуфтанд. Дар девони вазирони Ҳусайни Бойқаро коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ низ ба забони форсӣ - тоҷикӣ сурат мегирифт. Аз ин бармеояд, ки зуллисонайн - яъне дузабона  будани мо, тоҷикону ӯзбекон, таърихи чандинасра дорад.
Алишери Навоӣ фасоҳату зебоии забони тоҷикӣ - форсиро ба вазну ҳиҷоҳои ғазали ӯзбекӣ дохил карду шуҳратманд шуд. Ҳазрати Навоӣ аз «Мантиқ-ут тайр»-и  Аттор илҳом гирифта асари машҳури худ «Лисон-ут-тайр»-ро офаридааст. Инчунин, ба Низомӣ пайравӣ намуда, асари безаволи  худ «Хамса»-ро навиштааст. Илова бар ин , Навоӣ  бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои  тоҷикӣ низ гуфтааст. Баъди Мир Алишер Навоӣ шоирони дигар, ба монанди Заҳириддини Бобур, Турдии Фароғӣ, Махмуру Гулханӣ, Муқимию Фурқат, Нодираву Дилшоди Барно, Бобораҳим Машраб ва дигарон идомабахшандаи ин анъана гардиданд.
 Онҳо машъали забони форсӣ - тоҷикиро баланд афрохтанд. Ҳатто Амир Темур рисолаи меъёри зисту зиндагонӣ ва ахлоқу одоби подшоҳонро ба забони тоҷикӣ-форсӣ таълиф намуда буд, ки ин асар ба забонҳои фаронсавӣ (1787), англисӣ (1830), урду (1845), русӣ (1894) ва ба забони классикии ӯзбекӣ (1835) тарҷума ва бо усули чопи сангӣ нашр гардидааст. Оё ин далел амри тасодуф аст ё қонун? Ба гумони ман, амри қонун аст. Чун тоҷику ӯзбек аз асрҳои қадим дар фарҳангу  забон низ бародар будаанд.
Агар ба эҷодиёти як зумра шоирҳои  асри IX, ки дар маҳфили адабии Фазлӣ ширкат варзиданд, назар андозем, аҳамияти забони тоҷикӣ - форсиро дар ташаккули назми ӯзбек, хусусан таъсири онро дар риштаи ғазалсароӣ, амиқтар дарк хоҳем кард. Ин маҳфил бо ташаббус ва дастгирии ҳокими вақти Хӯқанд Умархон сурат гирифта, роҳбарии он ба зиммаи завҷаи хон Нодирабегим буд. Шоирҳои хушзабон  ва нозукбаён бону Увайсӣ, Дилшоди Барно  шомили ҳамин маҳфили адабӣ буданд.
Яке аз хусусиятҳои адабиёти асрҳои XVII ва XIX дар он буд, ки дар ин давр дузабонӣ давом карда, тарҷумаи асарҳои нодири тоҷикӣ - форсӣ ба забони ӯзбекӣ ба зинаи нав баромад. Асарҳои шоирону нависандагони ӯзбек бо ду забон эҷод шуда, анъанаи дузабониро, ки он ба эҷодкорони адабиёти Шарқ, хусусан ба эҷодкорони ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр хос буд, ба қуллаҳои баландтар бардошта тавонистанд. Бинобар ин, он анъанаи муштарак, ки ҳанӯз аз замони Алишери Навоӣ сарчашма мегирифт, дар эҷодиёти Гулханӣ, Нодира, Дилшоди Барно, Махмур, Комили Хоразмӣ, Мӯниси Хоразмӣ ва Муҳаммадризои Огаҳӣ давом ёфт.Чунончи, Шермуҳаммад Мӯниси Хоразмӣ рисолаи «Равзат-ус-сафо»-и олими таърихнигор Мирхондро, Муҳаммадризо Огаҳӣ бошад, дар навбати худ асарҳои маърифатию таълимии «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва «Ҳашт биҳишт»-и Хусравиро ба ӯзбекӣ гардонданд. 
Мероси адабии Садриддин Айнии тоҷик ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзии ӯзбек низ ба мо, адибону фарҳангиёни ӯзбек аз ҳамон анъанаи дузабонӣ, ки ҳанӯз  аз асри 15 ибтидо мегирад, дарак медиҳад. Нависандаи бузурги  ӯзбек Абдулло Қодирӣ дар асарҳои  ҷовидонаи худ аз калимаҳои  тоҷикӣ  ва  ҳикматҳои  Саъдӣ  фаровон истифода бурдааст. Китоби тарҷумаҳои  шоири шинохтаи ӯзбек, академик Ғафур Ғуломро варақ занед, дар саҳифаи якуми он «Шикоят аз пирӣ» ном қасидаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба чашм мерасад. Шоир, ки худаш забони тоҷикиро мукаммал медонист, дигаронро низ ба донистани ин лисон даъват намудааст. Зиёда аз ним аср боз «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва рубоиҳои Умари  Хайём  дар тарҷумаи    дорандаи Ҷоизаи байналмилалии  Фирдавсӣ, олими шарқшинос Шоислом  Шоҳмуҳаммедов  хонда мешаванд. Шоири халқии Ӯзбекистон Ҷамол Камол китоби шашҷилдаи «Маснавии маънавӣ»-и    Балхиро бо маҳорат ба забони  ӯзбекӣ тарҷума намуд. Ӯ ин корро бо ягон фармон не, балки бо амри дил ба хонандагони ӯзбек пешкаш намудааст.
Боиси хурсандӣ  аст, ки  баъд аз мақоми забони давлатӣ  гирифтани забони тоҷикӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» барои омӯхтани ин забони ширин ва гуворо шавқи зиёд   пайдо шуд. Ҳаёти имрӯза  зарур ва шарт будани  донистани забони  давлатиро тақозо дорад.
Забони тоҷикӣ забони миллӣ ва адабии мардуми тоҷик ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои тоҷикони дунё забони модарӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои нави иқтисодию сиёсӣ, илмию фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари дӯсту ҳамсояи наздик – Ҷумҳурии Ӯзбекистон зарурати таҳия ва нашри фарҳангҳои тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикиро тақозо дорад. 
Аз ҳамин эҳтиёҷоти табиӣ ва судманд хулоса бароварда, ба таҳияи Фарҳанги тоҷикӣ ба ӯзбекӣ даст задам, ки ин қадами аввалин, таҷрибаи нахустин ба шумор меравад.
Аз қадим  бобо ва бобокалонҳои мо забони форсиро нағз медонистанд, шоиру нависандагони  тоҷикро  аз хурдӣ   дар  нусхаи  асл хонда,  шеърҳоро аз ёд мекарданд. Ин тавр бошад, чаро мо имрӯз, вақте ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шудааст, асарҳои беҳтарини  форсии тоҷикӣ: китобҳои «Доробнома», «Ҳазору як шаб», «Синбоднома»-ро ба китобҳои дарсии ӯзбекӣ дохил накунем? Ин зарурат аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, Қонун «Дар бораи забони давлатӣ»  бармеояд 
Забони тоҷикӣ ба мо забони бегона нест. Авлоду  аҷдоди мо бо ин забон ҳарф зада омадаанд. Донистани забони тоҷикӣ барои пухтатар омӯхтани забони модарӣ қувват мебахшад.  Фонди луғавии моро ғанитар мегардонад. Донистани забони тоҷикӣ барои даромадан ба гулшани адабиёти бузург роҳ  мекушояд, зеро забони тоҷикӣ дар тамоми дунё ҳамчун забони қадимтарин эътироф шудааст. Бузургони дунё Пушкин, Гёте,  Есенин, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  ва дигарон ба омӯхтани забони тоҷикӣ майл доштанд. Забони тоҷикӣ барои мо шири модар барин ширин ва гуворост. Барои ҳамин забони тоҷикиро мисли забони модарӣ донистан равост.
Боиси  хушнудист, ки баъди вохӯрии таърихии   сарварони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои  илмиву эҷодӣ ва  адабию фарҳангӣ миёни мардуми тоҷику ӯзбек вусъати тоза касб намуд. Бо дастур ва дастгирии Сарвари давлатамон чоп шудани «Армуғони муҳаббат» ном китоб, ки асарҳои беҳтарини шоир ва нависандагони ӯзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, нишонаи дӯстии ду халқ номидан мумкин.
Дар китоби мазкур,  ки бо сарсухани Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст, чунин  сатрҳо ба чашм мерасанд: «Тарҷумаи асарҳои адибони ӯзбек имкон дод, ки хонандагони тоҷик  бо маҳсули эҷодиёти аксари адибони гузаштаву муосири ӯзбек ошноӣ пайдо кунанд ва аз ин сарчашмаи  маънавӣ баҳраи фаровон бардоранд». 
Баъзан аз ман «Омӯхтани забони тоҷикӣ  ба мо чӣ медиҳад?»- гуфта мепурсанд. Ман ба онҳо «таърихи забон, таърихи тоҷикон ва, умуман, таърихро биомӯзед, он гаҳ ҳоҷати чунин савол намемонад», - гӯён посух медиҳам. «Забони тоҷикӣ ва ӯзбекон» унвон гирифтани  ин мақола низ аз ҳамин андеша бармеояд.
 
Сулаймон ЭРМАТОВ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Устоз», барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2022    №: 191    Мутолиа карданд: 1101
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед