иҷтимоиёт
БАҲРА АЗ ПАНДНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бо ҳамин мазмун китоби насрии шоир, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бузургмеҳри Баҳодур бо теъдоди 500 нусха дар матбааи ҶДММ «Озар-2000» зери унвони «Тӯмор» ба чоп расид, ки туҳфаи арзандаест барои ҳаводорони килки гуҳаррези адиби ҷавони шинохта дар остони Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии давлатсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин дафъа шоир рӯ ба наср оварда, тавассути навиштани номаҳо бо духтари калониаш Манижа, ки акнун қалам ба даст гирифта, дар варақҳои шеъри падар ҳарфҳои нахустин, нақшҳои пурпечутоби ба фаҳми худ ошною ба калонсолон мушкилфаҳм эҷод менамояд, ба суҳбат пардохта, барояш ояндаи нек таманно менамояду мегӯяд: «Фаҳмидам, ки ин хатҳои каҷу берабт ва кӯтоҳу дарозат номаҳои туст ба унвони ман бо хаттӣ мехӣ. Ва ин номаҳои нохонои туро ҷавоб мебояд».
Адиб нома аз пайи нома менависаду таъкид месозад ба нури чашмаш, ки бидон мағзи нома ахлоқ аст. Ахлоқи ту, яъне ахлоқи як инсони сайёра. На танҳо ба он хотир, ки ту фарзанди ман ҳастӣ, балки ба он хотир, ки ту Инсонӣ. Адаб, одоб, фарҳанг, ишқ, мурувват, маданият, одамгарӣ, инсоф, зебоипарастӣ, тамкин, таҳаммул, рӯшанӣ… ин ҳамаро ахлоқ дар худ ғунҷондааст. Ҳикмати инсон офарида шудани мо низ дар ҳамин ахлоқ нуҳуфта аст.
Адиб номаашро чунин идома мебахшад: «Аввал дунёро биомӯз, дувум динҳоро, модаратро дӯст бидор, мағзи вожаи Меҳанро дар дил ҷой бидеҳ. Дар иҷрои хурдтарин кору амал ҷиддӣ, боназокат бош, зеро кори хурд хайри бузург дорад. Дили касеро бесабаб наранҷон. Хато кардӣ, аз пайи ислоҳаш бикӯш. Ранҷ бояд то ганҷ ба даст ояд». Ин гуфтаҳои нависанда танҳо барои духтарони худ нест, ӯ наврасону ҷавонони кишварро ба таҳсил, донишу адаб омӯхтан, дӯст доштани Ватан, ҷонбозӣ намудан дар роҳи дифои Меҳан мехонад.
Ҳамчунин, ба падару модарон таъкид месозад, ки ҳамин кӯдаконанд, ки бештари маврид моро аз гуноҳу зиштӣ ва бевиҷдонӣ эмин медоранд, моро ба олами рӯшану наҷибу озода ҳидоят мекунанд. Моро ба дӯстдории зиндагӣ во медоранд. Аммо ба ивази файзу фараҳи онҳо мо чӣ подоше медиҳем? Зодмандон вазифадоранд, ки аз пайи таълиму тарбияи фарзанд бошанд, нагузоранд, ки онҳо аз мактаб дур монанд. Мардум, бингаред, ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон ҳамеша ғамхоранд, талаби донишу омӯзиши ахлоқу одоби ҳамидаро амали зарурӣ мешуморанд, барояшон мактаб-интернатҳо сохтаанду месозанд, ҷавонони лаёқатмандро аз деҳаҳои дурдаст ва оилаҳои ниёзманд бо Квотаи президентӣ ва хобгоҳҳои замонавӣ таъмин мекунанд, то ки дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳо илм, ихтисос, касбу ҳунар омӯзанд. Муҳтарам Сарвари давлат танҳо як мақсад доранд: ҷавонон, ки ояндаи давлату миллатанд, бояд бихонанд. Вақте ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, Роҳбари мамлакат баҳри муҳайё намудани ҳаёти осоишта, алалхусус барои насли наврасу ҷавон, дар пайи барқарорсозии сулҳу субот ҷонбозиҳо карданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки бароямон нӯшдору буд. Нӯшдоруро ба тарафҳои ба ҳам зид Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон овард. Таърихи тоҷик ба он қадар шукӯҳу азамати худ сулҳофаринии муҳтарам Пешвои миллатро фаромӯш намекунад. Адиб дар симои фарзандонаш Манижаву Баҳор ба кулли ҷавонони кишвар таъкид месозад, ки ба ин рӯзҳои фараҳбахш саҳлу осон нарасидаем. Бояд сулҳро ҳамеша пос дорем ва барои бақои давлат бикӯшем.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2022 №: 191 Мутолиа карданд: 740