logo

иҷтимоиёт

ВОРИСОНИ ЗАБОНАМОН БОШЕМ!

 
Забони модарӣ нахустин ва пойдортарин нишони безаволии  миллат аст. Забони  модарӣ аз овони кӯдакӣ ҳамроҳ бо шири модар дар хонавода ба тору пуди хар як инсон мепечад ва ҳар як шахс якҷо бо он ба камол мерасад. Забони модарӣ  решаи хувияти миллии ҳар шахс мегардад ва меросу ирсияти чандин наслро дар ҳувияти инсон побарҷо мегузорад. Ифтихори миллӣ аз донистани забони миллӣ оғоз мегардад. Забон яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳост. Он унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни  миллат буда, дар рушди  давлатдории миллӣ низ нақши асосӣ мебозад.
Каломи инсоният беҳтарин ва қиматтарин алфози нуҳуфтаи ӯст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо диҳад, гӯяндаашро машҳур мегардонад. Сухани дурушту ноҷо метавонад наздикону пайвандони ба дилу ҷонро дур созад.
Барҳақ:
 
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.
 
Сухан оғозу анҷом аст, сухан розу роҳнишондиҳандаи ҳаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илҳом аст. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танҳову хомӯш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халқ, «як сухан 366 паҳлӯ дорад», ҳар як суханро дар тарозӯи ақл бояд баркашид, сипас, пеш оварду талаффуз кард. Бояд кӯшид, ки суханвари асил буд. Бояд дили ҳамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад. Бояд сухане гуфт, ки дурри маънӣ гардад ва касро ҳузури ҷону зӯру тавон бахшад.
Сухан бошад, дар ҳар миллат тавассути забонe ифода меёбад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин, бойтарин, зеботарин ва ширинтарини дунё ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пуштибон ва арҷгузори доимии забону фарҳанги миллиамон мебошанд, борҳо зикр кардаанд, ки забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар  на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонистааст, балки ғосибонро маҷбур кардааст, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд. Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ волотарин меросест, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун гавҳари пок то давлати соҳибистиқлоли мо омада расидааст. Шоири бузурги мо Бозор Собир дар мавриди забон хеле бамаврид қайд намудааст :
 
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон 
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон, дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
 
Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумули тоҷик асарҳои ҷовидонаи худро бо ин забон эҷод карда, шуҳрату шаҳомати каломи модариашонро боз ҳам афзунтар гардондаанд. Тоҷикон бо ин ганҷи бебаҳои худ мефахранду дӯсташ медоранд ва ҳифзаш менамоянд.
    
Эй ту, лаҳни модарӣ, хуш омадӣ
Бар ниҳоди ман зи шири модарам,
Зинда медорам туро дар шеъри худ,
Аз ту гирам шаҳд бар шеъри тарам.
 
Забони давлатии мо ба шарофати истиқлол асолату тавоноии худро ба даст овард. Донишмандон беҳуда нагуфтаанд, ки  забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони миллӣ ва, ҳамзамон, ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони давлатии худро омӯзем ва ба он дар баробари Модару Ватани хеш эҳтирому арҷ гузорем. Ниёгони мо аз гузаштаҳои дур ин забонро ҳамчун падидаи миллӣ ҳифз карда, онро то замони мо ба мерос гузоштаанд. Мо низ бояд ин ганҷи беназирро барои наслҳои оянда бо ҳамин покиву шевоӣ ба мерос гузорем.
 
ФАРЗОНА ХОҶАЗОДА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
муовини раиси шаҳри Ваҳдат
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2022    №: 191    Мутолиа карданд: 1338
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед