logo

иқтисод

ҶАШНИ МЕҲРГОН – ТАҶАССУМИ СУННАТҲОИ НЕК

 
«Миллати тоҷик соҳиби оину сунатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Ҳама меҳри замин дар Меҳргон аст,
Ҳама сеҳри нишин дар Меҳргон аст.
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои миллии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замонҳои дуродури таърих маншаъ мегирад. 
Тибқи навиштаҳои мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб, Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост. Дар осори бузургони илму фарҳанги ниёгонамон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунию Умари Хайём, Фаррухию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуданд, ки бо камоли эҳтиром аз расму оин, шукӯҳу   иззату шуҳрати он маълумотҳои арзишманде башорат медиҳанд.
Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рӯзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории мелодӣ рост меояд. Аз он дам ҳамасола ниёгони мо ин рӯзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарон, пастравии гармии Офтоб, коҳиши нумӯи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он 6 рӯз идома меёфтааст.
Суфраи Ҷашни Меҳргонро бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда менамуданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон мебошад. 
Боиси ифтихор аст, ки мардуми меҳнатқарини тоҷик шукрона аз истиқлолияту сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ карда, ҳар порча замини зархези диёрамонро самараноку оқилона истифода мебаранд. Он заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо тавсияи судманди олимону мутахассисони соҳа давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, аз он ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд, ки барои рушди бемайлони соҳа мусоидат мекунад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу  манзалати хосса инъикос менамояд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фарорасии Ҷашни Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
 
Шарифҷон ХОҶАЕВ, 
директори Институти хокшиносӣ 
ва агрохимияи АИКТ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2022    №: 191    Мутолиа карданд: 1075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед