logo

Хабарҳо

Китоби Сарвари давлат ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума шуд

 
Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забонҳои маъруфи ҷаҳон – русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкада.
Барои тарҷумаи босифату шоистаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» таҳти роҳбарии ректори Донишкада Жило Гулназарзода устодони варзида бо камоли муҳаббату садоқат кӯшиш ба харҷ доданд.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Аз ин рӯ, китоб зуд мақбули ҳамагон гашт ва барои сокинони мамлакат мояи ифтихор мебошад.
Ин китоб бори дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони тоҷикиро  собит менамояд.
 
 
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи  Таиланд эътимоднома супурд
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ, ки қароргоҳаш дар Малайзия мебошад, ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн эътимоднома супурд,- хабар дод Вазорати корҳои хориҷӣ.
Сафир  салому  паёми  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Подшоҳи Таиланд расонда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Шоҳигарии Таиланд аст.
 
 
Омодасозии муштараки  кадрҳои баландихтисос
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Россия, бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерий Фалков вохӯрд. Ҷонибҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбӣ, инчунин, афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россияро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, мусоҳибон, ҳамчунин, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ва эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.
 
 
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Аз 3 то 9 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Маросими бошукӯҳи ифтитоҳи он 3 октябри соли 2022 дар Муҷтамаи фарҳангии Аббосободи шаҳри Теҳрон бо иштироки шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва аҳолии Теҳрон баргузор шуд.
Марям Холиқзода аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар дод, ки маросимро вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ оғоз бахшиданд.
Барномаи ҳунарии шеъру суруди Тоҷикистон мавриди истиқболи гарми аҳли толор қарор гирифт. Дар маросим намоиши аксҳо ва мусаввараҳо, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ доир гашта, меҳмонон бо меваҷот ва шириниҳои тоҷикӣ пазироӣ шуданд.
Инчунин, намоиши театрии “Дирафши ковиёнӣ”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, барномаҳои ҳунарии устодони санъати тоҷик, шаби шеър бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва ҳузури адибони эронӣ ва намоиши филмҳои “Муаллим” ва “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов баргузор мегардад.
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3350
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед