мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АКСЕЛ ВАН ТРОТСЕНБУРГ ВА АННА БЙЕРДЕ
6 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми бисту нуҳ соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани беш аз 110 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи 2,5 миллиард доллари ИМА, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Аксел ван Тротсенбург аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ва дар ин замина, рушди иқтисоди “сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID – 19, таъсири он ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар матраҳ гардид.
Изҳори умед шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини рушди устувор минбаъд низ саҳм хоҳад гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.10.2022 №: 192 Мутолиа карданд: 1759