logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ НОМ НИҲОДАН БА ФАРЗАНДОН НИШОНАИ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ МАРДУМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

Эҳдо ба зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу тавсиф эҳтиёҷ надоранд. Зеро дар таърихи давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонистанд бо неруи созанда, далерию ҷасурӣ, матонату кордониашон миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд. Имрӯз Тоҷикистон ба симмати давлати шинохта ва Сарвари он ба ҳайси ташаббускори байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидаанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон. Ин номро бештари президентҳои имрӯзаву собиқи ҷаҳон ва бисёр сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ бо ифтихор ва эҳтироми хосса ба забон меоваранд, зеро Эмомалӣ Раҳмон ба ин муҳаббат сазоворанд.
Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон дар асл мардумиянд ва аз байни халқ рӯидаанд. Худи Президент низ ин нуктаро ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳастиву вуҷуд ва қалби миллати тоҷиканд. Мо бояд он касро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем. Худованд барои мо чунин шахсиятеро ато кардааст, ки мардумони бештари кишварҳои дунё доштани чунин сиёсатмадори раҳкушо ба сӯи фардои дурахшонро орзу мекунанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузургу нотакроранд. Он кас нозуктарин санъати сухангӯӣ –  ба вақти гуфтан гуфтану ба вақти хомӯшӣ хомӯш буданро хуб омӯхтаанд. Ин гуна санъат на ба ҳама сарварон муяссар мегардад.
Шайх Саъдии бузург мегӯяд: «Ҳаргиз дуруст нест ва ба ақли соҳибназарон рост намеояд, ки шамшери Алӣ дар ғилоф бошаду забони Саъдӣ дар даҳони ӯ хомӯш бимонад. Яъне рӯзи ҷанг бо душман дар ғилоф будани Зулфиқори Алӣ ва дар ком хомӯш мондани забони Саъдӣ, ки ҳар ду ба тавоноӣ ва бурандагӣ машҳуранд, аз рӯи ақлу хирад нест ва қобили қабул намебошад».
Ин ба он маънист, ки Президенти мо низ саъдивор аз номи миллат сухан мегӯянд. Аз номи миллати ориёию озодандеш мегӯянд. Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд. Зеро он кас давомдиҳандаи давлати Ҳахоманишиён ва шоҳони Сомониянд. Дар ҷисмашон руҳи Куруши Кабир ва Сомониён нуҳуфтааст. Аз ҳама муҳимаш, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд маҳбубияти халқу миллатро ба даст оваранд. Имрӯз миллат Пешвои худро дӯст медорад ва бо ӯ ифтихор дорад. Чунин бахти баланд на ба ҳама сарварони дунё насиб гардидааст. Имрӯз аксари мардум ба хотир ва эҳтироми Пешвои миллат фарзандонашонро Эмомалӣ ном ниҳода истодаанд. Зеро исми Эмомалӣ рамзи наҷотбахши миллат аст. Мо ин нуктаро бояд такрор ба такрор бигӯем. Аз ин натарсем ва қадр намоем.
Марк Аврелийи бузург мефармояд: «Ҳеҷ неруе қавитар аз неруи муҳаббат ба Ватан вуҷуд надорад». Имрӯз ин қувваро Президент Эмомалӣ Раҳмон бо халқу миллати худ доранд. Президент Эмомалӣ Раҳмонро мардум бо амалҳои накуяшон барои халқу Ватан ва рафтори шоистаи ҷавонмардияшон тавонистанд дар дилу дидаи худ ҷо кунанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон доимо аз ғаму дарди миллат огаҳанд ва ба мушкилоти миллат ҳеҷ гоҳ бепарво нестанд. Сарвари мо ба мардум ҳамдилӣ ва ёрмандӣ мекунанд ва шоистаи номи баланди Пешвои миллатанд. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот кардааст, ки дар зиндагӣ кам сарвароне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қудратмандиашон тамоми ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муваффақона амалӣ карда, мардумро роҳнамоӣ намоянд. Имрӯз Пешвои мо рамзи озодӣ, истиқлол ва адолатанд.
Эмомалӣ Раҳмон инсони озоду сарбаланду соҳибихтиёранд. Он кас гармию сардии рӯзгорро чашида, бо меҳнати ҳалол ва бо сари баланд зиндагии хешро пеш мебаранд ва ҳаётро мисли мову шумо дӯст медоранд.
Пешвои  муаззам  борҳо хонаи Худоро зиёрат кардаанд ва аз нуру сафо саршор мебошанд. Беҳуда нест, ки Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусалмони шуҳратманди дунё ҷой гирифта, аз минбарҳои баланди конфронсҳои исломӣ арзишҳои дини мубини исломро ҳимоят мекунанд.
Дар  лавҳи  турбати Баҳроми Гур навишта шуда, ки дасти саховатманд беҳ аз бозуи зӯрманд. Пешвои мо низ соҳибкараманд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси саховатманду саховатпеша кайҳо миёни мардум ном баровардаанд. Дар дили мардум роҳ ёфтаанд, вирди забони ҳамагон гаштаанд. Саховат файзу баракати хосса дорад, сабаби фаровонӣ мегардад ва ба сарват сарват зам менамояд. Ятимпарваранд Президенти мо. Мо бояд оини саховатмандӣ ва расму шеваи ҷавонмардиро аз Пешвои миллат омӯзем. Чаро, ки борҳо номи пуршарафи ҷавонмардиро бар ивази хатар ба ҷонашон ба даст овардаанд. Ин аст оини ҷавонмардӣ.
Бузургии дигари Пешвои миллат он аст, ки ҳамеша ситоиши илму дониш ва хоксорию беозорӣ менамоянд ва ҳеҷ гоҳ ғуруру худписандиро хуш надоранд. Пешвои миллат шоирону зиёиёнро самимона дӯст медоранд. Олимону ҳунармандонро навозишу эҳтиром менамоянд. Сарвари давлат аз аввалинҳо шуда, фарҳангро ҳастии миллат номиданд ва ба он арҷ мегузоранд.
Ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат мароми зиндагонии одамони бошараф ва баору номус аст. Агар аҳамият дода бошед, Президент қобилияту истеъдоди ниҳоят баланди суханварӣ доранд ва ҷаҳониён инро қоил мебошанд. Донишмандони муосири дунё ба руҳияи озодихоҳӣ, илмдӯстӣ ва инсонпарварии Президенти мо баҳои баланд медиҳанд.
Пешвои муаззам ҳамеша тарафдори адолат ва ободии мулканд. Ботини Эмомалӣ Раҳмон софу нияташон пок аст.
Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд низ Президенти мо Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ дӯст медошт. Соли 1995 буд. Дар қарияи Ҷангалаки Панҷшери Афғонистон, аниқтараш дар хонаи шодравон, сухан  дар  бораи  сулҳу  ваҳдати Тоҷикистон мерафт. Ҳамон солҳои душвор Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «Шумо – тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун, тасаввур кунед, ки шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд».
«Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд. Дар ин дил ҳама меғунҷад. Ӯ охирон тоҷикро ба Ватан баргардонд. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо – тоҷикон, балки тамоми тоҷикони дунё дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро муассир мегардонад».
Тавре ки Масъуди одамшинос изҳор дошта буд: «Бузургии Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст». Имрӯз мо чӣ қадаре, ки дар бораи ин абармарди миллат ва шахсияти дар ҷаҳон эътирофшуда нависем, кам мебошад. Вале дар камии мо самимияту ихлосу меҳрубониҳои зиёде ба Пешвоямон нуҳуфта аст.
Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кард, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллати мотамзада ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузошт, пояи давлатдориро аз сифр, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо сохт, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як минбар, як маъруза ва ҳатто, як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале руҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозад. Сарвари давлат ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиашон, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Он кас аз рӯзи ин қасами худ то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 21 маротиба гуфтушунидҳо ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан ширкат варзида, ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот карда, ҳамеша аз дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат намуда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.
Роҳбари давлат на танҳо ба қасамашон содиқ буданд, балки ҷиҳати иҷрои он фидокорона кӯшиш карда, ин вазифаи муқаддаси худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарданд. Дар замоне ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, он кас худро нороҳат ҳис мекарданд.
Ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекарданд, барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиданду қалбашон ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунин ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфтанд: “Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Бо чи гуна дард ва бо чи самимияте гуфта мешуданд ин суханҳо. Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонда шуданд, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кӯтоҳ барқарор шуданд.
Бузургон дуруст гуфтаанд: ҳама корҳо ба ният алоқаманд аст. Нияташону маромашон нек буд, ки ҳамаи корҳо ба некӣ ба сомон расиданд. Он кас қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекарданд, ҳарф мезаданд, амал мекарданд ва аз худию бегона, аз Офаридгори замину осмон ва руҳи гузаштагон талаби осудагию оромии кишварро менамуданд. Ин ҳамаро мо на танҳо медидему мешунидем, балки бо қалбу руҳ дарк мекардем ва аз ин мактаб дарс ва ҳадиси ватандорӣ меомӯхтем.
Сарвари давлат ба суханашон содиқ, ба ваъдаашон устувор буданд ва ба амалашон муҳаббат доштанд, ки тавонистанд бузургтарин неъмат –  умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳанд.
Мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрати ваҳдати миллии он кас, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаашонро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндаи худ мерасад.
Илми таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамояд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро ба мадди назар гирифта, ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон, бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд.
Соҳаҳои мухталифи илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии онҳоро қадр карда, таъсири нек ва қавии чунин симоҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеаҳо ёдрас шуда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба ҳайси «Пешвои миллат», «Падар – бунёдгузори давлат» ва монанди инҳо ба фазои илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид кардаанд. Ин нуктаро мо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем.
 
Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид 
ба корҳои байналмилалӣ, 
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, 
доктори илмҳои фалсафа,
 
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2022    №: 192    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед