logo

маориф

БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕШАВАД

 
Бо баракати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳуми мактабу маориф, донишу маърифат, маънову арзишҳои боз ҳам волотареро дар бар гирифта, ҷиҳати ба камол расидани насли нави созандагони Ватан эътибори бештареро соҳиб гашт. 
Пешвои муҳтарами миллат барҳак таъкид месозанд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». 
Оре, рушди ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба мактабу маориф вобаста аст. Мардум ба мактаб чун як макони илму маърифат муносибат намуда, омӯзгорро азизу гиромӣ медонанд. Ин аст, ки тули таърих тоҷикон ҳамчун миллати маърифатпарвару тамаддунофар муаррифӣ гардида, шуҳрати фарзандони барӯманди он дар рӯи олам паҳн гардиданд. 
Ба шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ соҳаи маориф дар вилояти Хатлон низ ба дигаргуниҳои азим муваффақ гардид.
Далелҳои шоёни ин пешрафт бо нишондодҳои возеҳ ва муқоисавӣ баёнгӯи он аст, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи вилоят ва ҷумҳурӣ хеле рушд ёфта, сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии кормандони соҳа низ, хеле беҳтар шудааст. 
Fамхориҳои рӯзафзуни Пешвои хирадманду маърифатпарварамон имрӯз қалби ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаро сидқан фарогирифта, тавассути он фаъолияти баланди ҳар як инсони ватандӯстро баҳри меҳнати боз ҳам пурмаҳсул равона месозад. Бо саршавии соли нави таҳсил ба андозаи 20% зиёд гардидани музди меҳнати омӯзгорон ва кормандони соҳа далели ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои маърифатпарвари мо нисбати кори таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Дар пайравӣ аз ин иқдом раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  аз сентябри  соли 2022 маоши кормандони Донишгоҳро аз ҳисоби маблағи шарт-нома ба андозаи 10% баланд бардошт.
Дар давоми соли таҳсили сипаришуда тадбирҳои гуногун оид ба таълиму тарбия ва ривоҷи саводу маърифатнокии насли наврас ба воситаи гузарондани озмуну олимпиадаҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин, озмунҳои «Илм фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гузаронда шуда, натиҷаҳои он қаноатбахш мебошанд. 
Аҳли маорифи вилояти Хатлон муҳимияти таъкидҳои Сарвари давлатро бо масъулият ба инобат гирифта, баҳри вусъат бахшидани татбиқи раванди ислоҳот тамоми нерую имкониятҳои худ-ро равона месозанд. Айни замон як бахши муҳими фаъолияти кормандони соҳаи маориф баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2030» равона гардида аст.  
 
Сайфиддин ДАВЛАТЗОДА, 
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2022    №: 192    Мутолиа карданд: 1571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед