logo

Хабарҳо

ВАРЗИШ

 
ҶОМИ ОСИЁ – 2023
Наврасони мо марҳилаи интихобиро бо ғалаба оғоз намуданд
 
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Раҳматулло Фузайлов марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 (гурӯҳи «Н», Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе)-ро бо пирӯзӣ шуруъ кард. 
Футболбозони навраси мо ба дарвозаи Муғулистон се голи беҷавоб заданд. Тӯбҳоро Итгел Балчиндрож (худгол), Абубакр Сулаймонов ва Шеравган Саидов ба самар расонданд. 
Дар даври охири марҳилаи интихобӣ мунтахаби мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (9 октябр) бозӣ мекунад. 
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-17) мунтахабҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок доранд. Тибқи низомнома, ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки моҳи майи соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
 
 
ГӮШТӢ
Медали нуқраи Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон 
Паҳлавони кишвар Ҷамшед Мақсудов (70 кг) дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштӣ миёни собиқадорон (4-9 октябр, Пловдив, Булғория) медали нуқра гирифт. 
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, зӯрозмоиҳои даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзе (Гурҷистон) мағлуб шуда, сипас Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория)-ро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Барои роҳ ёфтан ба финал гӯштигири мо бар Убайдулло Эргашев (Ӯзбекистон) ғолиб омад. Дар набарди ҳалкунанда Ҷамшед Мақсудовро боз Шамше Тлашадзе ноком кард. 
 
 
ТАЭКВАНДО
Душанбе мизбони «Ҷоми сафири Корея»
 
8-9 октябр дар шаҳри Душанбе I мусобиқа оид ба таэквондо (WTF) – “Ҷоми сафири Корея” баргузор мешавад.
Дар мусобиқа варзишгарони дорои камарбанди сурх (дараҷаҳои 1, 2 ва 3) иштирок карда метавонанд. Ширкаткунандагон аз рӯи синну сол ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд. Ҳамагӣ зиёда аз 500 варзишгар дар сабқатҳои инфиродӣ ва даставӣ маҳорати худро нишон медиҳанд.
Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, мусобиқа ба муносибати 30-солагии истиқрори равобити дипломатии Корея ва Тоҷикистон, рушди варзиши таэквондо ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди олимпии варзиш баргузор мешавад.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед