logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙН-КРОССВОРДИ «ҶУҒРОФӢ»
1. Фанни мактабӣ. 2. Қишри Замин. 3. Сайёра. 4. Ҳодисаи табиӣ. 5. Ноҳия дар Тоҷикистон. 6. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 7. Ноҳия дар Хатлон. 8. Қисми хушкӣ, ки аз се тараф бо оби баҳр ва уқёнус иҳота шудааст. 9. Корманди илмӣ. 10. Чуғрофияшиноси Англис, Христофор… . 11. Бонки давлатии амонатӣ кӯтоҳаш. 12. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 13. Кунҷи ҷуғрофӣ. 14. Миллат. 15. Донишҷӯе, ки аз тарафи давлат мехонад. 16. Яке аз илми иқлимшиносӣ. 17. Баландиҳои кӯҳ. 18. Кор - меҳнат. 19. ТВ-канал дар Тоҷикистон. 20. Мукофоти давлатӣ. 21. Садо овоз … 22. Қонуни физикӣ. 23. Музди кор. 24. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 25. Қитъаи ҷуғрофӣ. 26. Ҳавзи сунъӣ. 27. Мавҷуд будани буғи об дар таркиби ҳаво. 28. Асбоби ченкунии кунҷ. 29. Собиқ ш.Турсунзода. 30. Маҷмуи ноҳамвориҳои сатҳи Замин. 31. Вазорат. 32. Дарё дар Ҳинд. 33. Қисми начандон васеи уқёнус. 34. Ҳаммафҳуми калимаи кӯшиш. 35. Давлат дар Африқо. 36. Масраф, харҷ … . 37. Пиряхи машҳури Тоҷикистон. 38. Уқёнус. 39. Ҷинсҳои кӯҳие, ки пирях овардааст. 40. Пиряхи шинокунанда. 41. Қабати Замин. 42. Давлат дар Аврупо. 43. Ҳайвони ваҳшӣ. 44. Дарахти ҳосилдеҳ. 45. Ранг. 46. Асбоби ҷуғрофӣ. 47. Ҳайвони хонагӣ. 48. Нишони давлат. 49. Мутахассис. 50. Синоними ҳудуд. 51. Он чизе, ки дар рӯи замин мерӯяд. 52. Киштии машҳури ғарқшуда. 53. Кишвар дар Россия. 54. Тири … 55. Маҳалла дар Исфара. 56. Ҳафтанома. 57. Пойтахти Муғулистон. 58. Мутахассиси соҳаи фарҳанг. 59. Баҳрнаварди машҳури ҷаҳон Фаррен … . 60. Фаъол, олӣ … . 61. Кӯҳи машҳур дар Арманистон. 62. Ҳаммафҳуми калимаи мубаддал. 63. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 64. Синоними лабханд. 65. Ченаки ҷуғрофӣ. 66. Деҳа дар ш. Ваҳдат. 67. Қуллаи баландтарини ҷуғрофӣ.   
          
Таҳияи Муҳамадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт
 
Ҷавоби  чайн-кроссворди «Рӯзи забон» аз  30 сентябри соли 2022
1. Забон. 2. Нидо. 3. Онҳо. 4. Омоним. 5. Муайянкунанда. 6. Аншлаг. 7. ГЭС. 8. Синоним. 9. Мактаб. 10. Барф. 11. Фонетика. 12. Ан. 13. Нато. 14. Олим. 15. Марказ. 16. Синтаксис. 17. Савол. 18. Лавҳа. 19. Асос. 20. Себ. 21. Баҳо. 22. Оина. 23. Андарз. 24. Зангӯла. 25. Алифбо. 26. Одамони ҷовид. 27. Диалог. 28. Ганҷур. 29. Раққос. 30. Монолог. 31. Гӯруғлӣ. 32. Иртибот. 33. Тарона. 34. Анор. 35. Рубоӣ. 36. Илҳом. 37. Маҳбуб. 38. Бурд. 39. Дутор. 40. Расм. 41. Масдар. 42. Румӣ. 43. Интизом. 44. Ҷони ширин. 45. Нуқта. 46. Ақл. 47. Латофат. 48. Тайёра. 49. РЭП. 50. Парасту. 51. Угро. 52. Офтоб. 53. Базм. 54. Ман. 55. Нота. 56. Аспирантура. 57. Алқонун. 58. Назм. 
 
 
Масъули рубрика: 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ МӮЙ
1. Мӯйсафедон мӯйҳои ғафстарин доранд.
2. Мӯй моҳе тақрибан 1 см дароз мешавад.
3. Олимони амрикоӣ муайян карданд, ки ранги мӯй ба қобилияти зеҳнӣ ҳеҷ иртибот надорад.
4. Ба ҳисоби миёна, як калонсол аз 100 то 130 ҳазор мӯй дар сар дорад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
4,2 МИЛЛИОН  КАМЕРА ДАР ЯК ШАҲР
Агар ба шаҳрҳои калон диққат дода бошед, дар онҳо камераҳои назоратӣ бисёр зиёд аст. Ин ҳама барои амнияти шаҳрҳо аст.
Дар ҷаҳон шаҳре, ки аз ҳама зиёд дар он камераҳои назоратӣ гузошта шудааст, Лондон мебошад. Дар ин шаҳр 4 миллиону 200 ҳазор камераи назоратӣ аст ва як шахс дар як рӯз то 300 маротиба дар кадр меафтад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ТИФЛЕ, КИ БАЪД АЗ ТАВАЛЛУД ГАП ЗАД
Дар таваллудхонаи шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова тифле ба дунё омад, ки дарҳол ба сухан даромада, табибонро дар ҳайрат гузошт. Падару модари ҳайрон номи писарро Степан гузоштанд.
Мария Папова, момодояи таваллудхона, дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Жизнь» чунин гуфтааст: «Ман дар ҳайратам, ки тифли навзод чӣ тавр ба гап даромад! Ба гӯшҳои худам бовар намекардам. Вай пай дар пай такрор мекард: «Папа, папа». Ман аз соли 1986 инҷониб ба ҳайси момодоя кор мекунам, вале ин гуна навзодро надида будам». Барои муайян намудани ин ҳолати ғайриодӣ табибон ва олимон ба таҳқиқ шуруъ карданд.
Рӯзи дувум, вақте модар ба тифлаш мегӯяд: «Ана ҳозир падарат меояд», Степан бо саволи «Падар кист?» модарро аз ин ҳам зиёдтар ҳайратзада мекунад.
Алҳол ҳамин қадараш маълум шудааст, ки Лиза ва Радион – волидони Степан ҳангоми дар батни модар будани тифл ҳамеша бо вай суҳбат мекарданд.
 
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
ВЕЛОСИПЕД – ФОҶИА 
Аз баромади сарнозири андоз 
– Рафиқон, мо бояд аз баҳри велосипедронҳо гузарем, зеро онҳо ба иқтисоди кишвар бадбахтӣ меоранд. Худ қазоват кунед, шаҳрвандоне, ки велосипед доранд, дигар мошин намехаранд. Мошин, ки намегиранд, сӯзишворӣ ҳам намехаранд, суғурта ҳам намекунанд, ҳатто, барои шустушӯ ва таваққуфгоҳи нақлиёт ҳам як пули пучак намедиҳанд. Ин ҳам гӯр-ба, бадани солим, ки доранд, ақаллан, дору намехаранд, ки буҷет чор танга фоида бинад.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ЁДИ МОДАР 
Писарак 3-сола буд, ки модараш вафот кард. Ӯ аз куҷо медонист, ки мурдан чист? Ҳар рӯз аз бибияш мепурсид:
– Бибӣ, модари ман дар куҷост?
Барои бибии бечора посух гуфтан хеле мушкил буд. Охир ӯ чӣ тавр метавонад фаҳмонад, ки модарат мурдааст, дигар барнамегардад?
Аммо писарак ҳар рӯз мепурсид. Ноилоҷ рӯзе бибӣ гуфт:
– Писарам, модарат ҳамроҳи турнаҳо ба мамлакати гарм парида рафт. Баҳор, ки шуд, бармегардад…
Ин ҷавоб ба дили писарак умед бахшид. Аз қазо як рӯзи баҳорӣ писарак ҳамроҳи ҷӯраҳояш бозӣ дошт, ки ногоҳ як кӯдаке фарёд зад. 
– Бачаҳо!!! Турнаҳо, турнаҳо!!!
Писарак давон-давон ба сари баландие баромаду фарёд кард:
– Модарҷон!!! Модарҷон, ман инҷоям!!!
Аммо турнаҳо гузашта рафтанду аз модарҷони ӯ нишоне набуд. Оташи дили писарак якумра хомӯш шуд…
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ЗИНДОН Ё ЗАН?!
 
Марде ҳамсари серғавғо ва ҷанҷолӣ дошту дар илоҷи воқеа оҷиз буд. Табиатан хислати ранҷондан надошт, ба хотири кӯдакон ҷудо шудан ҳам наметавонист. Аз қазо чун миёни аъроф монд, ба дуздӣ даст зад. Шаб чун «шикор»-аш омад кард, дар хона дастархони пур аз нуқлу навои нодир орост ва дили шаб рафта, худро ба полис таслим кард. Охирин ҳарфи марди хона ин буд: «Девори хомӯши зиндон аз зани пурғавғо беҳтар аст».
Шайх Саъдӣ ба ин хотир фармуда:
 
Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ,
Ки дар хона дидан бар абру гиреҳ!
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ҲАЙВОНОТИ  СЕРШУМОРИ ОЛАМ
 
Гов – 1,5 млрд
Гӯсфанди хонагӣ – 
1 млрд
Хуки хонагӣ – 1 млрд
Саг – 0,9 млрд
Бузи хонагӣ – 0,9 млрд
Харгӯш – 0,7 млрд
Гурба – 0,6 млрд
Говмеш – 0,2 млрд.
 
Таҳияи  У. АЛӢ
 
 
 
ДУ ПАНД       
Ҳаёт ба монанди мағозаи бузург аст: ҳар чӣ мехоҳӣ, бигир, вале фаромӯш макун, ки дар пеш ҳисобу китобе аст, ки мебояд пардохт кард.
 
* * * 
Ба ҳама ишқ биварз, ба теъдоди каме эътимод кун, ба ҳеҷ кас бадӣ макун.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ЗӮРИ МУШТ ДАР ВАҲДАТИ АНГУШТОН АСТ! 
Вақте ҳаво то 40 дараҷа сард мешаваду шамол бо суръати 40 метр/сония мевазад, пингвинҳо гирди ҳам ҷамъ омада, пушт ҷониби шамол оҳиста - оҳиста ҳаракат мекунанд. Ҳангоми роҳгардӣ пингвинҳое, ки дар байнанд, ҷояшонро бо канорбудаҳо иваз менамоянд, то хунук назанад. Бо ин роҳ ҳамдигарро ҳифз кардаву ба ҷои амн мерасонанд.  
Бо ин амал пингвинҳо бори дигар собит месозанд, ки зӯри мушт дар ваҳдати ангуштон аст. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ЯК БАЙТ
 
Даҳр чун дар душманӣ суст омад, афкандаи сипар,
Душмани номардро ман марди майдон нестам.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ҲИКМАТИ ХАНДА ВА ГИРЯ 
 
Донишманде дар назди гурӯҳе аз одамон латифаеро нақл кард. Ҳозирон аз ханда рӯдакан шуданд. Баъд аз чанд дақиқа донишманд ҳамон латифаро такрор кард. Танҳо чанд нафар табассум карданд. Вақте донишманд маротибаи сеюм ин латифаро нақл кард, касе нахандид. 
Донишманди пиру доно гуфт: “Бо шунидани пайдарҳамии як ҳазл намешавад, ки батакрор хандид, аммо чаро шумо баробари ба ёд овардани як бадбахтӣ борҳо гиря мекунед?”.
 
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
НАТИҶАИ ЭЪЛОН
– Дӯстам, агар дар ягон рӯзнома эълон чоп кунем, ба зудӣ натиҷа медиҳад?
– Албатта.
– Чӣ хел?
– Масалан, мо рӯзи душанбе эълон додем, ки дарбон надорем. Аллакай, бегоҳи сешанбе молҳои калонтарин мағозаи ширкатро ба яғмо бурданд.  
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
16. МАХЗАНИ НИГОҲДОРИИ УСУЛИ ОМОДАСОЗИИ СОСА- СОLA, ИЁЛАТИ ҶОРҶИЯ, ИМА
Формулаи махфии нӯшокии машҳури ҷаҳон Соса-Соla – ин яке аз бузургтарин сирри тиҷоратӣ дар сайёра аст. Тарзи омодасозии нӯшокӣ дар сандуқи оҳанин дар Атланта дар ҳудуди осорхонаи World of Coca-Cola (Ҷаҳони Coca-Cola) маҳфуз аст. 
Объект ҷиддан ҳифз мешавад ва танҳо роҳбарияти олии корпоратсия ба он дастрасӣ дорад. Формулаи нӯшокӣ – ин натиҷаи таърихи 125-солаи Coca-Cola буда, он на танҳо бо мазаи барҷастаи нӯшокии дар тамоми ҷаҳон дӯстдошта, балки бо хотироти махсус низ ба таври ногусастанӣ пайваст аст.  
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
 
ҶОИЗАИ “ОСКАР”
МАЪРУФТАРИН ҶОИЗАИ СИНАМОИ ҶАҲОН
Ҷоизаи «Оскар» мукофоти ҳарсолаи Академияи санъат ва илми кинематографияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, маъруфтарин ва муътабартарин ҷоизаи синамои ҷаҳон ба шумор меравад. Ҷоиза ҳайкалчаи зарҳалиест, ки 34 сантиметр баландӣ ва 3 килограмму 850 грамм вазн дорад.
Маросими аввалини супурдани Ҷоизаи «Оскар» соли 1929 баргузор гардида, ҳамагӣ 15 дақиқа давом кардааст.
Уолт Дисней то ба ҳол 59 бор ба Ҷоиза пешниҳод гардида, 26 бор онро соҳиб шудааст.
Дар таърихи Ҷоиза танҳо се филм: «Бен Гур» (1959), «Титаник» (1997), «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» (2003) 11 маротиба соҳиби «Оскар» шудааст. Вале филми «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» нисбат ба филмҳои «Бен Гур» ва «Титаник» барҷастатар мебошад. Филми мазкур ба 11 номгӯи Ҷоиза пешниҳод гашта, 11 маротиба онро гирифтааст.
Дар номгӯи «Беҳтарин нақши мардона» Том Ҳэнкс ва Спенсер Трейси ду сол пайи ҳам соҳиби ин мукофот гардидаанд. Дар номгӯи «Беҳтарин нақши занона» бошад, Кэтрин Ҳёпберн чор бор сазовори ин мукофот гардидааст.
Филме, ки бо ин мукофот қадр мегардад, аз ҷиҳати тиҷоратӣ муваффақ хоҳад шуд. Масалан, пас аз он ки филми «Шекспири ошиқ» соҳиби «Оскар» гашт, хазинаашро боз ба миқдори 100 миллион доллар бештар кард.
Бонуе, ки беш аз ҳама соҳиби «Оскар» гаштааст, тарроҳи либосҳо Эдит Ҳэд мебошад. Ӯ солҳои 1950-1974 сазовори 8 «Оскар» гаштааст.
 
Таҳияи З. РАҶАБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2022    №: 192    Мутолиа карданд: 1341
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед