logo

сиёсат

РАМЗИ БАХТИ МИЛЛАТ

Ҳанӯз тантанаи истиқлол дар кишвар танинандоз асту дар дили ҳар соҳибватан шавқи дидани майдони “Истиқлол” дар ҷӯш. Мо низ роҳ гирифтем ҷониби рамзи бахти миллат, ки фарози он сари баланди тоҷик аст. 
 
ОИНАИ ТАЪРИХ
Аз дарвозаи пурҳашамати майдон, ки санъати волои тоҷикро ифода мекунад, ворид мешавему кабӯтарони сафед ҳамчун рамзи истиқлолу озодии кишвар ба пешвозамон меоянд. Дидани селаи парандагон рӯи майдон басо хушу гуворост ва бо тамошои гулҳои сурху сафеду гулобиву нилобӣ мерасем то Маҷмааи меъмории «Рамзи Истиқлол». Лавҳаи сафеде пеши рӯямон намудор мешавад бо навиштаҷоти: «Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» 8 сентябри соли 2022 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид». Ба чашм бинои бошукӯҳи рамзи Истиқлол бармехӯрад, ки дару девори он қисса аз дирӯзу имрӯзу таърихи миллат дорад. 14 деворнигора, ки намунаи ҳунари волои халқи тоҷик аст, таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷикро инъикос намуда. Нахуст, шоҳони аввалини ориёӣ – Каюмарсу Ҷамшедро рӯй ҷониби рафи китоб, аз ҷумла “Авесто” мебинем, ки нишон аз соҳибкитобу соҳибдафтар будани аҷдодони мост. Пасон, Куруши Кабир ба майдони давлатдорӣ меояд, ки бо ба сари қудрат омаданаш сарзамини ориёиро муттаҳид намуда. Лавҳаи дигар аз корнамоиҳои Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ, муҳорибаи суғдиён ҳикоят мекунад. Баъд аз ин, се давлати абарқудрати тоҷикон - Ашкониёну Кӯшониён ва Сосониён бо шоҳони давр – Меҳрдоди II, Канишкаи Кабир ва Ардашери Бобакон дар саҳнаи таъриханд. Деворнигораи дигар фарогири қаҳрамониҳои Деваштич аст, ки барои ҳимояи Ватан бар зидди арабҳо бархоста. Ҳамчунин, давраи ҳукмронии Тоҳириёну Саффориён пеши назар меояд.   
 
АЗ СОМОНИЁН ТО ТОҶИКИСТОНИ НАВИН
Бо дидани ин манзараҳо, ба сайри таърих меравему ба замони пурифтихори  давлатдории тоҷикон – Сомониён мерасем. Исмоили Сомонӣ бо фарру шукӯҳ аз пешамон мебарояд. Ӯ ҳамчун шоҳи бофазлу хирад миёни вазирону аҳли илму адаби дарбор аст.  
Лавҳаи тоҷикон дар асрҳои XI – XVI, Ғиёсиддини Ғӯрӣ, Куртҳои Ҳирот, давлати тоҷикии Ғӯриён дар Хуросони бузург ва Ҳиндустон низ таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад. Маҳмуди Торобӣ бо аспи бодпояш чун шери жаён дар майдони набард Ватанро аз душман ҳифз менамояд. Темурмалики қаҳрамон бошад, чун сангаре дар роҳи Қалъаи Хуҷанд истода. Бо ҳамин лавҳаи дигаре ба чашм бармехӯрад, ки дар он аҳли илму фарҳанг ба ҳам омадаанд. Шоирону адибон сар карда аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш яке дар андешаву дигаре машғули кор ва як гурӯҳ миёни ҳам дар баҳс. Ғайр аз ин, деворнигора шаҳрҳои бузурги таърихиро, мисоли Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти Қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот ва Ғазна, дар худ ғунҷонда. Давраи шуравӣ бо аввалин биноҳои тарҳи замонавӣ, бунёди НБО “Норак” мадди назар меояд. 
Ниҳоят, мерасем ба Тоҷикистони навин, Қасри Арбобу раванди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки ба бахти тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Сохтмони неругоҳи "Роғун" ҳамчун бузургтарин иншооти замони истиқлол нишон аз фардои рӯшани миллат аст. Дар лавҳаи дигар Пешвои миллат савганди садоқат ёд мекунанду бо мардум мулоқот меороянд. Ҳамчунон, дастовардҳои замони истиқлолият - Нишон ва Парчами давлатӣ, Қасри миллат, бинои Парлумон ва Театри миллӣ дар он мунъакис шуда. 
 
ТАҶАЛЛИГОҲИ ҲУНАР
Бо таассуроти рангине вориди бино мешавем. Аз дари пурнақшунигори чӯбин медароему пеши назар намунаи ҳунари воло бо ҳазору як ранг ҷилва менамояд. Дар мисоли либосҳои миллӣ ваҳдати минтақаҳоро дармеёбем. Дар гӯшаи дигари толор асбобҳои мусиқии аз чӯбӣ сохташуда, шаҳодати яке аз марказҳои асосии ҳунарварӣ будани мамлакати мост. Онсӯтар сангҳои Ватан бо рангу ҷилои хос назаррабоӣ доранд, ки баёнгари сарзамини пурганҷ будани Тоҷикистони азиз аст. 
Аз зинаҳо боло мешавему мерасем ба Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе. Бо нигаристан ба нигораҳо, таърихи куҳан бо имрӯзи гулафшони Душанбешаҳр дар оинаи назар падидор мегардад. Нахуст диққати маро тасвирҳо ба худ мекашанд, ки дар онҳо ҳам зебоиҳои табиати Тоҷикистон ва ҳам таърихи бостонии он ҷой дода шудаанд. Ташаббусҳои Сарвари давлат низ бо сохтмонҳои азими кишвар аз диди борикбини рассомон дур намонда. 
Яке аз объектҳои ҷолиби диққати Осорхона тахти рамзӣ – “Тахти тоҷикон” аст. Он бо усули ороиши миллӣ кандакорӣ шуда, миёни чортоқи пурнақшунигоре ҷой гирифта, ки тоҷаш бо алмосу ёқут, тиллои сафеду лаъли Бадахшон зинат ёфтааст. Деворнигораи паси тахтро тасвирҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат зеб медиҳанд. 
 
ДУШАНБЕ АЗ БАЛАНДИҲО
Бо ҳамин ба ошёнаи 14-ум мебароему аз фарози бино паҳнои Душанбешаҳрро наззора мекунем. Ҳамроҳи мо як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ низ сайру гашт намудаву миёни ҳам бо ишора ба биноҳо гуфтугузор доштанд. Ман низ бо онҳо пайвастам. Генрих Ремпел ва ду хоҳару се бародараш пас аз 43 сол аз Олмон ба Душанбе омадаанд, аз дигаргуниҳои шаҳр мегуфтанд. Бо ишора ба биноҳои якошёна, меафзуданд, ки 43 сол қабл инҳо зеботарин иншооти шаҳр ба шумор мерафтанд. Ҳоло бошад, ҷои онҳоро биноҳои осмонбӯс гирифтаанд. 
“Ман тоҷиконро бисёр дӯст медорам. Самимияти мардуми шумо беқиёс аст. Тарзи зисту зиндагиатон низ ба ман хеле писанд. Чун замони кӯдакиамон ин ҷо гузашта, ман худро дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бегона ҳис намекунам”, – гуфт яке аз хоҳарони Генрих. 
Дар умум, Маҷмааи меъмории “Рамзи Истиқлол” 121 метр баландӣ дошта, қисми поёниаш 30 метр аст – ифодакунандаи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар. Қисми болоӣ бошад, ба 91 метр тул кашидааст, ки пайванд бо соли баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олист. Дар болои Маҷмаа тоҷи қутраш 8-метра ҷилванамоӣ дорад, ки рамзи давлатдориву соҳибистиқлолӣ ва соҳибтамаддунии миллати бостонист. Пояи бино пирамидаи ҳаштрӯяест, ки аз ҳафт даромадгоҳ иборат мебошад. Ҳафт гунбази он рамзи ҳафт қабати замину осмон, ҳафт иқлим, ҳафт ранги асосии табиат, ҳафт зинаи ташаккули илму маърифат. 
Маҷмаа рамзи дарахти ҳаёт низ ҳаст, ки зиндагии ҷовидонаву сарсабзию устувориро дар худ таҷассум менамояд. Бигзор ин сарсабзӣ ҷовидонӣ бошаду ин устуворӣ поянда ва Тоҷикистони азиз боз ҳам шукуфону пешрафта. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2022    №: 193    Мутолиа карданд: 648
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед