logo

Хабарҳо

«ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОНАМ». ОЗМУНИ МДМ "БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН" ҶАМЪБАСТ ШУД

Маросими ҷамъбасти озмуни Муассисаи давлатии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Иттифоқи журналистон бо тантана доир шуд.  
 
Зикр гашт, ки озмун ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи  тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида як сол идома ёфт. Шоҳона Одиназода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ҳадафи баргузории озмунро дар васеъ инъикос намудани нақши Иҷлосияи мазкур дар давлатдории навини тоҷикон, хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар ва дастовардҳои дигари замони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуд. 
- Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба майдони сиёсат нафареро ворид намуд, ки Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги таҳмилӣ берун кашида, соҳибистиқлолии диёрро таъмин намуд.  
Дар замони истиқлол Ҳукумати мамлакат ба дастовардҳои беназир ноил шуд. Аз ҷумла, дар ин давра барои дастгирии ҳамаҷонибаи занон, чораҳои зиёд андешидаву роҳандозӣ гардиданд, ки дар натиҷа мақоми занон дар ҷомеа боло рафт. Ин муддат, ҳамчунин, аз сиёсати дурусти пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маориф, фарҳанг, тиб низ бамаротиб рушд намуданд. 150 матлабе, ки давоми сол ба озмуни «Фарзанди Тоҷикистонам» ворид  гардид,  далели  ҳамин  гуфтаҳо мебошанд, – иброз дошт Ш. Одиназода.
Абдухалил  Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми маҷалларо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки «Бонувони Тоҷикистон» ба қаламкашони ҷумҳурӣ  бори дигар имкон фароҳам овард, то нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъсиси давлатдории навин баррасӣ намоянд. 
Аз 150 матлабе, ки давоми сол ба озмуни мазкур ворид гардид, 33 матлаби беҳтарин рӯйи чоп омад. Ҳайати ҳакамони озмун баъди омӯзиши матолиби 33 муаллиф – иштирокчиёни озмунро бо диплом ва туҳфаҳои хотирмон қадр карданд. 
«Бонувони Тоҷикистон» дар маросими ҷамъбаст, ҳамчунин, як қатор шабакаҳои телевизионӣ, радио ва рӯзномаву маҷаллаҳоро бо сипоснома сарфароз кард. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4234
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед