logo

Хабарҳо

АКСЕЛ ВАН ТРОТСЕНБУРГ: «БОНКИ ҶАҲОНӢ ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

Ҳамкориҳои Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи ду соли охир ба сатҳи сифатан нав баромад ва дурнамои боз ҳам хубтаре касб хоҳад кард. Ин муассиса ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳоеро рӯи даст дорад, ки дар иҷрои нақшаҳо ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодии кишвар мусоидат хоҳанд кард.
- Ин нуктаро Аксел ван Тротсенбург, директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ, баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён намуд. Ӯ бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ чунин изҳор дошт: «Суҳбати мо бо Ҷаноби Президент бисёр фарогиру судбахш буд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо таъсири  амиқ  хоҳад  гузошт.  Аз ҷумла, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, рушди истеҳсолу содироти энергияи тоза гуфтугӯҳои судманд анҷом додем. Ҳамчунин, баррасии таҳдиду хатарҳо, афзоиши таваррум ва пайомади дигар буҳронҳои ҷаҳони имрӯза, ки ба тамоми кишварҳои олам таъсир доранд, дар меҳвари мулоқоти мо қарор дошт».
Ба гуфтаи директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ, ӯ дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон додааст, ки барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ин муассисаи бонуфузи молиявӣ бо кишвари мо иқдомҳои нав меандешанд, то соли оянда 30-солагии муносибатҳои шарикӣ бо дастовардҳои тоза ҷашн гирифта шавад.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4121
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед