logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА БЕЛАРУС. ДУ КИШВАРИ ДӮСТЕ, КИ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД САҲИФАҲОИ НАВ МЕКУШОЯНД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати хориҷии мутавозин, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, бо соири кишварҳои ҷаҳон равобити неку ҳасанаро ба роҳ монда, мавқеъ ва ҷойгоҳи худро дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ сол ба сол таҳким мебахшад. Зимнан, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рушди пайвастаи муносибот бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Беларус, афзалияти хос дода мешавад, ки ин амр ба густариши ҳамкориҳо байни ду давлат мусоидат намудааст.
Аз оғози муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки моҳи сентябри соли 1996 барқарор гардид, зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидаанд, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд. Ин дар ҳолест, ки пас аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни ду давлат муайян менамоянд, ин Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи манбаъ, муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир хислати рушди бомаромро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад. Ин нукта ҳам таъкид мешавад, ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарварони ду давлат нақши хосса доранд. Чунончи, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 – 16 майи соли 2018 ва сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 27 – 30 июни соли 2019 дар таърихи муносибатҳои ду кишвар саҳифаи навро боз намуданд.
Мавқеъҳои ҳар ду кишвар нисбат ба аксар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсон ё наздик буда, Тоҷикистону Беларус дар доираи созмонҳои бонуфуз, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд.
Маҷмуи муносибатҳои дуҷониба ба ояндаи дарозмуҳлат равона гардидаанд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар самти муайян намудани дурнамо ва рушди минбаъдаи он таконбахш аст. Қобили зикр аст, ки илова ба фаъолияти ин Комиссия соли 2011 аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларус таъсис ёфт.
Айни замон, баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус муҳим арзёбӣ мешаванд.
Ҳоло интизор меравад, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (11 – 12 октябр) санадҳои нави ҳамкорӣ ба тасвиб расида, ин сафар дар рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвари бо ҳам дӯст саҳифаи наверо рақам хоҳад зад.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2022    №: 194    Мутолиа карданд: 601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед