logo

иҷтимоиёт

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ ДОРУСОЗӢ

Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурустии кишварамон низ, бозсозии амиқ оғоз гардида, ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ мегардад. Дар натиҷа, имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, рушду таҳкими кумаки аввалияи тиббиву санитарии ба тибби оилавӣ асосёфта ва таҷдиди муассисаҳои тиббиву фарматсевтӣ муҳайё шудаанд.
 
Муносибати мазкур ҳанӯз дар охири солҳои 90-и асри гузашта, замони соҳибистиқлолӣ оғоз шуд. Зарурати ба роҳ мондани танзими бозори фармасевтӣ, назорати давлатӣ, бақайдгирӣ ва муқаррар кардани сифату судмандии дору, молҳои тиббӣ, ороишию гигиенӣ, таъмини аҳолӣ бо маводҳои бехавф ва судманд ба миён омад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо дору ва молҳои тиббӣ дар солҳои истиқлолият низоми бақайдгирӣ, сертификаткунонӣ, стандартонӣ ва воридоти дору ва молҳои тиббӣ муқаррар карда шуд. 
Дар ин самти муҳими иҷтимоӣ, албатта, рушди истеҳсолоти ватанӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Ҳоло тақрибан 90 дарсади доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо назардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои табиии шифобахши мамлакатамон, ҳарчи зудтар доир ба рушди саноати дорусозии ватанӣ чораҷӯӣ намоянд. Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки сатҳу сифати фаъолияти худро баланд бардошта, саломатии аҳолии ҷумҳуриро кафолат диҳем, зеро назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Солҳои охир дар баробари ворид намудани дору ва молҳои тиббӣ самти дигари соҳаи фарматсевтӣ – истеҳсоли доруҳои ватанӣ низ рушд ёфт. Айни замон дар мамлакат беш аз 53 муассисаи фармасевтӣ амсоли Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши  «Помир»,  ҶДММ  «Тиб барои шумо»,   “Кӯҳҳои  Тоҷикистон”, “Сино – 2013”,“Мину фарм”,“Вежа фарм”, “Сафарфарма”,“Ясмина мед”,“Райҳон фарм”,“Амон Ш”,«Шабнам ШАР», «Ҳаким», «Сахо», «Авитсенна», “Суғд– фарм”, «Фармико», ҶДММ «Тоҷ фарма», ҶСП «Аввалин» бевосита, ба истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ пардохта, дар бозори фармасевтии мамлакат мавқеъ пайдо карда, то 308 номгӯй маҳсулот тавлид мекунанд. Баъзеи онҳо дар мисоли ҶДММ “Тиб барои шумо”,“Вежа фарм”,“Сино – 2013”,“Мину фарм” ва ҶСП “Аввалин” ба содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва нимтайёри фармасевтӣ машғуланд. Чунончи, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 76 143 887 сомонӣ доруи ватанӣ ба хориҷ аз кишвар содирот шуд.
Барои такон додани соҳаи дорусозии ватанӣ “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” таҳия шудааст, ки мувофиқи талаботи он то соли 2025 бояд 10 дарсади кунунии аз ҳисоби иқтидорҳои истеҳсолии ватанӣ таъминшаванда то ба 25 дарсад расонда шавад.
Итминони комил дорам, ки кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, уҳдадориҳои хизматӣ ва масъулиятҳои вазифавиашонро бо садоқату ифтихори баланд ҷомаи амал мепӯшонанд. Таҳкими фаъолият дар ин самтҳо вазифаи рӯзмарраи Хадамот ба шумор меравад. 
 
С. БЕКМУРОДЗОДА, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ 
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2022    №: 194    Мутолиа карданд: 721
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед