иҷтимоиёт
ВОРИСИ ТАСВИРҲОИ ГӮЁ
Адиб ва рӯзноманигори хушбаён Ворис Калонов сабки бисёр дилкашу хонданӣ дорад. Мавсуф солҳо дар идораи адабии Радиои «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳарриру сармуҳаррир, сипас дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият карда, аз вижагиҳои соҳа огоҳии амиқ дорад. Як мушаххасоте, ки устод Ворис нисбат ба рӯзноманигорони ватанӣ баён кардааст, бешак, ба худи ӯ мувофиқ меояд: «Рӯзноманигори тоҷик эҳсоси худшиносӣ, меҳанпарастӣ, миллатдӯстӣ, инсонпарварии хеле қавӣ дорад. Дар олами муқаддасот зиндагӣ мекунад ва ҳар нафасе, ки мекашад, аз он бӯи ишқ меояд».
Воқеан, устод Ворис намунаи эҷодкори ҳақиқист: тамкини хос, ҳилм, ҳамеша дар тафаккур ва вораста будан аз қайди машғалаҳои бекораи дунё аз хислатҳои эшон аст. Ҳамсуҳбатро бодиққат ва ором гӯш мекунад.
Албатта, эҷодкор ҳар гуна, ки ҳаст, ҳар хислату рафтореро, ки дорост, бешубҳа, он ба маҳсули эҷодаш низ таъсир мерасонад. Дуруст мегӯянд, эҷодкороне, ки ҳам дар насру ҳам дар назм қаламкашӣ мекунанд, баёни зебову сабки ширини шоирона дар матнҳои насриашон ҳувайдост. Ҳатто маҳорату лаёқати шоирӣ ва ифодаву баёни нозуки манзум насри онҳоро низ зебо мегардонад.
Нигоштаҳои матбуотии устод Ворис низ тобиши баланди бадеӣ доранд.
Аз миёни очеркҳои мавсуф очеркҳои сафарии ба бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бахшида («Роҳ ба сӯи кохи нур» ва «Муъҷизашаҳре дар домони кӯҳҳо») намунаи баланди публитсистика маҳсуб мешаванд. Пайдост, ки хусусияти публитсистии очеркро андешаи муаллиф ва арзёбии вай нисбат ба предмети инъикос, инчунин, тасвирҳои ҷолиб қувват мебахшанд. Вижагии очерки сафариро бошад, мақсаду мароми муаллиф муайян карда, дар он тасвири сафари ӯ аз як ҷой ба ҷойи дигар инъикос меёбад. Ҳамин ҷиҳат дар очерки «Роҳ ба сӯи кохи нур» возеҳ аст. Ӯ аз ибтидо бо тарзи баёнаш хонандаро ҳамсафари худ намуда, он чиро, ки дар ҷараёни сафар шоҳид мешавад, ба ӯ низ нақл мекунад.
Қаҳрамони лавҳаву мақолаҳои портретии муаллиф инсонҳои тасодуфӣ не, кормандони кордони соҳаҳои гуногун, ҳунарпешаҳои болаёқат, шоиру нависандагони мумтозанд, ки зиндагӣ ва кори некашон барои дигарон ибрат аст. Ӯ қаҳрамононашро нағз мешиносад, хулқу атворашонро ба таври кофӣ медонад, ҳамин аст, ки дар бораашон чизи боарзише гуфта метавонад. Ба ибораи дигар, лавҳаву нигоштаҳои портретии устод Ворис аз ёдоварии тарҷумаи ҳол, миқдори медалу ҷоизаҳои қаҳрамон ва нақли хушки саргузашти ӯ иборат нест, балки тасвир аст, баёни воқеият бо обуранги ҷаззоб аст.
Масалан, дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадоев басо дилпазир аст: «Вай ҳамчун Маҷнуни кӯчаҳои театр солҳо боз овора аст. Гумгаштаашро меҷӯяд, бехабар аз он ки худ низ кайҳо гум шудаву дар саҳнаи театр наметобад. Ва дар саҳнаи дигар, саҳнаи театри абадии зиндагӣ андешаманду пурэҳсос нақши мутафаккирро мебозад, ки бо анбони пур аз китоб ба раҳгузарон панд медиҳад. Вақте гап мезанад, ҳаяҷонашро пинҳон карда наметавонад, бо тири нигоҳаш ба дилҳо роҳ меҷӯяд, бо сеҳри забонаш мисли Эзоп сомеонашро шефтаву маҷзуб мегардонад».
Бахши дигари публитсистикаи устод Ворисро мақолаҳои иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи ӯ ташкил медиҳанд. Дарвоқеъ, ба ҳисси баланди ватандӯстӣ ва миллатдӯстии эшон ҳамеша бо ҳавас менигарам. Вақте аз суннатҳои аҷдодӣ нақл мекунад, чунон шефтаву шайдо мешавад, ки ногуфтанӣ. Ё ҳине ки ҳифзу риояи анъанаҳои деринаи халқро аз ҷониби пирамарде дар деҳаи дури кӯҳистон шоҳид мешавад, хеле мутаассир мегардад. Таассуроташро бо ҳамон ҳаяҷон ва меҳри беандоза ба ҳамсуҳбат нақл карда, дар дили ӯ низ муҳаббат ба Ватан, аҷдод, суннату ойини миллиро бедор мекунад.
Шеъру шоирӣ, ҷашну ойини миллӣ - Сада, Тиргон, Наврӯз, Меҳргон, масъалаҳои шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, айёми пуртаҳлукаи солҳои навадуми асри XX ва расидан ба сулҳу суботи кишвар, саҳми бениҳоят баланди Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба ваҳдату оромӣ дар мамлакат мавзуи нигоштаҳои иҷтимоиву ватандӯстонаи устод Ворисро ташкил медиҳанд.
Китобиёту тақриз ва нигоштаҳои ҳаҷвии устод Ворис низ хонданӣ ва таъсирбахшанд. Дар памфлетҳояш ӯ баъзе камбудиҳои ҷомеаро мазаммат карда, ба онҳо механдад. «Қиёмат», «Худкардаро даво нест», «Гули санҷид», «Дар ҷустуҷӯи мучал» аз ҳамин қабил навиштаҳои ҳаҷвии муаллифанд, ки бо танзу киноя норасоиҳои ахлоқиву маънавии мардумро нишон медиҳад.
Дар маҷмуъ, публитсистикаи устод Ворис рангин, доираи мавзуъҳояш фарох, мушоҳидаҳояш аҷибу таҳлилҳояш хеле дақиқу мӯшикофонаанд. Ӯ, бешак, вориси тасвирҳои гӯёву ақидаҳои бедор аст.
Маҳмудҷон УСМОНОВ,
муовини якуми сармуҳаррири
рӯзномаи «Садои мардум»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.10.2022 №: 194 Мутолиа карданд: 885