logo

Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР БМТ

 
Ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. 
Бо мақсади гиромидошти ин санаи муборак, дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми раиси Бонк Фирдавс Толибзода ва ҳайати кормандон иштирок намуданд.
Фирдавс Толибзода аҳли нишастро ба муносибати ин санаи пурифтихори таърихи навини давлатдории Тоҷикистон, ки самараи неки даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб меёбад, табрику шодбош гуфта, зикр кард, ки забони давлатӣ аз рукнҳои муҳим ва асосии давлатдории миллӣ буда, дар пойдорию таҳкими давлати миллӣ мақому нақши муассир дорад. 
Таъкид шуд, ки ба шарофати иқдому талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор гирифта, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суръати бештар гирифт. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар як суханронии худ масъалаи амалӣ намудани муқаррароти Қонуни забонро вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди диёр эълон намуда, таъкид доштанд: “Вазифаи ҷонии мову шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таълими ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем”.
Чунин муносибати самимонаи Пешвои муаззами миллат соҳибони забонро водор менамояд, ки барои рушду такмили забони давлатӣ бештар кӯшиш намоянд, то ки ин забон ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне забони ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил табдил ёбад. 
Бонки миллии Тоҷикистон дар амри пешрафти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолона саҳм гузошта, таҳияи дастурамалҳо, низомномаҳо, лавҳаву овезаҳо, резаахбор ва маҷаллаи "Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ", ҳамчунин, коргузорӣ ва санаднигорӣ дар тамоми идораву шуъбаҳо ва баргузории ҳамоишу машварату ҷаласаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд. 
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва Истиқлоли давлатӣ” сухан ронда, тазаккур дод, ки забони асили тоҷикӣ сарвати бебаҳо ва яке аз муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад ва мо, соҳибзабонон, дар ҳифзи покизагию асолат ва ширинию шевоии он дар назди насли имрӯзу фардо масъулияти бузург ба зимма дорем ва забонро бояд ҳамчун волотарин сарвати миллӣ посдорию нигаҳбонӣ кунем ва баҳри рушду таҳкими минбаъдааш аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода барем.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро муҳимтарин унсури ҳастию бақои умри миллат маънидод карда, дар суханрониашон аз 27 сентябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чунин таъкид намуданд: “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастию бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони Истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозию давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст”.
Раиси Шурои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромӯз иброз дошт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхатти олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тулонии инкишофро аз сар гузарондааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони тоҷикӣ муаррифӣ намудаанд ва таъкид бар он доштаанд, ки забони модарӣ дар омӯзиши дигар забонҳо нақши муҳим мебозад. 
Сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкӣ Кибриё Ӯроқова оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ, ҳифзу нигоҳ доштани асолату покизагии ин ганҷи бебаҳои миллат ва ба насли минбаъда мерос гузоштани забони шевою шоиронаамон ибрози андеша намуд. 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед