logo

Хабарҳо

ИН ЗАБОН ДАҲ ҚАРН НИЗ ДАВЛАТДОР БУД...

 
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ  маҳфили густарда баргузор гардид. Дар он олимон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳанг ва донишҷӯён иштирок карданд. 
 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода меҳмононро ба ин маҳфил хайрамақдам гуфт. Баъд, дар бораи таърихи арзи вуҷуд намудани Рӯзи забони давлатӣ ба иштирокчиёни маҳфил маълумоти мухтасар ироа намуд. 
 - Пеш аз ҳама, ин ҷо мехоҳам аз чунин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд оварам: “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад”. Оре, ин забон ҳоло забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ҳамин, эҳтиром ба забон ва арзишҳои миллӣ аз анъанаҳои хуби мардуми бофарҳанги мо унвон гирифтааст, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
 Вай афзуд, ки аз соли 2009 ба ин сӯ 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нақши забони тоҷикӣ ва таърихи бисёрасраи онро таъкид мекунанд, чунки забони расмии давлатӣ, ҳамзамон, забони муоширати миёни қавмҳои гуногуни Тоҷикистон низ, маҳсуб меёбад.
 - Дар замони истиқлол забони тоҷикӣ марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввули худро аз сар мегузаронад, ки барои ҳар як соҳибзабон боиси ғурур ва ифтихор мебошад, - исрор намуд ӯ.
 Ҳамчунин, ёдовар шуд, ки айни ҳол забон ба сифати як унсури муҳими миллатсоз дар ҳолати рушду такомул қарор дорад. Аммо тақозо мегардад, ки чи адибу олим, чи коргару муҳандис бояд ҳангоми гуфтугӯ ҳамеша забони адабиро қатъиян риоя кунанд. 
Баъд шоирон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Паймон ва Абдулло Субҳон баромад карда, дар бораи қудрату тавоноии забони ноби тоҷикӣ ҳарф заданд ва шукӯҳи онро тавассути ашъори зебои худ васф намуданд.
 
 
 
САФИР БА МАКТАБ КИТОБ ТУҲФА КАРД
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз Мактаби таҳсилоти умумии рақами 42-юм, воқеъ дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошкент, боздид намуд. Маъмурияти мактаб, омӯзгорон ва донишомӯзон якҷо бо сокинони меҳмоннавози ин деҳ меҳмонро хеле хуш истиқбол намуданд.
Дар ҷараёни дидору мулоқот сафири тоҷик аввал аз дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон ёдовар шуд. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Раҳмонзода ба шарофати иродаи сиёсии ду сарвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев  риштаҳои ин дӯстиву рафоқат боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд. Гузашта аз ин, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳифз ва рушду такомули забон ва суннатҳои миллӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварда мешаванд. Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки вай боздид намуд, намунаи дурахшони онро дидан мумкин аст.
- Маҳз шумо аз зумраи ҳамон меросбарони ниёконамон мебошед, ки дар як гӯшаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳифзу такомули забони модариамон ва суннатҳои миллӣ саҳми калон мегузоред. Дар ин мактаб фарзандони мардум забони ноби тоҷикиро амиқтар меомӯзанд, ки боиси ифтихор мебошад, - гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода. 
- Аз ташрифи шумо маъмурият ва ҷамъи омӯзгорону шогирдон, инчунин, бошандагони Боғистон хеле хушҳол шуданд. Чунин дидору мулоқот дар қалби шогирдони мо меҳру муҳаббат нисбати забони модарӣ ва адабу фарҳанги миллиро беш аз пеш меафзояд, - гуфт мудири мактаб Ҷасур Шерматов.
 Баъд Абдуҷаббор Раҳмонзода ба китобхонаи мактаби мазкур зиёда аз 100 нусха китоб туҳфа намуд. Маъмурият ва хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба ифтихори ташрифи сафири тоҷик як барномаи рангини фарҳангӣ тақдим намуданд, ки  аз шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб иборат буд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият», шаҳри Тошкент

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3202
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед