logo

Хабарҳо

Таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби аср

 
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Катриина Ҳакала вохӯрд. Дар ин дидор, ҳамчунин, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Вазорат, дар мулоқот ҷонибҳо таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
Бунёди сарбанди НБО “Себзор”
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъазода дар мавзеи Барҷангал аз рафти бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Себзор” дидан намуданд, – хабар дод шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси ВМКБ. 
Нахуст, гурӯҳи корӣ бо тарҳи сохтмони обанбори неругоҳ ошно шуданд. Маълум гардид, ки сохтмони иншоот бо суръати баланд ҷараён дошта, масъулон кӯшиш доранд, ки ҳар чи зудтар ба банд кардани маҷрои дарё шуруъ намоянд. Дар баробари бунёди неругоҳ, ин ҷо чор километр роҳ асфалтпӯш ва чароғон шуда, пули мошингузари деҳаи Даштак низ навсозӣ мешавад. 
Тибқи лоиҳаи бунёди неругоҳ, 17 хоҷагиро, ки заминҳояш зери сохтмон қарор гирифта буд, ба ҷойҳои нав кӯчонда, бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин карданд.
 
 
Даъвати сармоягузорон ва  ширкатҳои олмонӣ барои ҳамкорӣ
Бо мақсади тақвияти бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, бо ибтикори муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Иттиҳодияи федералии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) чорабинии муаррифӣ барои доираи сармоягузорони эҳтимолӣ, ширкатҳои мухталифи олмонӣ ва коршиносони минтақа баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, иштирокдорон бо иқтидору имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, логистикӣ ва дигар самтҳо ошно шуда, онҳо ба лоиҳаҳои дар бахшҳои мухталиф татбиқшаванда ва низоми кафолати сармоягузорӣ дар кишвари мо таваҷҷуҳ намуданд. 
Сафири фавқулода ва мухтори  Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки иқтидори иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ҳанӯз пурра истифода нашуда, имконоти фароху  фаровони  вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад.
 
 
Бунёди боғи фарҳангӣ дар назди Қасри Арбоб 
Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди Қасри Арбоб бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки то рӯзи ҷашн ба истифода дода шавад. 
Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар боғи бунёдшаванда ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил шуд, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. 400 нафар корманди ташкилоту идораҳо барои хуррамгардонии боғи фароғатӣ саҳм гузошта, ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонданд. Дар ҳудуди боғ, ҳамзамон, мумфаршкуниву омодасозии роҳравҳо, нишастгоҳҳо, фаввораҳо ҷараён доранд.
 
 
 
Конфронси байналмилалӣ доир мешавад
Бо ташаббуси Вазорати нақлиёт 18 – 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Вазорат, дар Конфронс оид ба масоили матраҳшаванда намояндагони соҳа маъруза ва мақолаҳои илмӣ пешкаш менамоянд. Иштирокдорон, ҳамчунин, дар бахшҳои танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика – дастовардҳои  илмӣ ва амалии фаъолияти логистика, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти  ташкил ва инкишофи техникаи логистика, таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои  нақлиётию логистикӣ, «Бонувон дар логистика: воқеият ва назар ба оянда – имкониятҳои захираи кадрии соҳа»-ро баррасӣ мекунанд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3293
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед