logo

сиёсат

МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ

Пас аз анҷоми маросими истиқбол, дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенкоро барои ташрифашон ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҷараёни музокироти хосаи сарварони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ва масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ амиқан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо, ки дар асоси бовари баланд ва дастгирии ҳамдигар сурат мегиранд, омили муҳим ва мусбат дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.
Дар мулоқоти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар аз инкишофи босуръати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра изҳори қаноатмандӣ шуд.
Барои тақвияти минбаъдаи равобити дуҷониба сарварони давлатҳо пешниҳод намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок гардида, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намояд.
Тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гашт.
Мусоҳибон барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои маъдани кӯҳӣ, металлургия, сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва таъминоти логистикаро, ки дорои захираҳои калон мебошанд, зарур шумурданд.
Ҷонибҳо барои зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавот ба бозори Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини бозори Беларус бо нахи пахта ва дигар маҳсулоти коркарди саноатии пахта ва таъсиси корхонаи истеҳсоли қолинҳои Тоҷикистону Беларус аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Зимни музокироти сатҳи олӣ, ҳамчунин, оид ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, инчунин, ҷонибҳо муносибатҳои кишварҳоро дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, баррасӣ карданд.
Таъкид шуд, ки бо дарназардошти тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Беларус ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай, робитаҳои кишварҳо дар чаҳорчӯби ин Созмон мазмуни нав пайдо мекунад.
Вобаста ба таъмини амну субот дар кишварҳои якдигар ва минтақа, якбора афзудани таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва авзои сиёсии Афғонистон ҳамкории самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба байни кишварҳо тақозои замон арзёбӣ гардид.
Дар рафти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор анҷом доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2022    №: 195    Мутолиа карданд: 459
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед