logo

сиёсат

МАҲФИЛИ «ШОМИ ДӮСТӢ» БА ИФТИХОРИ МЕҲМОНИ ОЛИМАҚОМ

Шоми 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба маҳфили «Шоми дӯстӣ» табдил ёфт.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Бӯстонсарой ба сайругашт баромаданд.
Сайругашт дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид карданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил гардида, дар роҳравҳои он ҳар як намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор ва ситрусӣ, инчунин, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ба маъраз гузошта шуда буданд ва меҳмони олиқадр ба онҳо ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ба сифаташон баҳои баланд доданд.
Воқеан, Тоҷикистони офтобрӯя маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.
Дар Бӯстонсарой Сарвари кишвари дӯсти Беларус, ҳамчунин, ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2022    №: 195    Мутолиа карданд: 488
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед