logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО

 
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Григорйевич Лукашенко ва ҳамаи меҳмонони беларусиро дар Тоҷикистон хайрамақдам гӯям. Хуш омадед!
Рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Музокироти имрӯза аз рӯи анъана дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод гузаштанд. Онҳо давоми мантиқии кӯшишҳои якҷояи мо доир ба рушди минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ дар тамоми самтҳо гардиданд. Бовар дорам, ки натиҷаҳои онҳо ба густариши ҳамкории ду кишвари дӯст такони иловагӣ мебахшанд.
Зимни музокирот ман ва Александр Григорйевич рушди босуръати ҳамкории дуҷонибаро дар сатҳи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо зикр намудем. Мо аҳд кардем, ки барои бо мазмуни нави амалӣ пурра намудани муносибатҳоямон тадбирҳои иловагӣ андешем. 
Дар ин замина, бастаи боэътибори ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки имрӯз қабул гардид, асоси ҳуқуқии муносибатҳои моро ба таври назаррас таҳким мебахшад. Миёни онҳо мехоҳам «Харитаи роҳ»-и ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2022 – 2026-ро бавижа таъкид намоям.
Мо натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр намудем.
Мо дар чаҳорчӯби сафари имрӯза аз баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус ва намоишгоҳи маҳсулоти Беларус истиқбол намудем.
Мо тамоюли афзоиши гардиши молро, ки ҳаҷми он дар ҳашт моҳи соли равон нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта беш аз яку ним баробар афзунтар аст, таъкид кардем.
Бахши кишоварзӣ, соҳаҳои ҳамкории истеҳсолии саноатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии дуҷониба муайян карда шуданд.
Дар заминаи татбиқи Барномаи рушди босуръати саноати Тоҷикистон, мо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкорӣ бо ҷониби Беларус дар бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё ва истихроҷи маъдан зикр намудем.
Мо ҳамкории худро дар соҳаи гуманитарӣ, бавижа дар соҳаи маориф, илм ва технологияҳои нав, баррасӣ кардем. Барои идомаи анъанаи неки тақсими квотаҳои таълимӣ дар асоси мутақобила дастурҳои зарурӣ додем. Дар маркази диққат масоили густариши робитаҳои мустақим миёни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҳар ду давлат қарор гирифтанд.
Доир ба идомаи амали мунтазами баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дигар барномаҳои муштараки дорои хусусияти фарҳангию башардӯстона тавофуқ ҳосил шуд. Таъкид менамоям, ки рушди муколама миёни фарҳангҳо шарти муҳими ҳифз ва афзун гардондани анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони тоҷику беларус мебошад.
Зимни музокирот мо ба мушкилоти амнияти минтақавӣ диққати махсус додем. Афзоиши якбораи таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро зикр кардем. Дар ин замина, мо дар бораи вазъияте, ки дар Афғонистон, дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ ва СААД, ба вуҷуд омадааст, табодули афкор намудем. Барои идомаи ҳамоҳангии зич миёни идораҳои соҳавӣ ва хадамоти махсуси ду кишвар дар шаклҳои гуногун изҳори назар кардем. Зимни баррасии масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибдории худро барои ҳамкории минбаъдаи фаъол дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои байналмилалӣ баён намудем.
Тоҷикистон имсол ба қабули қарори Шурои сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи оғози расмиёти пазируфтани Беларус ба узвияти СҲШ мусоидат намуд.
Ҷониби Тоҷикистон ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус, ки дар шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус саҳифаи нав боз карданд, баҳои баланд медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2022    №: 195    Мутолиа карданд: 589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед