logo

иҷтимоиёт

ИЗҲОРИ СИПОС

 
Дард шабона шиддат мегирифт ва ҳолам батадриҷ бад мешуд. Зарурати даъвати мошини ёрии таъҷилӣ ба миён омад. Маро ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» оварданд. Зуд ташхис карданд. Дар вақти ҷарроҳӣ маълум намуданд, ки апендитсит кафида, таъсири бадаш ба дигар узвҳои дарунии атроф расида будааст. Аслан, айб аз худи мо – беморон мебошад, ки дар вақташ ба табибон муроҷиат наменамоем ва барои ҳифзи саломатиамон чораҳои заруриро намеандешем. Ба ман, чун ба худ омадаму ҳолам андак беҳтар шуд, табибон изҳор доштанд, ки агар ин ҳолат рух намедод, барои ҷарроҳӣ табобати пурраи он вақти зиёд сарф намешуд, се рӯз кофӣ буд. Аммо ман ба худ гуфтам, ки, воқеан, аз як беаҳамиятӣ кори табибонро душвор намудаам.
Аз 1-ум то 20-уми сентябр табобат гирифтаму аз он дарди ҷонкоҳ раҳо ёфтам. Бо вуҷуди ин дарк кардам, ки мо на танҳо табибони ҳозиқу меҳрубон дорем, балки инсонҳои соҳиби дили бузург, дилдодагони касбро низ соҳибем. Сарвари маҷмаа Хуршед Рустамзода ҳар саҳар, ҳатто пештар аз табибон, вориди ҳуҷраи эҳёгарӣ мешуд, аз ҳоламон воқиф мегардид, бо пурсишҳои худу посухҳои мо ҳолатамонро дармеёфту тадбир меандешид, ба муолиҷагарон дастурҳои зарурӣ медод. Наметавонам фаромӯш бикунам, ки як саҳар дид, ки пойҳоям варам кардаанд. Чизе нагуфта рафт ва пас аз чанд дақиқа духтури дил, сардори шуъбаи кардиология Парвиз Одинаев омаду доруам дод. Бо як дору варамҳо зуд баргаштанд. Сарвари маҷмаа ба ҳар як бемор суҳбати кӯтоҳ менамуду ба табибон боз роҳҳои беҳтару зудтари муолиҷаро маслиҳат медод. Аз муносибат, кирдораш мушкил набуд, муайян бикунам, ки ӯ дар асл як инсони меҳрубон, табиби ҳозиқ ва ғамхори ҳамаи беморон аст.
Дар ин муддат сардори раёсати тандурустии шаҳр Шарифзода Хушвақт Салим ба беморхона ташриф оварданд ва аз ҳоли мо огоҳ шуданд. Чун ба пурсишҳояш аз мо – беморон посухҳои мусбат гирифтанд, шод гардиданд.
Мехоҳам арзи сипосамро ба мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Азамат Исоев, ки таҳти роҳбарии ӯ ҷарроҳии ман сурат гирифт ва ҷарроҳон Саидаъзам Акбаров, Шамсулло Шарифов, Некрӯз Саидов низ ба воситаи гӯшаи «Шаҳрванд»-и рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҷумҳурият» иброз намоям. Инчунин, ба анестезиолог Муродалӣ Сиддиқов, ҳамшираҳои шафқат Наргис Иброҳимова, Сурайё Самадова, ташхискунанда бо ултрасадо Идибек Пайков низ, ки дар кори ҷарроҳӣ, табобат ва шифо ёфтанам саҳми арзанда доранд, миннатдории худро баён медорам. Чизе, ки аз ҳама зиёд диққати маро ҷалб кард ва меҳрамро ба масъулони маҷмаа афзуд, ин тозагӣ ва дар сатҳи баланд муносибат кардани кормандони он мебошад. Ба ростӣ, ман дар ҳеҷ беморхонаи шаҳр чунин покизакорӣ ва ғамхорӣ ба беморонро во нахӯрда будам.
Шукр, ки аҳволам, тандурустиам алҳол хуб аст. Албатта, хидмату меҳрубонии сарвари маҷмаа ва кормандони онро ҳаргиз фаромӯш намекунам.
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2022    №: 195    Мутолиа карданд: 722
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед