logo

Хабарҳо

ПАЁМИ ХУШ АЗ ТОҶИКОНИ ШАҲРИ ЧИРЧИҚ. МАРКАЗИ “ДӮСТӢ” ИФТИТОҲ ЁФТ

 
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Чирчиқи вилояти Тошкент Маркази маърифатии “Дӯстӣ” фаъолияти худро аз сари нав ба роҳ монд. Марказ бо оғози пандемияи COVID – 19 фаъолияташро қатъ карда буд. Марказ ба як гӯшаи бинои асосии Донишгоҳи мазкур кӯчонда шуда, пас аз таъмиру таҷдид, ба гурӯҳҳои тоҷикию қазоқӣ ва русӣ хонаҳои алоҳида ҷудо шуданд.
Тибқи низоми фаъолияти Марказ, дар амал ҷорӣ гардидани сиёсати дӯстии байни миллат ва халқҳои қаламрави Ӯзбекистон, равнақ додани фарҳанги  миллии халқҳои тоҷику қазоқ, расондани ёрии амалӣ ба ҷараёни таълимии муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии вилояти Тошкент, ки дар онҳо таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ сурат мегирад, таъмини адабиёти иловагӣ аз ҳадафҳои аслии ин ниҳод аст. 
Бино ба гуфтаи Ҳикмат Султонзода, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Чирчиқ, омӯхтани таърихи забон ва адабиёт, нигоҳ доштани осори хаттӣ, муҳофизати табиат, омӯзиши эҷоди шифоҳии халқ, омӯхтани дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои нодир, нашри асарҳои ҷавононе, ки дар воҳаи Тошкент эҷод мекунанд, ба дурнамои фаъолияти маркази маърифатии “Дӯстӣ” ворид шудаанд.
– Бовар дорем, ки оянда ин нуқта маркази баргузории ҳамоишҳои илмиву эҷодӣ, кашфи чеҳраҳои нав ва посдории забону адаби тоҷикӣ мешавад. Ҳамзамон, дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳким мебахшад, – гуфт Ҳикмат Султонзода.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ дар ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фурсати кӯтоҳ хонаи дӯстии худро бо китоб ва дастуроти таълимии зарурӣ пур карданд. Бо кумаки Маркази миллию фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқ – "Суғдиён" либосҳои миллӣ зеби Марказ гардид. Бо дастгирии муассиси маркази миллӣ Рисқиддин Эсанбоев, соҳибкорон Ашурбой Тошматов ва Рустам Абдурасулов, фаъоли ҷомеа  Салим Инъомзода ашё ва асбоби хоси тоҷикон ҷамъоварӣ ва ба Марказ туҳфа гардиданд, ки сутуданист.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед