logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАМОИШИ ШАШУМИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ, ШАҲРИ ОСТОНА, ҚАЗОҚИСТОН

 
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок карданд.
 
Дар Ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ сарварони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзо, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир, ташкилоту созмонҳои байналмилалии нозир ва шарик ширкат варзиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Ҳамоиши мазкур сухан ронда, нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дар сатҳи баланди  тадорукотӣ баргузор кардани мулоқоти навбатии сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таҳаввулоти амиқ дар арсаи ҷаҳон, оқибатҳои пандемияи COVID-19, таъсири он ба иқтисод ва амнияти кишварҳо, буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи амнияти байналмилалию минтақавӣ, афзоиши терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андеша ронда, талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангсозии корҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи глобалии амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Кишвари мо дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2025 таҳия ва қабул намуд.
Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир Сарвари давлат таъкид доштанд, ки чанд рӯз пас дар пойтахти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм доир мегардад, ки мавзуъҳои муҳими ҷаҳонро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки пас аз шомил шудан ба Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Тоҷикистон барои ноил гаштан ба ҳадафҳо дар доираи Машварат саҳми арзанда мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи вазифаҳои умумии Декларатсияи дар ҳамоиши Душанбе қабулшуда, андешаҳои худро доир ба рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, аз ҷумла вазъи Афғонистон, баён намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Машваратро ба ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо ҷалб сохтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, сарварони кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалиро ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим даъват карданд.
Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо қаблан пешниҳод карда буд, ки соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад.
Президенти мамлакат изҳори умед карданд, ки талошҳои Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Соли 2023 аз нигоҳи баррасии миёнамуҳлати Ҳадафҳои Рушди Устувор ва арзёбии иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии  амал  “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 соли муҳим мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид, ки соли оянда дар Ню-Йорк баргузор мешавад, натиҷаҳои назаррасро интизор аст. Тоҷикистон яке аз ҳамраисҳои ин Ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хоҳад буд.
Изҳори итминон шуд, ки дурнамои фаъолияти муштараки мамлакатҳо дар самти таҳкими эътимоду амният, инчунин, ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрам, муайян карда шавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед