logo

иҷтимоиёт

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ

ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ВА ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ
Иттифоқҳои касаба  ҳамчун ташкилоти оммавӣ  вазифадоранд, ки рисолати хешро дар  ҳифзу  ҳимояи   дастовардҳои  Истиқлоли давлатӣ, таҳкими  сулҳу  субот дар  саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи  манфиатҳои  иҷтимоиву  иқтисодии  аъзои  иттифоқи  касаба  ва фароҳам  овардани  шароити  арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.
 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Тули 31 соли Истиқлоли  давлатӣ Тоҷикистон таҳти роҳнамоиву роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама  самтҳои  хоҷагии халқи кишвар  ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки  дар раванди он,  дар қатори  дигар сохтору ниҳодҳои  давлатӣ, институти  ҷомеаи  шаҳрвандӣ ва меҳнаткашон  нақши Иттифоқҳои  касабаи Тоҷикистон  ҳамчун  ташкилоти  оммавии  ҷамъиятӣ низ арзанда аст.
Ҳанӯз  соли 2001 дар табрикоти  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба анҷумани ХVII Иттифоқҳои  касабаи Тоҷикистон омада буд: “Итминони комил дорам, ки  Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки  роҳи  бузурги  таърихии  тараққиётро  тай намудааст, минбаъд низ дар  густариши  иқтисодиёт ва  ҳаллу фасли масъалаҳои  рушди  иҷтимоии  кишварамон  саҳми  арзанда  мегузорад”.
Саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини  тоҷикон  аз он  шаҳодат медиҳанд, ки  иттифоқҳои  касаба  шарики боэътимоди иҷтимоии  Ҳукумат буда, ҳамчун  неруи  созандаю бунёдкор  сиёсати  пешгирифтаи Ҳукумати  мамлакатро баҳри пойдории сулҳу  субот, ризоияти ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои  конститутсионии шаҳрвандон  дар соҳаи меҳнат, муҳайё намудани шароити  меҳнати арзанда, тақвияти неруи  инсонӣ, шуғли  расмии  кормандон  таҳти роҳбарии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  аз оғоз  то имрӯз  ҷонибдорӣ  намуда, дар  рушду тараққиёти  тамоми  соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона  доранд.
Маҳз  ба шарофати  Истиқлоли  давлатӣ  кормандони иттифоқҳои  касаба  соҳиби Иди касбӣ “Рӯзи иттифоқҳои касаба-24 октябр”   гардиданд.
Зикр кардан зарур аст, ки 24 октябри  соли 2019 дар таърихи  фаъолияти  Иттифоқҳои  касабаи  Тоҷикистон  бо ҳуруфи  заррин  навишта  шуда, марҳилаи  нави фаъолияти ин  ниҳоди  муҳими  ҷамъиятӣ  оғоз меёбад, зеро 24 октябри  соли 2019 дар Кохи  Борбад  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону  фаъолони  Иттифоқҳои  касабаи  мустақили  Тоҷикистон  мулоқот намуданд.
Президенти  мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот   бо роҳбарону  фаъолони  иттифоқҳои  касабаи  ҷумҳурӣ  бо таҳлилҳои амиқи  вазъи  соҳа  суханронӣ  карда, гуфтанд, ки  ҳадафи  вохӯрӣ  баррасӣ ва  муҳокимаи  фаъолияти  кунунии  иттифоқҳои  касаба, дарёфти  роҳҳои  нави  таҳкими  ҳамкории  Ҳукумати  кишвар  бо ташкилоти  калонтарину бонуфузи  ҷамъиятӣ  ва  иштироки  ин ниҳод   дар тадбирҳои  ободонию созандагӣ ба хотири  рушду  пешрафти   кишвар аст ва дар ин самт таъкид доштанд: “Федератсияи  Иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон  бояд фаъолияти худро  ба талаботи замони  муосир  мувофиқ намуда, барои амалисозии  сиёсати  давлат  оид ба ҳифзи  меҳнат ва  муҳити зист, таъминоти  иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии  риояи қонунгузорӣ  оид ба меҳнат, иҷрои  созишномаҳо   ва шартномаҳои  коллективӣ, таълим  ва такмили  ихтисоси  кадрҳои  иттифоқи  касаба  чораҳои  мушаххас  андешад”.
Мақомоту фаъолони Иттифоқҳои  касабаи  Тоҷикистон  ифтихор  аз он доранд, ки Пешвои муаззами миллат дар фаъолияти  пурсамари  кориаш  аз мактаби  иттифоқҳои  касаба   низ  гузаштааст, чунки солҳои  1976-1987 дар вазифаи  котиби раёсат ва раиси  Кумитаи  иттифоқи  касабаи  совхози  ба номи  Ленини  ноҳияи  Данғара  кор кардааст.
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  имрӯз қариб 900 ҳазор  нафар аъзоро муттаҳид  месозад.
Иттифоқҳои  касаба, пеш  аз  ҳама, мактаби  бузурги  иттиҳоду  ҳамбастагӣ,  тарбияи  инсон, ҳамоҳангсози  истеҳсолотчӣ дар истеҳсолот  ва ҳимоятгари  манфиатҳои  меҳнатӣ, иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва зеҳнии корманд мебошад. Маҳз бо ташаббуси  ин ташкилот  дар корхона, муассиса  ва ташкилоту   хоҷагиҳо  сарфи назар  аз шакли  моликият  ва фаъолият  ташкилоти  ҳимоятгари  манфиатҳои  меҳнатӣ, иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ  созмон дода мешавад, ки барои танзими  муносибатҳои  меҳнатӣ  назорати  ҷамъиятӣ  мебарад. Он дар  доираи  вазифаҳои  оинномавии  хеш барои  беҳтар гаштани  шароити  меҳнат дар истеҳсолот, зиндагии шоистаи кормандон  ва аъзоёни  оилаи  ӯ дар  ҳамкорӣ  бо корфармо  тадбирҳо  меандешад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқоти   таърихиашон  бо фаъолони  иттифоқҳои  касаба 24 октябри  соли 2019  дар баробари  муваффақиятҳои  бадастовардаи иттифоқҳои касаба  ба ҳаллу фасли  мушкилиҳо, бартараф намудани  камбудиҳо  ва ба тағйироти  ҷиддии сифатӣ  дар фаъолият низ, супоришҳои  мушаххас дода, аз ҷумла таъкид намуданд:  “Мушкили дигар  дар фаъолияти  иттифоқҳои  касаба  ташаккули  шарикии иҷтимоӣ  ба шумор меравад, ки он  ҳанӯз  дар марҳилаи  ибтидоӣ  қарор дорад. Яъне  корфармоён  масъулияти  иҷтимоӣ  ва иттифоқҳои  касаба  мустақилияти  воқеӣ  ва фаъолиятро  дар ҳифзи  манфиатҳои  кормандон надоранд. 
Бояд  тазаккур  дод, ки  фаъолияти  иттифоқҳои  касаба аз  рӯйи  тарҳи солҳои  1990-уми  қабулгардида  ба роҳ монда шуда, имрӯз  ба тағйроти  ҷиддии сифатӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, фаъолияти  иттифоқҳои  касаба  бояд бо  дарназардошти  имкониятҳои  нав ва равандҳои  муосири   иқтисодӣ  таҷдиди назар  гардида, нақши  онҳо  дар рушди  афзалиятноки  ҳуқуқи инсон, сохтори  ташкилӣ  ва такмил  додани имкониятҳои  молиявӣ тақвият дода  шавад. Инчунин, зарур  аст, ки  ҳамкории  иттифоқҳои  касаба   бо мақомоти давлатӣ, корфармоён  ва иттиҳодияҳо  (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо)-и  онҳо дар асоси   шарикии иҷтимоӣ  ва ҳамкории  тарафҳои  муносибатҳои  корӣ   ва намояндагони онҳо, инчунин, дар заминаи  шартномаҳо   ва созишномаҳои  коллективӣ  тақвият дода  шавад.
Ҳамзамон  бо ин, иттифоқҳои  касаба  бояд бо мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ, иттиҳодияҳо (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо) ва дигар  ташкилотҳои   ҷамъиятии  соҳаи рушди табобати  санаториву  курортӣ, муассисаҳои   истироҳатӣ, сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш  самаранок ҳамкорӣ карда, дар  татбиқи  сиёсати   иҷтимоиву  иқтисодии давлат   ширкати  фаъолона   дошта бошанд”. 
 Аз соли  2009  инҷониб  Комиссияи  сеҷониба  оид ба   танзими  муносибатҳои  иҷтимоию меҳнатӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сифати механизми  ниҳодӣ  (институтсионалӣ) барои  муколамаи   иҷтимоии  сетарафа  байни Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои  касабаи  мустақили  Тоҷикистон  ва Иттиҳодияи корфармоёни   Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият  менамояд ва  давра ба давра  Созишномаи генералӣ  бо мақсади  илова ба санадҳои  қонунгузорӣ  ва дигар  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  муқаррар  кардани  шароити  меҳнат, шуғл ва  кафолати  иҷтимоӣ  баста мешавад, ки ҳоло  барои  солҳои 2021-2023 баста шуда, мавриди  амал  қарор  дошта,  иҷрои он  таҳти назорати  тарафҳо  мебошад.
17 кумитаи  соҳавии ҷумҳуриявӣ ва се шурои  вилоятии иттифоқҳои  касаба  низ ҳамчун  ташкилотҳои  ҳамузви  Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили Тоҷикистон  барои иҷрои  уҳдадориҳои  оинномавӣ, татбиқи  санадҳои  қабулшуда  оид ба  шарикии иҷтимоӣ  тадбирҳо меандешанд. Аз ҷумла, Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи  комплекси агросаноатии Тоҷикистон  ҳамузви  бонуфузтарини Иттифоқҳои  касабаи Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ  бо шарикони  иҷтимоии соҳавӣ  дар симои  Вазорати  кишоварзӣ, Ассотсиатсияи  миллии  хоҷагиҳои  деҳқонӣ (фермерӣ), Кумитаи давлатии идораи замин  ва геодезӣ,  Кумитаи  бехатарии  озуқаворӣ, Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зист ва Агентии  беҳдошти  замин ва  обёрии назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати  аграрии  Ҳукуматро  ҷиҳати  таъмини  амнияти  озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба  ғизои  хушсифат  дар доираи  Созишномаи  генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ,  барои   солҳои  2021 - 2023 бо роҳи   ташкили    шароити  мусоиду бехатари  солими  меҳнат, ҳифзи меҳнат, таъмини  иҷтимоиёт, истироҳату  солимгардонӣ, рухсатиҳои меҳнатӣ, ҳавасмандгардониҳо, тартиботи корӣ, пардохти  саривақтии музди меҳнат  ва риояи  ҳадди ақалли он  ва ҳифзи дигар  ҳуқуқҳои  иҷтимоиву  меҳнатӣ, иқтисодӣ  ва зеҳнии  кормандон фаъолият  карда  истодааст.
Дар  соҳаҳои  кишоварзӣ  ва, умуман,  комплекси агросаноатии  кишвар  зиёда аз як миллиону 400 ҳазор нафар дар  186 ҳазор  хоҷагиҳои  деҳқонӣ,  фермерӣ ва 860 ташкилоту  корхонаҳои  агросаноатӣ  кор мекунанд ва аз  онҳо  танҳо 263 ҳазор нафараш  аъзои  иттифоқи касабаи  соҳа  мебошад. Дар 7 316  ташкилоти  ибтидоии  иттифоқи касабаи соҳавӣ  5 созишномаи  соҳавӣ, 57 созишномаи  минтақавӣ  ва 7 316 шартномаи  коллективӣ  барои  солҳои 2021 - 2023  баста шуда, мавриди  амал қарор  дорад.  
Зиёда  аз 90 дарсади  хоҷагиҳо  ва корхонаҳои соҳавӣ  ба сектори   хусусӣ  дахл дошта, ҳамчун  субъектони  мустақили   хоҷагидорӣ  дар  сохтори  ҶДММ,  ҶСК, ҶСП,  коорперативҳои  истеҳсолию  тиҷоратӣ, ассотсиатсияҳо, хоҷагиҳои  деҳқонӣ (фермерӣ)  фаъолият  доранд.
Мақомоти иттифоқи касабаи  соҳа бо мақсади  фарогирии  аъзои хоҷагиҳои  деҳқонӣ  (фермерӣ)  бо қонунгузории меҳнат, таълиму  тарбияи  ҳуқуқӣ, баланд бардоштани  маърифати  ҳуқуқӣ  ва ҷалби  онҳо ба  шуғли  расмӣ  ихтиёран  дар  ҳудуди  ҷамоатҳои  деҳот  ташкилотҳои  ибтидоии  иттифоқи  касабаи соҳаро  таъсис дода, давра ба давра  бо онҳо  семинарҳои бозомӯзӣ ва  фаҳмондадиҳии  қонунгузории   меҳнатро  баргузор мекунанд. Кӯшиш  менамоянд, ки  қоидаҳои  намунавии  ҳусну  одоби аъзои  иттифоқҳои  касабаро  дар ҷомеа, рушди  тарбияи  ҷисмонӣ, варзиш, обутоби бадан  ва  тарзи ҳаёти солимро  тарғибу  ташвиқ  намуда, ҷавонони  деҳотро ба таври васеъ ба сафи иттифоқҳои касаба  ҷалб карда, онҳоро дар руҳияи  ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, инсондӯстӣ, худогоҳӣ ва зиракии  сиёсӣ, сулҳу субот,  ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои  миллӣ, созандагию  бунёдкорӣ ва  ризоияту  суботи  ҷамъиятӣ  ҳидоят  намоянд.
 Мақомоти Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии  Тоҷикистон  тавассути  бозрасии  ҳуқуқ ва ҳифзи  меҳнат  дар асоси  нақшаи  корӣ  дар ташкилоту  корхонаҳо  ва хоҷагиҳо  сарфи назар  аз  шакли  моликият ва тобеияти  идоравӣ, чорабиниҳои   пешгирикунандаи  сар задани  ҳодисаҳои  нохуши  истеҳсолӣ, риояи  қоидаҳои  техникаи бехатарӣ, зидди сӯхтор, ҳифзи  меҳнат ва санитарӣ - беҳдоштиро  гузаронда, назорати ҷамъиятии  риояи  қонунгузории  меҳнатро аз ҷониби  корфармоён  таҳти назорат  қарор  додаанд, ки  боиси баланд шудани  самаранокии  истеҳсолот мегардад. 
Лозим ба ёдоварист, ки  фаъолияти шарикони  иҷтимоии  иттифоқи  касабаи  комплекси  агросаноатӣ  дар симои вазорату  кумитаҳои   давлатии  дар боло зикргардида муштарак  буда, барои  иҷрои  ҳадафи  сеюми  стратегӣ - таъмини  амнияти  озуқаворӣ   ва дастрасии  аҳолӣ  ба  ғизои  хушсифат  равона гардидааст.
Ҳамин тариқ, дар доираи  иҷрои  уҳдадориҳои  оинномавӣ ва иҷрои  Созишномаи  сетарафаи  генералӣ  байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи  иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон  ва Иттиҳодияи  корфармоёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2023 муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон танзим шуда истодаанд. 
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар замони дигаргуншавиҳои азим ва ҷаҳони пуртазоди тағйирёбанда талош меварзад, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатиро  ҳифз  намуда, фаъолияти худро баҳри ташаккули эътибори шахс дар ҷомеа ва тақвияти неруи инсонӣ, шуғли пурмаҳсул, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон дар ҷомеа равона намояд.
Дар  охир,  аз   фурсат  истифода бурда, аъзоёни иттифоқҳои  касабаи кишварро  бо Иди  касбии  кормандони  иттифоқҳои касаба самимона  шодбош гуфта, ба ҳамагон  хонаободӣ,   рӯзгори осудаю обод ва дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон комёбиҳои беназир   таманно дорам. 
 
Миралӣ САФАРОВ,
аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, раиси Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи комплекси 
агросаноатии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед