logo

сиёсат

1992. АГАР ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ БАРГУЗОР НАМЕГАРДИД...

 
Таърих пухтакор аст, чун оғози ҳар падидаро аз анҷомаш бозмеҷӯяд, арзишашро мешиносад ва ҳукм мекунад, ки он дар сафҳааш ба ёдгор бимонад ё на? Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ анҷумани таърихиест, ки чун дурдона дар хазинаи таърихи навини тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Барои шинохтани арзиши ҳар падида мебояд ба тариқи фарз манзараеро тасаввур кард, ки дар сурати воқеъ нашудани он падидаи арзишманди таърихӣ метавонист ҷилвагар шавад. Аз ин дидгоҳ чун биандешем ва ба худ савол бидиҳем, ки агар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ баргузор намешуд, миллати мо дар чӣ вазъе қарор медошт? Ба ин савол чанд посухи фарзӣ ҳаст:
1. Дар сурати ба кор нагирифтани хирад ва зеҳни дурнигар, интихоби дурусту огоҳонаи Роҳбари давлат дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили як давлати комили миллӣ ғайримумкин буд. Зеро неруҳои ба ҳам зид вобаста ба аҳдофашон, барои гирифтани ҳукумат мубориза мебурданд ва дар сурати тулонӣ шудани ҷангҳо, батадриҷ  ҳудуди Тоҷикистонро ба чанд аморату хонигарӣ қисмат мекарданд, ки аз лиҳози аҳдофи сиёсиву мазҳабӣ аз ҳам тафовути ҷиддӣ доштанд. Бе ҳеч тардид яке аз чунин давлатчаҳо ҳатман худро давлати исломӣ эълон мекард ва барои комилан тасарруф кардани минтақаҳои дигари Тоҷикистон пайваста мубориза мебурд, ки пайомадаш хунрезии бештар дошт.
 2. Дар шимоли мамлакат ҳам, ки минтақаи нисбатан ором буд, батадриҷ зиддиятҳои дохилӣ пайдо мешуданд, дар миёни иҷтимоъ неруи худхоҳи исломӣ қувват мегирифт ва бо ёрии исломиҳои водии Фарғона низоъ сар мезад.
3. Хавфи аз ҷониби дигар давлатҳо "табартақсим" кардани Тоҷикистон вуҷуд дошт.
4. Давлат ва миллати тоҷикон истиқлолияти худро аз даст медод.
Агар инқилобҳои рангаи имрӯза дар ҷаҳон, бахусус кишварҳои арабиро бо хезиши мардумии соли 1992 дар Тоҷикистон муқоиса кунем, монандиҳои зиёд доранд ва гӯё аз рӯи як нақша амалӣ шудаанд. Нахуст, дар рӯзномаҳои ба ном озод оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон маводи барангезандаи эҳсос ва таъсиргузор интишор шуданд. Якбора дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ташвиқоти дин дар масҷидҳо ва нишастҳои хосса қувват гирифт. Баҳсҳои донишҷӯёну олимон сари озодандешӣ ва демократия доман густард. Баъдан гирдиҳамоиҳои ғайриихтиёрӣ дар шаҳри Душанбе ташкил ёфтанд ва дар ин гирдиҳамоиҳо ҳадафмандона нақшаҳои сиёҳи қувваҳои ба инқилоб омода матраҳ гардид. Билохира, аз ин шарораҳои заиф оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. 
Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои дар ҷанг печидани мардуми тоҷик дар ин бозиҳои сиёҳи аз сӯи берунаҳо тарҳрезишуда омода набудани зеҳни мо ба шинохти падидаҳои комилан нав ва ноозмудаи таҳмилшуда буд. Агар сода бигӯем, дар ҳамон гармогармии ҳодисаҳои даҳшатнок на мардум ва на қишри зиёии ҷомеа барои дарк ва шинохти моҳияти падидаҳо фурсат надоштанд. Оре, фурсат набуд, ки мо дарк бикунем оқибати вайронкории оғозкардаи худро. Барои дарки ин камбуд наздик ба ду сол вақт гузашт ва дар ин миён харобӣ ба кишвар ва бадбахтии зиёд бар сари мардум омад. 
Вақте ба дарки моҳияти масъалаҳои давлатдорӣ ва ояндаи миллат расидем, хиради мо бар ҷаҳолат ғалаба кард, неруҳои зеҳнӣ дар пайи ҷустуҷӯи ислоҳи иштибоҳи бузург шуданд. Барои пиёда кардани ҳадафҳои миллӣ барномаҳо сохтанд ва дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олиро баргузор намуданд ва нахустин қарорҳои созанда дар он қабул гардид. Ин иҷлосияи таърихӣ, ки дар Қасри Арбоб аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома кард, равзанаеро ба сӯи сулҳу сафо ва ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷик боз кард.
Ҳоло бори дигар ин амр собит шуд, ки интихоби сиёсатмадори тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи шонздаҳум буд. Зеро Ҳукумати навтаъсис таҳти сарварии ин  чеҳраи тобноки таърих дар фосилаи кӯтоҳ тавонист, алангаи оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намояд. Сохтори фалаҷгардидаи  ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта,  Артиши миллиро таъсис дода, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан бозгардонад. Аз ин дидгоҳ метавон гуфт, ки Иҷлосияи таърихӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон пойдевори маҳкаму устувор гузошт ва барои  расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ки самараи заҳмату талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, замина фароҳам овард.
Ҳоло дар вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза моро зарур аст, ки ба қадри дастовардҳои таърихӣ, ки аз файзи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат аст, бирасем. Саҳифаҳои таърихи гузаштаро пайваста омӯзем ва дар оянда барои саодати миллат истифода барем. Дар ин замина, сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёр муҳиманд, зеро моро ҳамеша водор месозанд, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ  ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ бирасем ва онҳоро ҳифз намоем.
                    
Абдуҷаббори ШОАҲМАДӢ, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 576
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед