logo

иҷтимоиёт

ПАЙРАВИ ДЕҲҚОНИ АСИЛ

 
Миралӣ Маҳмадалиев ҳамчун фарзанди деҳқон, дар тули умри пурбаракаташ аз кишоварзи одӣ сар карда, то ба мартабаи раиси хоҷагии калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ расида, дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи сазовор гузошта, ҳамчун мураббии мушфиқу меҳрубон пайравони зиёдеро дар соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ тарбия намуда ба воя расонидаанд. 
 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Бобои деҳқон Миралӣ Маҳмадалиев шогирдони зиёдеро тарбия ва ба воя расондааст, ки Неъматбой Олимов зодаи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз зумраи онҳост. Ин марди дардошнои мардумро дар ноҳияи Исфара ва берун аз он аксарият мешиносанд ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Деҳқони асил, пайрави бобои Миралӣ, сарвари кордони пуртаҷриба, донандаи асрори замин дар ободии диёр ва фаровонии дастархони мардум саҳми арзанда гузоштааст. Неъматбой Олимов баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) соли 1976 бо роҳхат ба собиқ совхози “Иттифоқ”-и ноҳияи Исфара ба кор фаро гирифта шуд ва аз соли 2000 то 2020-ум сарварии хоҷагиро ба зимма дошт.
Ҳини суҳбат Неъматбой Олимов иброз дошт: “Ман аз он мефахрам, ки пайраву шогирди бобои Миралӣ Маҳмадалиев ҳастам. Таҷрибаи бою пурғановати ин шахси барӯманду марди саҳроро пайравӣ ва идома бахшидам ва Кооперативи истеҳсолии тухмпарварии “Чоркӯҳ” дар солҳои сарварии ман дар истеҳсоли ҳама намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаҳои назаррасро соҳиб гашт”. 
Хоҷагӣ 407 гектар боғ дошт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин миқдор боғ 200 гектараш боғи куҳансоли  бобоӣ  буд.  Дар  ин мавзеъҳо боғи нав бунёд намуданд. Соли 2013 зимни ташрифи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси хоҷагӣ – Неъматбой Олимов тавсия доданд, ки дар хоҷагӣ боғи олуи сиёҳ бунёд намоянд ва ҳамин тавр ҳам кард, ки то ҳанӯз мардум аз накҳати он ҳаловат мебаранд ва хоҷагӣ даромади хуб мегирад. 
Ба қавли директори МТМУ №65 Ҳодӣ Қаюмов Неъматбой Олимов нафақат фарди наҷиб, оқил ва кордон, балки шахси саховатманд буда, дар соҳаи маориф ҳам, дастгириҳояш басо назаррасанд. 
Неъматбой Олимов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  16 августи соли 2013 бо медали Хизмати шоиста қадр шуд. 
 
Р.S. Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин мавод на баҳри шаъну шуҳрат, балки аз таҷрибаи ин зумра шахсон, насли имрӯза дарси ибрат бигиранду пайгир ва идомадиҳандаи кори эшон бошанд.
 
Қ. ҚАЛАНДАРОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 628
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед