logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗИИ ДАКАНӢ. АЛАЙҲИ ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

 
Шайх Абулфайз ибни Муборак, маъруф ба Файзии Даканӣ, соли 1547 дар шаҳри Аграи Ҳинд таваллуд шудааст. Аз хурдӣ ба омӯхтани илму дониш мепардозад ва аз илмҳои гуногуни замонаш, аз ҷумла забон ва адабиёти форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фалсафа, ҳайат, тиб, нуҷум ва улуми динӣ, бархӯрдор мегардад. 
Файзии Даканӣ ҳамроҳи падараш - Шайх Муборак ба дарбор даъват мешаванд. Онҳо дар хидмати Шоҳ Акбар қарор мегиранд. Файзӣ тавассути хираду донишаш шоҳро аз чанголи мутаассибону муллоёни иртиҷоӣ, ки дар дарбор нуфузи зиёд пайдо карда буданд, раҳо менамояд ва таъсири онҳоро дар идораи мамлакат кам мекунад. Ӯ бад-ин тартиб мустақилияти Шоҳро дар давлатдорӣ ва кишвар таъмин менамояд. Файзӣ баъд аз даргузашти аввалин маликушшуарои дарбори Акбар-Ғазолии Машҳадӣ ба ҷои ӯ таъин мегардад. Азбаски Файзии Даканӣ яке аз тарроҳону мубаллиғони сулҳи байни намояндагони динҳо буд, пайваста ба мухолифати уламои мутаассибу иртиҷоӣ рӯ ба рӯ мешавад. Муллоҳои хурофотию иртиҷоӣ ӯро кофир ва вайронкунандаи дини ислом мехонданд, аммо дониши воло ва истеъдоду кордонии ӯ имкон намедод, ки фатвояшон амалӣ гардад. Хусусан, Абдулқодири Бадоюнӣ, ки олими забардаст, аммо сахт мутаассиб ва иртиҷоӣ буд, ҳамвора ба ӯ ҳамла мекард ва душманӣ меварзид.
Файзии Даканӣ раҳбари гурӯҳи тарҷумонҳо (аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ), марде китобдӯсту пурмутолиа буд, ба китобат низ шуғл меварзид. Ин гуна ишқу алоқаи ӯ ба китоб аз назари пажӯҳишгарон низ пинҳон намондааст. Шиблии Нуъмонирост: «Ба китоб шавқи вофир дошт. Китобхонаи нафисе муштамил бар 4006 китоб фароҳам карда ва аксари китобҳо ба дасти худи мусанниф ё дар замони ӯ навишта шуда буданд. Ин китобҳо муштамил бар се қисм аз улуму фунун будаанд: тиб ва нуҷуми мусиқӣ, ҳикмату тасаввуф ва ҳайату ҳандаса, тафсир ва ҳадису фиқҳ ва ғайра».
Дигар, ӯ аз адибони пуркори адабиёти тоҷикзабони Ҳинд маҳсуб мешавад. Ба ин осори зиёди илмӣ ва адабӣ, ки ӯ офаридааст, далел шуда метавонад. Тибқи маълумоти донишмандон, осори манзумаш 50 ҳазор байтро фаро мегирад. Девони шоир аз ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра иборат мебошад. Файзӣ бо хоҳиши Акбар ба «Хамса»-и Низомӣ низ ҷавоб гуфтааст. «Хамса»-и нотамоми ӯ аз асарҳои «Маркази адвор», «Нал ва Даман», «Сулаймон ва Билқис», «Ҳафт кишвар», «Акбарнома» иборат мебошад. Файзӣ асарҳои насрӣ ҳам дорад. Онҳо ба забони тоҷикӣ - форсӣ ва арабӣ навишта шудаанд.
Осори Файзӣ дар замони зиндагиаш аз доираи ватанаш берун баромада, дар Эрону Мовароуннаҳру Хуросону Туркия паҳн шудаанд. Ӯ соли 1595 дар Аграи Ҳиндустон вафот кардааст. Бинобар ин, бо номи Файзии Аграӣ низ ёд мешавад. Осори ӯ мавзуи ишқу ошиқӣ, танқиди замон, ҳасби ҳол, интиқоди намояндагони дин, хурофот, таассуб, ваҳдати қавму миллатҳо, адён, дӯстӣ, тафоҳум, сулҳу оштӣ, тасвири табиат, васфи Наврӯз ва ғайраро фаро мегирад. Вай яке аз тарғибгарони сулҳ байни қавму динҳо буда, қариб дар тамоми осораш дӯстии миёни ҳиндуҳои ғайримусулмон ва мусулмонро тараннум кардааст. 
Файзӣ ҳамчун тарроҳи сулҳи кул, олим, адиб ва марди озодандеш ва яке аз симоҳои намоёни давр ҳамвора дар ибодатхона, ки шоҳ Акбар барои кашфи моҳияти адён ва мазоҳиби мухталиф таъсис дода буд, дар баҳсу мунозираҳои илмию мазҳабӣ ширкат меварзид, доир ба оини тоза, яъне сулҳи кул ва дини илоҳӣ, ҳақиқату моҳияти пешқадамонаву инсонии он изҳори назар мекард ва тавассути ашъори обдору оташину бедоргараш ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофоти  аҳли дину мазҳаб, бархе аркону аҳкоми шариати исломиро мавриди ифшо ва инкор қарор медод: 
Сулҳи кул дар рақами носия дорӣ, Файзӣ,
Ки салиби ту дар ин буткада меҳробе буд.
Дар ҳақиқат, осори Файзӣ оинаи тамомнамои зиндагии шоир ва асри ӯст, ки мо дар он нақши шоирро дар татбиқи ғояҳои инсонпарваронаи сулҳи кул ва дини илоҳӣ боздид менамоем. Вақти хондани осори адабиву илмии ӯ бармало мешавад, ки вай ба тасвир ва тарғиби адлу инсоф, интиқод ва ифшои аҳли дину мазҳаб, бархе аз аркони шариати исломӣ ва тавсифи хирад, дониш, фарҳанг, маънавиёт, ишқу ошиқӣ, сулҳу дӯстӣ, ваҳдату инсондӯстӣ, хусусан сулҳи кул ва дини илоҳӣ, адибу донишманде чирадаст буда, гуфтораш дар ин заминаҳо пурарзиш ва мондагор мебошад. Дигар, осоре, ки адиб дар ин заминаҳо аз худ ба ёдгор гузоштааст, на танҳо дар замони худ, балки имрӯз низ метавонанд барои инсон, бавижа насли ҷавон, муассир ва дархӯри аҳамият бошанд. Хусусан осоре, ки ба интиқод ва ифшои таассубу хурофот ихтисос дода шудаанд:
Ҳам Каъбаву ҳам буткада санги раҳи мо буд,
Рафтему санам бар сари меҳроб шикастем.
 
Дар ҳақиқат, ифшою мазаммати мутаассибон, аҳли хурофот яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти Файзӣ маҳсуб мешавад. 
Маълум аст, ки дар дарозои таърих таъсири аҳли дину мазҳаб ба давлат зиёд будааст. Аммо дар замони ҳукмронии шоҳ Акбар дар Ҳинд, ин таъсир ба дараҷаи ифрот мерасад ва намояндагони дину мазҳаб рӯирост ба корҳои давлатдорӣ дахолат менамоянд ва идораи давлат рангубори ҷиддии динию мазҳабӣ мегирад. Самараи ин гуна нуфузи аҳли дин дар давлат ва байни мардум мӯҷиби зиддиятҳои динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, қавмӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, фарҳангӣ мегардад ва хатари аз ҳам пошидани давлатро  ба миён меорад. Аз ин хотир, ашхоси равшанзамир, пешқадам, аз ҷумла Файзӣ, ҳамчун адиб, олим ва марди андешаманду озодфикр бо шогирдону пайравонаш дар мақоми мушаввиқони сулҳи кул ва дини илоҳӣ қарор мегиранд ва ба чашми ҳамабин, аз рӯи меъёри баробарию бародарӣ, ба дину мазҳабу фирқаву тариқатҳо нигаристанро шиори хештан қарор дода, саҳми бузург дар татбиқи сиёсати сулҳи кул мегузоранд. Метавон гуфт, ки дар марказ ва меҳвари осори Файзӣ инсони кӯшо, бедор, воқеъбин, ақлгаро, хирадманд, инсондӯст ва дур аз таассубу хурофот ва бедору худогоҳ қарор дорад. Ин худёбию худшиносӣ, ки Файзӣ дар осораш талқин кардааст, на танҳо барои он рӯзгорон, балки ин рӯзгорон, ки башар бо мушкилоти зиёди мухталиф рӯ ба рӯ аст, низ муфид мебошад:
Мард бояд, ки забон ойинаи дил созад,
Хоҳ кофар буваду хоҳ мусулмон гардад.
 
Ҷамолиддин САИДЗОДА, олим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 627
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед