logo

маориф

ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАСЪУЛИЯТИ МОРО БЕШТАР МЕКУНАД

 
БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ РӮЗИ ДОНИШ
Мулоқотеро, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 1 сентябри соли 2022 доштанд, на танҳо барои таълимгирандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, балки барои ҳамаи сокинони кишвар дар баробари дастовардҳои фараҳовари оғози соли нави таҳсилу истиқболи сазовори Истиқлоли давлатӣ, боз ба нақшаву ҳадафҳои дурнамои рушди соҳаи илму маориф ва иҷрои онҳо ошно намуд.
 
Барои ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оғози соли нави таҳсил дар таърихи фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат хотирмону файзбор ва нақши таърихӣ дорад. 
Зимни мулоқот Президенти мамлакат яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ – таъминот бо доруворӣ ва бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору ва молҳои тиббии ватаниро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки то солҳои наздик 90 дарсади маводи фарматсевтӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Доруворӣ ва молҳои тиббии ба маблағи умумии 1 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ба кишвар воридгардида, нисбат ба соли 2019 – ум 500 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳол он ки кишвари мо бо захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши худ имконияти зиёд намудани содироти маводи аз лиҳози экологӣ тоза ва табииро дорад. Олами набототи Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш хеле бой буда, зиёда аз 5 ҳазор намуди он дар дашту водӣ ва кӯҳҳои кишвар мерӯянд. Аз 1500 намуди рустаниҳои дорувории кишварамон, зиёдтар аз 150 намуди он дар тиб истифода мешаванд. 
Боиси зикр аст, ки дар заминаи кафедраҳои факултаи фарматсевтӣ Маркази фарматсевтӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ ташкил ва ба истифода дода шуд. Бо ин мақсад, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии маводи дорувории ватанӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» қабул гардид, ки мақсади асосии он таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ, махсусан дар доираи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ мебошад. 
Айни замон дар 53 корхонаи кишвар истеҳсоли зиёда аз 308 номгӯ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монда шуда, дар се соли охир (2019-2021) ба маблағи 152 миллион сомонӣ маводи аз рустаниҳои шифобахш истеҳсолшуда ва дорувории истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсевтии кишвар зиёда аз 700 тонна гиёҳҳои шифобахш коркард шуда, ба маблағи 72 миллион сомонӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 62 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Пешвои миллат зимни мулоқот захираҳои фаровони гиёҳҳои шифобахши кишварро сарвати бузурги табиат ҳисобида, аз он оқилона ва самаранок истифода карданро махсус таъкид карда, пешниҳоди ҷолибу баманфиат намуданд: «…Бо истифода аз гиёҳу обҳои шифобахши кишвар саёҳати табобатиро рушд диҳем. Дар самти истифодаи захираҳои табиати кишвар ва имкониятҳои соҳаи тандурустии мамлакат корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандони мо тадриҷан аз байн бурда шавад ва баръакс, бо мақсади сайёҳати табобатӣ ва дигар намудҳои табобат ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад».
Бо ин мақсад, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки захираҳои рустаниҳои шифобахши кишварро муайян карда, ҷиҳати дар сохтори Академия таъсис додани Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш чораҳо андешад.
Ҳамчунин, зимни мулоқот таъкид шуд, ки беҳтар гардондани сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба шумор меравад. Бо ин мақсад, дар давоми солҳои 2020-2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои табобатию профилактикӣ ба маблағи 775 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин карда шуда, мувофиқи пешниҳоди Пешвои миллат зарурати тайёр кардани муҳандисони техникаи тиббӣ ё электроникаи тиббӣ, ҳамчунин табибони вирусолог бо таъмини озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази вирусологӣ ба миён омадааст. 
Чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат боиси беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд шудани афзоиши солимии аҳолӣ шуда, соли 2021 нишондиҳандаҳои бемориҳои диабети қанд дар муқоиса ба соли 2019 – ум 3,4 баробар ва нашъамандӣ 2,5 баробар камтар ба қайд гирифта шудааст. 
Эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои соҳаи тандурустӣ ба хотири рушди тафаккури илмҳои табиатшиносӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ва таҷҳизоти тиббии замонавӣ хеле муфид аст.
Аз мулоқоти Пешвои миллат маълум шуд, ки барои ислоҳот ва ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ, рушди он ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ то соли 2025 амалӣ шуда, беш аз ду миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда мешавад.
Дуруст аст, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ба шумор рафта, рисолат ва вазифаи мо, омӯзгорону табибон аз тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ва содиқона хизмат кардан ба мардуми Тоҷикистон мебошад. 
 
Фарзона САНГОВА, 
устоди кафедраи анатомияи патологии ДДТТ ба номи 
Абуалӣ ибни Сино 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2022    №: 196    Мутолиа карданд: 1522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед