logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), шаҳри Остона, 13 октябри соли 2022

 
Муҳтарам ҳамтоён ва сардорони ҳайатҳо!
Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор намудани мулоқоти мо ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намоям.
Ҳамаи намояндагони кишварҳои аъзоро бо санаи ҷашнии МҲТБО самимона табрик мегӯям.
Ҳамтоёни муҳтарам!
Баъди нишасти охирин дар минтақаи МҲТБО, дар рӯзномаи байналмилалӣ тағйироти назаррас ба амал омаданд. Пандемияи COVID – 19 боиси буҳрони тулонии иҷтимоию иқтисодии ҷаҳонӣ гардид, ки бидуни муболиға, ба амнияти мо таъсир мерасонад. Имрӯз равандҳои манфӣ дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбию сиёсӣ вусъат ёфта истодаанд. Ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, чун пештара, миқёси афзояндаи терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таҳдид мекунанд. Зарурати афзоиш додани талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишу таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ, субот ва амният ба миён омадааст.
Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!
Мо дар Тоҷикистон қадри сулҳ ва ҳифзи онро амиқ дарк мекунем. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми мо имтиҳони душвор ва давраи нооромро аз сар гузаронд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ маҳсуб мешавад.
Дар асоси таҷрибаи андӯхта дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мо Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2025 таҳия ва қабул намудем.
Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм, ки чанд рӯз баъд дар пойтахти Тоҷикистон ҳамроҳи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад, мавзуъҳои муҳими ҷаҳони имрӯзаро фаро мегирад.
Мо ба иштироки фаъолонаи намояндагони воломақоми кишварҳои узви МҲТБО дар баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ дар заминаи мубориза бо терроризм умед мебандем.
Дӯстони азиз!
Пас аз шомил шудан ба МҲТБО, Тоҷикистон Машваратро пайваста дастгирӣ намуда, дар ноил шудан ба ҳадафҳои он саҳми арзанда мегузорад.
Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози соҳаи сайёҳӣ дар чаҳорчӯби Машварат барои пешбурди ҳамкорӣ дар ин самт талошҳои зарурӣ ба харҷ медиҳад.
Дар заминаи вазифаҳои умумие, ки дар назди мо меистанд, мехоҳам аҳамияти Баёнияеро, ки дар Нишасти Душанбе қабул шуда буд, зикр намоям. Он мавқеъ ва нуқтаи назари Машваратро оид ба масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, бо шумули мушкилоти Афғонистон, инъикос менамояд. Мо итминон дорем, ки ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои кишварҳои узви МҲТБО метавонад ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар кумаки қатъӣ расонад.
Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!
Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус касб менамояд. Тоҷикистон аз тағйирот дар давраи гидрологӣ, ки боиси обхезӣ ва хушксолии шадид гардида, ба захираҳои обу энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ мерасонад, нигарон аст. Бар асари тағйири иқлим ва гармшавии глобалӣ аз 14 ҳазор пирях дар кӯҳистони Тоҷикистон беш аз як ҳазораш комилан об шудаанд. Барои бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад. Мо умедворем, ки талошҳои мо дар ин самт аз ҷониби кишварҳои узви МҲТБО ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. 
Ҳамтоёни муҳтарам, соли 2023-юм аз нигоҳи баррасии миёнамуҳлати Ҳадафҳои Рушди Устувор ва арзёбии иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” соли муҳим мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид, ки соли оянда пас аз чилу шаш соли баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд оид ба об дар Ню-Йорк доир мешавад, натиҷаҳои назаррасро интизор аст. Тоҷикистон яке аз ҳамраисони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хоҳад буд. Мо аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки дар омодагӣ ва баргузории ин чорабинии сатҳи баланд фаъолона ҳамкорӣ кунанд. 
Ҳамтоёни муҳтарам!
Имрӯз дар доираи Машварат масъалаи муҳим – инкишофдиҳӣ ва ба созмони байналмилалӣ табдил додани он мебошад. Мо раванди табдилдиҳии МҲТБО-ро бо дарназардошти имконоти иқтисодӣ ва молиявии кишварҳои узв дастгирӣ мекунем.
Мо итминон дорем, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза имкон медиҳанд, ки дурнамои фаъолияти муштараки мо дар самти таҳкими эътимоду амният, инчунин, ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақаи МҲТБО муайян шавад.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2022    №: 197    Мутолиа карданд: 1699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед