logo

иҷтимоиёт

УМАР АЛИМАТОВ. СОҲИБКОРЕ, КИ ДИЛИ БУЗУРГ ВА ДАСТИ ГУЛ ДОРАД

Тайи чанд соли охир пойтахти кишвар ҷилои нав гирифта, на танҳо хиёбонҳои марказӣ симои тоза гирифтанд, балки дар маҳаллаҳо низ роҳҳо таъмир гаштаву гулгаштҳо бунёд ёфтанд. Дар ин амали нек, албатта, саҳми соҳибкорони боҳиммати диёр хеле назаррас аст, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва идораву муассисаҳо дар ободонии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе саҳм мегиранд. 
 
Дар ин радиф, Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» низ навсозӣ гашта, симои зоҳириаш бакуллӣ тағйир ёфтааст. Вале дар шафати ҳамин коргоҳ холигоҳе буд, ки солҳо зинати атрофро камрангу бенур мекард. Дар як майдони калон, ба қавле, аз пешрафту ободӣ осоре набуд. Ҳамагӣ чанд сол пеш бо мусоидати шаҳрдорӣ ҳамин қитъаи замин ба соҳибкори маъруф Умар Алиматов вобаста шуду обод гашт. Боиси зикр аст, ки Умар Алиматов яке аз соҳибкорони муваффақ ба шумор рафта, дар татбиқи хостаҳои Пешвои муаззами миллат ва дар ин замина, ободонии пойтахти азиз саҳми арзандаву беғараз дорад. Тарабхонаи барҳавои «Яккасарой», ки имрӯзҳо яке аз беҳтарин марказҳои баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳо ба шумор меравад ва дар қатори беҳтарин тарабхонаҳои пойтахт ҷой дорад, дар ҳамон холигоҳе, ки болотар ёдрас шудем, бунёд ёфтааст. Намои зебо ва атрофи ҳамешасабзи ин бинои шаҳрзеб аз мудирияти муваффақонаи сарвари он гувоҳӣ медиҳад, ки тавонистааст хидматгузории беҳтаринро пешниҳоди мизоҷон гардонда, бовариашонро ба даст орад. 
Иқдоми навбатие, ки Умар Алиматов дар ин гӯшаи зебои Душанбеи азиз роҳандозӣ кард, мумфарш намудани истгоҳи воситаҳои нақлиёти кормандони Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» мебошад.  
Дар ҳоле ки баъзе аз сармоядорони мо бо маблағҳои ҳангуфт дар дили пойтахт қасру кушк месозанду ҳатто, парвои ободии пушти дарвозаашонро надоранд, месазад, ки аз соҳибкорони банангу номусе амсоли Умар Алиматов қисса кунем, то ба дигарон намунаи ибрат бошад. 
Ҳар саҳар, вақти ба кор омадан, чеҳраи кушоди ҳамкасбонамонро ҳангоми таваққуф кунондани мошинҳояшон дида, басо хушҳол мешавам. Сабаби қалам ба даст гирифтанам, сухани устод Қурбон Мадалиев мебошад, ки гуфтанд: «Ана дидед, ободӣ чӣ хел хуб аст. Баракати ҳамин хел шахсони дастбахайр зиёда гардад, ки имрӯз тамоми гӯшаю канори кишвар дар пайи амалҳои некашон дар ҳоли шукуфоист. Ин ҷо ҳам асфалт шуд. Мошинро мегузорему пойафзол чанг нагирифта, вориди коргоҳ мешавем. Ба қадри ҳамаи ин бояд расид».
Воқеан, гӯшаеро ободу зебо кардан ва ба ин васила, бартараф намудани мушкилоти мардум ҳиммати баланд мехоҳаду на ҳар кас ба чунин амал қодир аст. Умар Алиматов истгоҳеро мумфарш кард, ки ба ӯву моликияташ рабте надорад. Гузашта аз ин, касе аз ӯ хоҳиш накардааст, ки чунин як иқдомро татбиқ созад. Вале ӯ сохт, зеро зебопараст  аст, балки соҳибкорест бо дили бузургу дасти гул.
Месазад аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки бо итминони комил изҳор доштаанд: «Минбаъд низ соҳибкорон бунёду нав-созии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайрро ба хотири ободии Ватан, осоиши мардум ва пешрафти давлат идома мебахшанд».
Зарфияти Умар Алиматов аст, ки гӯшаи ноободеро ихтиёр кардаву ба гулзор табдил медиҳад.  
 
Комрон САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2022    №: 197    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед