logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ КИНЕМАТОГРАФИЯИ ТОҶИК

 
Дар моварои таърих хеле кам иттифоқ меафтад, ки як фард дар сарнавишти таърихии ин ё он миллату давлат пешгом, шоистаи ифтихор ва маҳбубияти хосу омро соҳиб шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳои камназир аст. Ӯ барои кулли тоҷикони ҷаҳон, таърихи давлатдории тоҷикон ва арсаи сиёсати ҷаҳонӣ инсони мубораку маҳбуб буду мемонад.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали по ба арсаи сиёсат гузоштан, ба соҳаи фарҳангу санъат афзалият дода, барҳақ гуфтаанд: «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» ё ҷойи дигар мефармоянд: «Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари руҳи миллӣ, расму ойин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад».
Бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе ва дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани қасру кохҳои фарҳанг ва бинои театрҳо аз фарҳангсолорию фарҳангпарварии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир Тоҷикистон бо аксарияти давлатҳои дуру наздик робитаи мустаҳками иқтисодию фарҳангӣ барқарор ва мақоми баландеро дар сатҳи байналмилалӣ касб менамояд. Омори расмии байналмилалӣ далолат бар онанд, ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои рӯ ба тараққӣ қарор дорад. Дастовардҳои бузурги миллатро дар ҳамаи соҳаҳо мушоҳида намудан мумкин аст. Аз ҷумла, дастовардҳои беназири соҳаи синамо назаррас мебошанд. 
Кино ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии мамлакатамон ба ҳисоб меравад ва зери таваҷҷуҳи ҳамешагию меҳварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 
Кино ҳамчун санъати воло ба инсон ғизои маънавӣ бахшида, яке аз беҳтарин роҳу воситаи тарғибу ташвиқи расму ойин, муқаддасот, фарҳанг ва муаррифгари миллат дар арсаи олам мебошад.  Мавриди  зикр  аст,  ки  имсол кинои тоҷик 91-сола мешавад. Аслан, филмҳои тоҷик нахустин бор охирҳои солҳои панҷоҳум манзури ҷаҳониён гардида, филми мазҳакавию мусиқавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» қалби миллионҳо тамошобинро тасхир кард. Аз ҷумла, филм дар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиш дода шуд ва аз ҷониби матбуоти он баҳои баландро сазовор гардида буд. Филми коргардони маъруф Борис Кимёгаров «Қисмати шоир» дар Фестивали синамоии байналмилалии кишварҳои Осиё ва Африко дар Қоҳира ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ»-ро ба даст овард.
Солҳои ҳафтодум ва аввали солҳои ҳаштодуми асри ХХ давраи гулгулшукуфии санъати синамои тоҷик маҳсуб меёбад. Филмҳои аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, силсилафилм аз рӯи мазмуни афсонаи қадимии шарқ «Ҳазору як шаб» ва филмҳои дигар синамои тоҷикро машҳури олам гардонданд.
Солҳои аввали соҳибихтиёрии Тоҷикистон, бо сабаби нооромиҳои сиёсӣ, санъати синамои миллӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Сарфи назар аз ин, «Тоҷикфилм» ва филмофарони ватанӣ рисолати хешро аз даст надода, филмҳои зиёди гуногунжанрро таҳия ва наворбардорӣ намуданд. 
Руҷуъ мекунем ба вазъи синамои тоҷик баъди соҳибистиқлолӣ, ки то кунун се марҳилаи мавҷудият ва рушдро сипарӣ намуда, дар марҳилаи ҷадиди рушду такомул қарор дорад. 
Марҳилаи якум, солҳои аввали соҳибистиқлолиро дар бар мегирад. Дар ин давра бо истифода аз манбаъҳои зеҳнию моддии аз замони шуравӣ боқимонда чандин филми миллии сатҳи олӣ аз ҷониби Бахтиёр Худойназаров «Падари маҳтобӣ», «Қош ба қош» ва Ҷамшед Усмонов «Фариштаи дасти рост» ба навор гирифта шуданд ва «Тоҷикфилм» дар ҳамин солҳо аз уҳдаи истеҳсоли филмҳои сатҳи олӣ баромада тавонист, ҳарчанд филмҳои офаридашуда ба теъдод кам бошанд ҳам, вақт нишон дод, ки ин филмҳо мукаммалу мондагор будаанд.
Марҳилаи дуюм, солҳои аввали баъдиҷангиро дар бар мегирад. Тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҳиҷрат намудани мутахассисони соҳа мушкилӣ ба вуҷуд оварданд. Дар ин давра толорҳои хурди кинонамоишдиҳӣ аз ҷониби ҷавонон ташкил шуданд, ки тавассути видео ба муштариён филм намоиш медоданд. Набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ аз монеаҳои асосии рушд наёфтани кинои тоҷик дар ин давра ба шумор меравад.
Марҳилаи сеюм, пас аз мушкилиҳои баъдиҷангӣ ва норасоиҳои кадрӣ, зарурати тағйироти соҳа пайдо шуд, аз ин рӯ, марҳила ба марҳила барномаҳои рушди кино дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди кино», ки ба тасвиб расида буд, рӯи кор омад. 
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри инкишофу густариши синамои ватанӣ соли 1994 Қонун “Дар бораи кино” ба тасвиб расид, ки оғози рушди кино дар даврони солҳои баъди соҳибистиқлолӣ гардид. Пасон, ҷиҳати тақвият ва рушди соҳа Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 - 2010, Барномаи рушди кино барои солҳои 2011 - 2015 ва Барномаи рушди кино барои солҳои 2018 - 2022 қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд, ки ин ҳама бо дастгирӣ ва ташаббусҳои пайдарпайи Сарвари давлат мебошанд.
Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 марҳила ба марҳила амалӣ гардида, фароҳам овардани шароити мусоидро барои фаъолияти самараноки соҳаи кинои ватанӣ таъмин менамояд. 
Ҳамзамон, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди кинематографияи миллӣ ва татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи синамо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 30-юми майи соли 2015, № 355 Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис дода шуд.
Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2017, № 598, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ташкил шуд. «Тоҷикфилм» имкон пайдо намуд, ки нахустин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ шуъбаву раёсатҳояшро дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои водии Рашт таъсис диҳад. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тули 30-соли соҳибистиқлолӣ тавонист филмҳои миллӣ, аз ҷумла 49 филми пурраи ҳунарӣ, 38 филми кӯтоҳи бадеӣ, 162 филми мустанад ва 9 филми тасвириро рӯйи навор оварда, манзури алоқамандони синамо намояд. Дар баробари кинотеатрҳои хусусию ғайридавлатӣ, бори аввал дар даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кинотеатри «Ватан» ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собировро навсозӣ ва мавриди истифода қарор дод.
Аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022 Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 56 филми нав, аз ҷумла 14 филми ҳунарӣ, 26 филми мустанад, 11 филми кӯтоҳи ҳунарӣ ва 5 филми аниматсионӣ, истеҳсол ва пешкаши тамошобинон гардонд. Солҳои охир филмҳои коргардони муваффақ Носир Саидов ба монанди “Қиёми рӯз”, “Муаллим” ва “Роҳ” дар синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Аз ҷумла, филми "Роҳ“ соҳиби Шоҳҷоизаи аввалин Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” шуд.
Филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо»-и Умед Мирзоширинов дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Қазони Федератсияи Россия, ки аз 7 то 11 сентябри соли 2022 доир шуд, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардид.
Бо ҷоизаю мукофотҳои байналмилалӣ қадр шудани филмҳои «Тоҷикфилм» дар даврони соҳибистиқлолӣ аз рушду нумӯи соҳаи синамои ватанӣ дарак медиҳанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.
 
Маҳмадсаид ШОҲИЁН, директори МД «Тоҷикфилм»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2022    №: 197    Мутолиа карданд: 1172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед