logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ». ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ҶАМЪБАСТ ШУД

 
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -  рӯзномаи «Ҷумҳурият»  фаъолияти нуҳмоҳаашро ҷамъбаст намуд. Ҷаласаро сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода  ҳусни оғоз бахшида, зимни таҳлили фаъолияти кормандони эҷодиву техникӣ натиҷаҳоро чашмрас арзёбӣ кард. 
 
- Рӯзнома, ки ҳафтае панҷ маротиба бо теъдоди 48 ҳазору 150 нусха аз чоп мебарояд, ҳамчун нашрияи расмӣ  дар тарғибу ташвиқ ва иҷрои ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар, алалхусус дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд,  саҳми арзанда мегузорад. Ба матлабҳои муғризонаи доираҳои манфиатдор сари вақт вокуниш нишон дода, ҷомеаро бо иттилои воқеӣ таъмин месозад. Давоми нуҳ моҳи сипарӣ рӯзнома ин рисолати хешро пурра иҷро намуд. Ҳайати эҷодии рӯзнома  тавонист тамоми  рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро пурра инъикос намояд. Рӯзнома, ҳамчунин, матлабҳое ба нашр расонд, ки дар баланд бардоштани   сатҳи маърифатӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ таъсири амиқ мегузоранд. Ҳайати эҷодӣ, дар баробари омода намудани хабару гузоришҳо, матлабҳои таҳлилию танқидӣ низ ба нашр расонд, ки аз ҷониби хонандагон ҳамовозии зиёд ба бор овард. 
Таъкид гардид, ки чанде пеш «Ҷумҳурият» ба пешвози Рӯзи забони давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри махсуси рангаро дар ҳаҷми 70 саҳифа бо сифати баланд аз чоп баровард. Матолиби нашршуда роҳи шебу фарози таърихи навини давлатдории моро мунъакис менамояд, ки бо мутолиаи онҳо рӯйдодҳои соҳибистиқлолӣ пеши назар меоянд.   
Ин муддат ютуб-канали рӯзнома низ фаъол буд ва якчанд барномаҳои пурмуҳтаво омодаву манзур дошт. Ҳайати эҷодӣ ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ, иду ҷашнҳои миллӣ чорабиниҳои гуногун ташкил намуда, ба ин восита, дар пиёда сохтани сиёсати фарҳангӣ ва рушди кишвар саҳм мегиранд.
Масъалаи дигаре, ки дар маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифт, дар сатҳи баланд доир намудани озмуни навбатии «Ҷумҳурият» «Дуои модар» мебошад. Зикр шуд, ки озмун бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гашта, тибқи нақша, соли 2023 дар арафаи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ду бахш ҷамъбаст мегардад.
Ҳадафи озмун пайравӣ аз арҷгузории камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан - Модар ва ба ин роҳ тақвияти ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар роҳи дӯст доштани Модар - Ватан арзёбӣ гашт. 
Ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» масъалаи ба сафи ҳизб пайвастани кормандони ҷавони рӯзномаро баррасӣ намуд. Дар маҷлис ба 7 нафар корманди рӯзнома: Наргис Розиқова, Зулола Бобораҷабова, Сайфулло Ашуров, Комрон Сафаров, Маҳмуд Мирзоён, Зикрулло Раҷабов, Шаҳноза Сабурова ва  Ҷӯрабек Негматов, ки ба сафи ҳизб пайвастаанд, дафтарчаи узвият супурда шуд.  
                                                                         
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2022    №: 197    Мутолиа карданд: 840
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед