logo

Хабарҳо

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА» БАРРАСӢ ШУД

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»» баргузор гардид. Дар он даҳҳо пажӯҳишгарону шоҳномашиносон аз кишварҳои Россия, Британияи Кабир, Австралия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Қабл аз ифтитоҳи Конфронс, ҳамоиши тасвиру нигоштаҳо, миниатюраҳои таърихӣ, инчунин, нусхаи китобҳои “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсиро,  ки  мутааллиқ ба асрҳои XV – XVI аст, ба тамошо гузоштанд.
- Олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла форсизабонони ҷаҳонро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯем. Бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба нобиғаҳои тоҷику форс, дастхатҳо ва омӯзиши таъриху тамаддун дар сатҳи баланд сурат мегирад ва мо гузаштагони худро якҷо бо мероси нотакрорашон ҳамеша азиз медорем, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ.
Дар Конфронс, ҳамчунин, мавзуъҳои муҳиме, ба монанди «Шоҳнома» - и туркӣ дар Маркази мероси хаттии назди АМИТ аз Ҷейми Комсток - Скип, «Аз Пешдодиён  то Каёниён»-и Масъуд Миршоҳӣ, «Чаҳордаҳ шаҳр ва чаҳор дарёи Афғонистон дар «Шоҳнома»-и Абдулмуқим Ниҷборӣ баррасӣ шуданд, ки дар бозгушоии муаммоҳои таърихӣ муҳиманд. 
Ҳозирон талоши Тоҷикистонро дар бузургдошти Фирдавсӣ ва дарёфти ҳақиқати таъриху тамаддун хуш истиқбол карда, аз Осорхона ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5085
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед