иҷтимоиёт
МЕЪМОРИ ВАҲДАТ
Тоҷикон роҳи дуру дароз ва мушкилу пурпечутоби таърихиро дар тули қарнҳо тай намуда, ҳамеша бо душманони дохилӣ ва хориҷӣ баҳри озодӣ, истиқлол мубориза мебурданд. Баъди Инқилоби Октябр ва шикасти аморати Бухоро дар соли 1920 соҳиби давлат шуданд ва ба озодии нисбӣ ноил гаштанд. 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба даст омад. Вале ҳанӯз шаҳди соҳибихтиёриро начашида, душманони хориҷӣ ва дасисакорони дохилӣ бо мақсади аз байн бурдани ин давлати тозаистиқлол ҷанги шаҳрвандиро ба сари мардуми сулҳдӯст таҳмил намуданд. Хушбахтона, “тирашон хок хӯрд”. Фикри солим ғолиб баромад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб идома ёфт, дар ҳалли мушкилоти тоҷикон нақши муҳим бозид. Иҷлосияи таърихӣ тавонист фазои ғуборолуди Тоҷикистонро тоза намояд, кинаҳоро аз дилҳо рабояд, мардумро ба ҳам орад, ҳамагонро ҳушдор диҳад, ки Тоҷикистон ягонаю воҳид аст ва намебояд онро пора кард; Тоҷикистон аз мардум асту мардумаш бо он зинда аст.
Иҷлосияи давлатсоз таноби тиллоранги бахти Ватанро ба абармарди миллат, фарзанди шуҷову далери худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 19 ноябр тариқи овоздиҳӣ бо гирифтани 186 овоз, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, супурд. Ин бузургмард тавонист ҷараёни иҷлосияро бо андешаҳои солиму воло, иқдоми наҷиб дигар намояд:
“Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам”, – замима гаштанд барои баҳамоии тоҷикон ва тантанаи сулҳу субот.
Музокироти сулҳи байни тоҷикон ва сохтори он – Комиссияи оштии миллӣ ба ҳукми таърих рафтанд. Ин таърихест, ки аз номи давлати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштанд.
Гуфтушуниди байни тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар сатҳҳои гуногун 216 рӯз давом кард, бо қабули ду ҳуҷҷат: Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон” ва Изҳороти Москва анҷом ёфт. Имзои Созишнома воқеаи бузурге дар сарнавишти тоҷикон мебошад. Аз ин рӯ, Президенти муҳтарамамон барои шукргузорӣ 30 июни ҳамон сол ба зиёрати Каъба рафтанд. Зеро дар даргириҳои дохилӣ бештар аз яку ним миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷои зисти худро маҷбуран тарк карда буд. Аз ҷумла, беш аз 60 000 нафар ба Афғонистон, 400 000 нафар ба кишварҳои ИДМ фирор намуда буд. Беш аз 700 000 нафар дар Тоҷикистон дур аз манзил сарсону саргардон буд. Дар натиҷаи дастурҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ҳукуматдорони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои гурезаҳо қариб ҳамаи гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд.
Барои тантанаи сулҳ дар сарзамини тоҷикон саҳми як қатор шахсиятҳо, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ шоиста ва назаррас аст. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар таъмини сулҳ ва оромии кишвар саҳми арзандае гузоштаанд. Замоне, ки мамлакатро хатари парокандагӣ фаро гирифта буд, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди зимоми давлатдориро ба даст гирифтан, 12 декабри соли 1992 дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон чунин гуфтанд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам!”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин гуфтаҳои худ содиқ монда, тавонистанд ҳамватанони фирориро ба хонаву дари худ баргардонанд ва сулҳ биёранд. Гуфтан ҷоиз аст: муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ “меъмори ваҳдат”ва “поягузори давлат” мебошанд. Ин ҳақиқатро на танҳо тоҷикону тоҷикони дунё, балки тамоми мардуми сулҳпарвари кишварҳои ҷаҳон эътироф кардаанд.
Фарангис ЭШОНҶОНОВА, коршиноси масоили сиёсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 695