logo

фарҳанг

ФАРҲАНГОФАР

 
26 июни соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ифтитоҳи толори бузурги «Арғунун» дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ширкат варзида, суханронӣ намуданд. Он рӯз, воқеан, санаи басо гуворо ва хотирмон маҳсуб меёфт, зеро бори аввал дар ҳузури Сарвари давлатамон  бузургтарин сози  мусиқии ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ эҳё гардида, нахустин маротиба Суруди миллии Тоҷикистон дар иҷрои ин соз танинандоз шуд. 
 
Эҳёи арғунун дар толори махсусгардондашуда, қабл аз ҳама, бо ибтикор ва ташаббуси Президенти кишвар сурат гирифт. Бо супориш ва маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Сарвари давлат аз Ҷумҳурии Чехия мутахассисон ба Душанбе даъват шуданду таи ду моҳ ин сози нодирро комилан тармим намуда, бо таҷҳизоти муосири компютерӣ пайваст карданд. Дар рӯзи ифтитоҳи Толори «Арғунун» аз шаҳрҳои Москваю Қазони Федератсияи Россия устодони варзидаи сози арғунун – профессор Л. Шишханова ва Р. Абдуллин барои иҷрои осори бузургони ҷаҳон ташриф оварданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ин сози пурҳашамат, ки зиёда аз ду ҳазор найҳои садобарор дорад, аз наздик шинос шуда, дар назди ҳозирин – аҳли зиё ва намояндагони парлумону Ҳукумати мамлакат суханронӣ намуданд. Раҳбари муаззами кишвар аҳли ҳунар ва мухлисони мусиқии классикиро бо ин комёбии бузурги фарҳангӣ муборакбод намуда, зикр карданд: «Мо бо таваҷҷуҳи хоса барои аз нав эҳё намудани ягона сози арғунун дар  мамлакат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ҷониби Ҷумҳурии Чехия ба он ноил гардидем, ки ин сози рамзан хеле қадимии тоҷикӣ ва воқеан бузургтарин сози мусиқии ҷаҳонӣ, дар пойтахти мо низ ба садо ояд. Арғунунро имрӯз дар ҳамаи марказҳои фарҳангии ҷаҳон медонанд ва мусиқии онро дӯст медоранд. Кунун мардуми шарифи Тоҷикистон низ имкон доранд, ки мусиқии сеҳрангези  арғунунро дар ин толори зебо гӯш андозанд».
Ҷаноби Олӣ баъд аз анҷоми суханронӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Копетски, роҳбари гурӯҳи тармимгарон Р. Клима ва ҳунармандони арғунуннавози Россия Р. Абдуллин ва Л. Шишханова ҳамсуҳбат шуда, ба онҳо барои саҳмгузорӣ ва иштирокашон дар ин чорабинии нодир изҳори сипос намуданд. Суҳбат хеле самимӣ буд, аз ҷумла Л. Шишханова, яке аз устодони варзидаи ҷаҳонӣ дар сози арғунун, изҳор намуд, ки аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи сози арғунун хеле сипосгузор аст.
Сипас, дар толор садои пурҳашамат ва ғулғулаангези арғунун баланд гардид. Ҳозирин бори нахуст оҳанги Суруди миллии Тоҷикистонро дар иҷрои арғунун  гӯш карданд. Ин лаҳза хеле ҳам таъсирбахш буд, зеро, дақиқан, собит шудааст, ки решаҳои қадимии ин соз бо номи «Найбаст» ба таърихи мусиқии халқи тоҷик пайвандӣ дорад. Беҳуда набуд, ки таи ҳазор сол дар авроқи нотакрори назми классикии мо шоирон бо меҳру муҳаббат арғунуни фалакро васф мекарданд. Шайх Саъдӣ фармуда буданд:
Дидори дилфурӯзаш дар поям арғавон рехт,
Гуфтори ҷонфазояш дар гушам арғунун зад.
 
Шоири шаҳир Зебуннисо низ васфи арғунун мекард:
Гарчи беҳушам зи дарди ишқ баҳри имтиҳон,
Дар таҳаррук нолаҳои арғунун орад маро.
 
Меҳмонони  арғунуннавоз  асари  маъруфи  И. Бах «Токката» - ро навохтанд, суруду оҳангҳои тоҷикӣ бо арғунун ҳамсадо шуданд ва базми пуршукӯҳ барпо гардид. Ҳозирин бо самимият ва шукри беандоза ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд, зеро эҳёи сози арғунун ва ин толори зебо минбаъд ба аҳли ҳунар манбаи илҳом ва ба тамоми аҳли зиё сарчашмаи таҳаррук хоҳанд буд. 
Имрӯз арғунун аз саҳрои фарохи орзуву ҳасратҳои бузургони миллатамон, аз осмони тахайюли онҳо ба беҳтарин саҳнаи Тоҷикистони соҳибистиқлол фуруд омад. Оё ҳамин набуд омолу ниятҳои Рӯдакиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода!
Ин сози бузург маҳз дар натиҷаи дастгирӣ ва ғамхории  Пешвои миллат эҳё гардида, рӯи ин саҳнаи зебо маскан ёфт. Ин соз минбаъд рамзи пайвандии моро бо тамаддуни ҷаҳонӣ таҷассум менамояд, мусиқии он тоҷиконро ба ҷаҳон ва ҷаҳониёнро бо Тоҷикистон пайванд месозад.  Бо лаҳни мутантани Суруди миллӣ ҳамовоз гардидани сози арғунун рамзи қудрату тавоноии нав пайдо кардани давлат ва миллати Тоҷикистон мебошад.
Зиҳӣ, Тоҷикистон! Зиҳӣ Сарвари фарҳангофарини Тоҷикистон!  
 
Аслиддин НИЗОМӢ,
мудири шуъбаи санъатшиносии раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2022    №: 198    Мутолиа карданд: 1181
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед