энергетика
БА ФАЪОЛИЯТИ НАХУСТЧАРХАИ НБО “НОРАК” 50 СОЛ ПУР ШУД
“... Ҳанӯз ҳангоми бунёдаш Неругоҳи барқи обии “Норак” асоси инкишофи соҳаҳои нави сохтмону саноат, тайёр кардани кадрҳои босалоҳияти истеҳсолоту илми Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Он ҳатто дар рӯзҳои вазнинтарин ҷумҳуриро бо қувваи барқ таъмин намуда, дар эътидолу инкишофи иқтисодиёташ ҳиссаи муҳим гузошт...”
Эмомалӣ РАҲМОН
АГАР НОРАК НАМЕБУД...
Норак шаҳрест на он қадар бузург, лек таърихи бунёдашро гуфтанҳову шуниданҳо мебояд. Онро шаҳри нурофарон – энергетикҳо ном мебаранд. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар китобаш “Тоҷикон” ишорае дорад, ки гузаштаи ба чашми таърих дуру тулонӣ – асри сангин, дар ин мавзею макон одамон зиндагӣ кардаанд.
Дар замони Ҳукумати Шуравӣ ин мавзеъ, яъне соҳили Вахши пурасрор пажӯҳишгоҳи олимону мутахассисини соҳаи кӯҳшиносиву ганҷкушоиҳо қарор доштааст. Ҳанӯз ҳамон солҳо барои бунёди Неругоҳи барқи обӣ мувофиқ будани шаҳри Норак таваҷҷуҳи мутахассисону коршиносонро ҷалб кардааст.
Хотираҳои 50-солаи собиқадори сохтмони
Неругоҳи барқи обии “Норак” Сафар РАҲИМОВ,
дорандаи орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат:
- Надонам, чӣ сабаб шуд, ки он шаб маро хоб тарк карда буд. Пайваста паҳлу мегаштам ва аҳёнан, чашмон сӯи само ба сарам хаёлҳои зиёд меомад, овони туфуллият, наврасӣ ва фаъолияти мустақилу кор дар бунёди Неругоҳи барқи обии “Норак”. Авроқи зиндагиро саҳифа мезадам ва ба худ мегуфтам:
- Умри хеш бад сипарӣ накардаам, синни нафақаро шарафёб шудаам, шукри Худо миёни мардум ҳам эътибор дорам, фарзандони солеҳ тарбият кардаам, давлати пирӣ меронам, боқӣ шукрона мемонаду бас...
Ҳамин тавр, сайри маънии зиндагӣ мекардаму ҳикмате ба ёдам зад:
Ҳарчанд ба ишрат гузарад давраи пирӣ,
Овони ҷавонӣ натавон кард фаромӯш.
Овони ҷавониеро, ки ман сипарӣ кардаам, басо хотирмону омӯзанда аст. Лаҳзаҳои ҷавонмардиву ғалабаҳо, далериву ҷасурӣ, матонату шуҷоат. На ҳама кас ба чунин атвори ҳамидаи башарӣ дастёб мешавад. Ҷомеаро мебояд аз чунин падидаҳои пазируфта бархӯрдор бошад ва моро низ зарур аст барои имрӯзиёну фардоинаҳо ёдрас бишавему бигӯем, то онҳо низ дар замони хеш мавқеи худ пайдо бикунанд. Ба ҳамин андешаву афкор лаҳзаҳои нотакрори ҳаётамро ба хотир овардам.
Барои ман аз ҳама бештар хотирмон аст, соле, ки нахустин чархаи Неругоҳи барқи обии “Норак” ба кор даромад, 15 ноябри соли 1972. Чӣ лаҳзаҳое буданд хушоянду хотирмон. Шодиву сурур, фараҳмандиву ифтихорро он рӯз ҳадду канор набуд.
Намояндагони чиҳил халқияту миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки паҳлуи ҳам Неругоҳи барқи обии “Норак”-ро бунёд мекарданд, бо соҳибватанон мерақсиданду меболиданд. Ана аз ҳамон рӯз то ба ин дам 50 сол пур мешавад. Чаро он рӯзи муборакро ёд накунем.
Ибтидои соли 2011, замоне, ки раисии шаҳри Норак ба уҳдаи марди шарифу зариф Хайрулло Сафарзода вогузор шуда буд, 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардид. Шаҳри Норак ороставу пероста меҳмонони дохиливу хориҷиро истиқболу пазироӣ мекард.
Ташрифи мубораки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллатро ба ифтихори таҷлили Ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба Норак мардуми маҳалливу меҳмонони ҷашнвора солҳои мадид дар хотирҳо нигаҳ хоҳанд дошт.
Зимни суханронии шуълавару пурмуҳ-таво Ҷаноби Олӣ бо орияти ба худ хос ироа доштанд: “Агар “Норак” намебуд, чӣ кор мекардем?” Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки ба қадри нуру рӯшноӣ, ба манзалати нурофарону рӯшноибахшон расидан лозим, на танҳо имрӯз, балки солҳову қарнҳо”.
Бале, гузашти рӯзгор ва ҳар соҳаеву ҷамъиятеро таърихе ҳаст, аз ҷумла дирӯзу имрӯз ва фардои энергетикаи тоҷикро.
Тоҷикистон, агар 85-умин кишвар аз нигоҳи масоҳат дар дунё бошад, хушбахтона, захираҳо ва манбаъҳои гидроэнергетикии он дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад, пас аз Чин, Россия, ИМА, Британия, Конго, Ҳиндустон ва Канада. Дар Осиёи Марказӣ бошад, дар ҷойи аввал. Тибқи маълумот потенсиали барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон 527 миллиард кВт-соат ҳисоб шудааст.
Дарёи Вахш, ки 372 километр дарозӣ дорад ва ба дарёи Ому мерезад, дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад ва манбаи бузурги силсиланеругоҳҳои барқи обии маҷрои хешро таъмин мекунад. Майдони ҳавзаи дарёи Вахш 39100 км2-ро ташкил медиҳад ва дар паҳнои он шаҳрҳои Норак, Левакант, Бохтар ва чанд ноҳияҳои водии зархези Вахш арзи вуҷуд кардаанд.
Соли 1959 дар дарёи Вахш Неругоҳи барқи обии “Шаршара”, соли 1963 Неругоҳи “Сарбанд” ва соли 1964 Неругоҳи “Марказӣ” сохта ба истифода дода шуданд.
Бунёди азамати гидроэнергетикаи тоҷик - Неругоҳи барқи обии “Норак” соли 1961 оғоз гардидаву нахустчархааш соли 1972 ба истифода дода шудааст, ки ҳамакнун ба ин воқеаи муҳиму хотирмон 50 сол пур мешавад. Агрегати охирин соли 1979 ба истеҳсоли барқ шуруъ кардааст. Иқтидори лоиҳавии Неругоҳ 2700 мВт буда, аз 9 агрегати иқтидори ҳар кадом 300 мВт иборат буд. Соли 1988 ҳамаи 9 агрегати Неругоҳ таҷдид ва иқтидори ҳар кадом ба 335 мВт ва иқтидори умумӣ ба 3000 мВт расид.
Соли 2009 чархи кории агрегати 3 ва соли 2010 чархи кории агрегати 8 бо ташаббус ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз шудаанд.
Аввалин раисони комиҷроияи шаҳри Норак Раҷабалӣ Ҷалилов (аз соли 1961), Карим Миралиев (аз соли 1962) ва Боймирзо Шукуров (аз соли 1964) таин шудаанд.
Соли 1961 Шамсулло Юсуфов, ки роҳбари мудирияти Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, ба вазифаи муовини аввали сардори сохтмони “Норак” таъин гардид.
Сафаралӣ Ниёзов, ки қаблан дар комитети ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи нақлиёт фаъолият дошт, то ба вазифаи роҳбари яке аз трестҳои бонуфузи Иттиҳоди Шуравӣ – Трести сохтмонию васлгарии “Тоҷикэнергострой” сабзид.
Соли 1963 зарурати ногузири кадрҳо тақозо намуд, ки Бюрои Комитети марказии комсомоли Иттиҳоди Шуравӣ бунёди Неругоҳи “Норак”-ро сохтмони зарбдори комсомоли умумииттифоқӣ эълон намояд. Дар ин амали хайр саҳми Комитети марказии комсомоли ҷумҳурӣ бо сарварии Г.Б.Бобосодиқова боризу босазо буд.
Барои ҷалби кадрҳои коргарӣ, аз ҷумла ҷавонон, ба ин сохтмони азим рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва марказӣ “Коммунисти Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ” ("Ҷумҳурият"), “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”), “Комсомолская правда”, радио ва телевизион ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Аввалин тоҷикписароне, ки бо маълумоти олии муҳандисӣ ба сохтмон омаданд С. Давронов – муҳандиси сохтмон, Г. Сайфиддинов – муҳандиси барқ ва Я. Мирфозилов – муҳандис-механик буданд.
Бо ёрии ин муҳандисон дар назди корхонаҳо ронандагони булдозер, экскаватор, “БелАЗ”, хиштчин, кафшергар, челонгар тайёр менамуданд.
Солҳои 70-уми асри гузашта як гурӯҳ тоҷикписарони норакие, ки падару бародаронашон дар сохтмони Неругоҳ кор мекарданд, пас аз хатми Донишкадаи техникии Тоҷикистон ҳамчун муҳандисони ҷавон ба Норак омаданд: Гулмаҳмад Алиев – муҳандиси барқ, Гурез Боев – муҳандиси барқ, директори вақти НБО “Бойғозӣ”, Маҳмадсаид Шамсуллоев – муҳандиси сохтмон, раиси вақти шаҳри Норак, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ҳоло директори техникии НБО “Роғун”, Маҳмадшо Фозилов – муҳандиси сохтмон, Раҷабмурод Ҳусейнов – муҳандиси сохтмон, Лола Шарифова – муҳандиси сохтмон, Абдулло Ёров – муҳандиси барқ, вазири вақти энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматулло Асоев – муҳандиси барқ ва дигарон. Умуман, дар сохтмон намояндагони беш аз 40 миллату халқият фаъолият доштанд.
Дар бунёди Неругоҳи “Норак” дар қатори бисёр дигар миллатҳо тоҷикписарони матине буданд, ки бо меҳнати ҳалолу шоиста эътибору обрӯи зиёд доштанд. Ба монанди механик-муҳандис Яҳё Мирфозилов, баъдтар раиси комиҷроияи шаҳри Норак, дорандаи ордени “Дӯстии халқҳо”, Муҳаббат Шарифов – бетонрез, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Тоҷиддин Қодиров – кафшергар, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Сино, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Абдулло Саидов – аввалин экскаваторчии тоҷик, дорандаи орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат, Нурулло Шулашов – собиқ директори генералии ҶСК “НБО Роғун”, Ҳ. Ёров – собиқ раиси шаҳри Норак, Ш. Раҳимов – собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одина Саидов – кӯҳнавард, дорандаи ордени Шараф, Ҷаҳонгир Мусоев – ронанда, дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Хайрулло Абдуллоев – ронандаи “БелАЗ”, дорандаи ордени Шараф, Сафар Раҳимов – экскаваторчӣ, дорандаи орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат.
Ҳоло Неругоҳи барқи обии “Норак”-ро Фазлиддин Шоиддинов, ки корро дар ҳамин иншоот аз шогирдӣ оғоз кардааст, сарвар аст. Сармуҳандиси Неругоҳ Маҳмадамин Маҳмадсаидзода аст. Ӯ дар оилаи муҳандисҳо тарбия ёфтааст.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри нурофарон – Норак ва чароғистони он эътибори хосса медиҳанд. Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳояшон бо мардуми шарифи Тоҷикистон ифтихормандона мегӯянд, ки мо умри “Норак”-ро бо бунёди “Роғун” ба даҳсолаҳо дароз мекунем. Минбаъд ба “Норак”-у “Бойғозӣ”-ву “Сангтӯдаҳо” ва “Сарбанд”-у дигар иншооти энергетикии поёноби Вахш оби зулол ҷорӣ мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки муҳандисону энергетикҳои тоҷик пас аз “Норак”-у “Помир-1” таҷрибаи бою ғанӣ андӯхта, имрӯз дар бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ – “Роғун” бо сарбанди баландтарини дунё-335 метр хизмат мекунанд. Бунёдгарони “Роғун”, ки ба ҳисоби миёна вобаста ба вахтаҳо 15-20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, 97-98 дарсадашон мардуми Тоҷикистони мустақиланд.
Имрӯз дар “Роғун”-е, ки лоиҳааш назир надорад, беҳтарин мутахассисони дохиливу хориҷӣ бо муқтадиртарин техникаи ҷаҳонӣ ва маъруфтарин технологияи олам маъвои нур бунёд мекунанд.
“Роғун” муъҷизаи даврони истиқлол аст, истиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик. “Роғун” дорулфунунест, ки он ҷо дарси худшиносиву ҳувиятро аз бар мекунанд ва аз заковати ақлониву фитрии поягузори асили он Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар мешаванд.
Агар дар бунёди “Норак” дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ қобили таъкид бошад, дар бунёди “Роғун” илова ба дӯстиву бародарии миллату халқиятҳо номусу нанги миллӣ, шуҷоату матонат ва диловарию ғурури тоҷикона дар майдони набард шоистаи таҳсинҳост.
Он рӯз дур нест, ки роғунсозон низ чун нораксозон фатҳи қуллаи мурод хоҳанд кард, ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро ба истиқлоли комили энергетикӣ шарафёб хоҳанд намуд ва овоне фаро мерасад, ки 100- солагии нахустчархаи “Роғун” ҳам мутантан таҷлил хоҳад шуд.
Саидқул ҚУРБОНОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2022 №: 198 Мутолиа карданд: 1554