logo

иҷтимоиёт

ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

 
Ҷанги фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ фурӯ бурда, ҷони зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафарро гирифту наздики сад ҳазор кӯдакро бепадару даҳҳо ҳазор хонадонро бесаробон кард. Дар он шабу рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбаре ниёз дошт, ки бо тавонмандӣ кишварро аз оташи ҷанг раҳо кунаду зиёда аз як миллион нафар шаҳрванди кишварро, ки ба давлатҳои ҳамсоя паноҳ бурда буданд, ба Ватан баргардонад.
Ҳамоно гурӯҳҳои мухолифин барои барқарор намудани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона зиддият нишон медоданд. Душманони миллат намехостанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта шаваду дар қатори дигар кишварҳо рушд кунад. Миллатро хатари нобудшавӣ таҳдид мекард. Нафаре намехост масъулияти вазинини роҳбарии  кишвари ҷангзадаро ба уҳда гирад.
Шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) моҳҳои сентябр – октябри соли 1992 ҷангҳои шадид ва хунинро аз сар мегузаронд. Гурӯҳҳои мухолиф бераҳмона бо истифода аз ҳар гуна силоҳҳои ҷангӣ мардуми бегуноҳро мекуштанду хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тандурустиро оташ мезаданд. Гаравгонгирии одамон ба авҷи аъло расида буд. 
Миллатеро, ки баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати шуравӣ ба ду ҷабҳаи комилан ба якдигар мухолиф ҷудо шуд, ба оштӣ овардан кори осон набуд. Саркардагони ҷанги таҳмилӣ бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ, ки нақшаи парокандагии кишварро тарҳрезӣ карда буданд, тамоми гурӯҳҳои мухолифро бо яроқу аслиҳа мусаллаҳ намуданд. Дар натиҷа кишвар ба коми оташ кашида шуд. Давлати тоза соҳиби истиқлолшудаи Тоҷикистон мисли тифле, ки падару модари худро аз даст дода бошад, бесоҳиб монд. Ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пойтахти кишварро идора мекарданд.
Сиёсатмадор Карлс Ясперс навиштааст: “Инсони бузург худ таърихро монад. Таърих бо зуҳури чунин шахсиятҳои бузург оғоз мегардад”. Ақли солим ғалаба кард. Барои наҷот додани Тоҷикистон вакилони мардумӣ 26-уми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб гирд омаданду ба кори Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ карданд. Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, бо тамоми масъулият, донишу таҷриба ва кӯшишу тавоноии худ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон оғоз бахшид.
Мардуми кишвар ташнаи сулҳ буданду орзу мекарданд, ки зудтар Тоҷикистон аз гирдоби ҷанг раҳо гардаду гурезагони тоҷик ба Ватани худ баргарданд. Аз ин рӯ, бо пешниҳод ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон оғоз аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 музокирот байни тоҷикон давом кард. Дар ин муддат 8 даври музокирот байни Ҳукумат ва мухолифин, 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин баргузор гардид. Дар рафти ин музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистонро дар бар мегирифт, қабул шуд. 
Ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва кишварамон амалан аз марҳалаи ҷангу даргирӣ ба марҳалаи нави рушд – созандагию бунёдкорӣ ворид гардида, ба яке аз кишварҳои амни ҷаҳон табдил ёфт. Пешвои муаззами миллат тавонистанд сулҳу субот, амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикро дар қаламрави кишвар таъмин намоянд ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшанд. 
 
Камолиддин КАРИМОВ, 
омӯзгори МТМУ № 10, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2022    №: 198    Мутолиа карданд: 616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед