logo

Хабарҳо

ШАҲРИНАВ. БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 
Дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии  XVI Шурои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии беморхонаи марказии ноҳия пас аз  навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Зимни ифтитоҳи он Абдухолиқ  Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав,  ширкат варзиданд.  
Шуъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 8 ҳуҷраи муолиҷавӣ, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраҳои корӣ ва 20 кати хоб барои беморон мебошад. Ҳамзамон, шуъбаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии кардиоманитор, пирометр, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, луобкашак, оксигенератор, ларингоскоп, пулсиоксиметр ва ЭКГ таъмин гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар беморхона дастрасӣ ба хатти оксиген мавҷуд набуд, ҳангоми зарурат он аз шаҳри Душанбе ё Турсунзода дастрас карда мешуд. Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона стансияи истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хатти таъмини он муҳайё шудааст. 
Зимни шиносоӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Абдухолиқ Амирзода иброз намуд: “Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ имрӯз шуъбаи мазкур навсозӣ шуда, тамоми шароитҳои зарурии корӣ муҳайё гардонда шуданд. Масъулонро зарур аст, ки  истифодаи босамари дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро риоя карда, бо беморон муомилаи хуб намоянд”.   
Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав изҳор дошт: “Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дармонгоҳҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар доираи татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат, махсусан дар ноҳияи Шаҳринав, комёбиҳо назаррасанд. Ин раванд имкон дод, ки соҳаи тандурустӣ рушд намуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад”. 
– Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ низ, зина ба зина рушд намуда, мушкилиҳо бартараф мешаванд. Ин аст, ки  барои муолиҷаи беморони вазнин дар шуъбаҳои эҳёкунанда, таваллудхона, бемориҳои дил, ҷарроҳӣ, бахши ҷарроҳӣ, бемориҳои сироятӣ 60 нуқтаи хатти оксигени тиббӣ насб гардид, – изҳор дошт  Ғайбулло Раҳимзода сартабиби беморхонаи мазкур.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед