logo

сиёсат

ТАРАБХОНАИ БРАЗИЛИИ "ЛАТИНА-ДУШАНБЕ" ЭЪМОР ГАРДИД

 
17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт тарабхонаи бразилии "Латина-Душанбе" (Latina-Dushanbe)-ро ифтитоҳ карданд.
Тавре иттилоъ доданд, иншооти нави хизматрасонӣ, ки дар маҳали хушбоду ҳавои соҳили "Кӯли ҷавонон" қомат афрохтааст, ба хотири ба мизоҷон расондани хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ ва пешниҳод кардани таомҳои наву гуногуни болаззат бо бренди ширкати машҳури бразилӣ сохта шудааст. Соҳибкорони ватандӯст, дар баробари бунёди иншооти муосири маишию хизматрасонӣ, ба масъалаи таъсису таъмини ҷойҳои нави кор барои сокинони пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Дар тарабхона 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гашт.
Тарабхона имкон дорад дар як вақт ба 250 нафар хизмат расонад. Он аз дигар марказҳои маишию хизматрасонӣ бо тарҳи нодир ва тарзи нави пешниҳоди сихкабобҳову хӯришҳои гуногун фарқ мекунад. Ороиши зебои тарабхона, истифодаи ашёҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мусиқии форам иқлими гарми кишвари бразилияро бозгӯ менамояд.
Иншоот бо усули "франшиза", яъне дар асоси шартнома истифода бурдани бренди машҳури хориҷӣ ва технологияи он бунёд ёфт. Барои пеш бурдани кори тарабхона ва пухтани таомҳои гуногун шаҳрванди Бразилия ҷалб гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ошпазҳо ва кадбонуҳои тоҷик ба мардум хизмат мерасонад.
Дар тарабхонаи "Латина-Душанбе", ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ нахустин мебошад, 110 намуд хӯрок тайёр ва ба мизоҷон пешниҳод мешавад. Атрофи тарабхона барои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони дохилӣ ва назаррабо гардондан  бо дарахтони нодири ороишӣ оро ёфтааст. Дар фасли гармо имкон аст, ки дар ҳудуди тарабхона ва лаби соҳили кӯл зери чатрҳои сафед ба меҳмонон таомҳои лазиз ва дигар хизматрасониҳо пешкаш гардад.
Бо бовар гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир ва дар ҳолати афзоиши шумораи сайёҳону меҳмонони пойтахт, фаъолияти чунин иншооти муосир ба талабот ҷавобгӯ хоҳад буд. Ин як навъ муаррифии сатҳи баланди меҳмоннавозии бою қадимаи тоҷикон аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхона, ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави кор изҳори сипос намуданд.
Маросими ифтитоҳи расмии тарабхонаи "Латина-Душанбе" 22 октябр бо доир кардани шоу-барномаи рангини бразилӣ баргузор мешавад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2022    №: 199    Мутолиа карданд: 521
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед