logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА ҶАМЪБАСТ ШУД

 
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ баррасӣ гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда шароит муҳайё гашт, ки бештари соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст шаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз вазъи душвори иқтисодӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ғанигардонӣ ва ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, андешидани чораҳо барои таъмини қисми даромади буҷет мусоидат намуданд.
 
Раиси  вилоят  тазаккур  дод, ки вобаста ба андешидани тадбирҳо дар самти иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд саъю кӯшиш намоем. Изҳор  гардид,  ки   дар соҳаи  иқтисодиёт  нишондиҳандаҳои  кӯтоҳмуддати  рушди   минтақавии  вилояти  Хатлон ба  23,3  миллиард  сомонӣ  расидаст, ки  нисбат  ба ҳамин давраи соли  2021-ум  7,7  фоиз афзоиш  ёфта,  дар маҷмуъ,  29, 4 фоизи   ҳиссаи  ҷумҳуриро   ташкил медиҳад.  Нақшаи пардохти андоз  бо назардошти   андози  иҷтимоии  ғайрибуҷетӣ  102,3 фоиз   таъмин  гашта,  ба буҷет  1 миллиарду  518,9   миллион  сомонӣ  ворид  шудааст, ки нисбат ба дурнамо 36,3 миллион  сомонӣ  зиёд  аст.  Дар вилоят  соҳибкорӣ  рушд  ёфта, ба 1-уми октябри  соли  2022  шумораи соҳибкорон  ба  107 ҳазору  998  нафар  расида,   дар маҷмуъ, бо саъю талоши онҳо бунёди чандин иншооти таъиноти гуногун сомон пазируфт, тиҷорат такмил ёфт,  шумораи муассисаҳои тиҷоратӣ афзуд. Дар самти  сармоягузориву  соҳибкорӣ   мулоқоти  Президенти  мамлакат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони  вилоят   ва дастуру  супоришҳои баёндоштаашон аз  24 феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар   ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо  ва рушди  соҳа   такони  ҷиддӣ  бахшид.  Дар маҷмуъ,  ба  ҳудуди  вилоят   ба маблағи  беш  аз  1,5 миллиард  доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, 1,4 миллиард  доллари  онро сармояи  мустақим  ташкил  медиҳад. Ба вилоят  аз  28 давлати  хориҷӣ  сармоя  ворид  гаштааст, ки бештари  маблағҳо  ба кишварҳои  Россия, Чин  ва Эрон  рост  меояд. 
Дар нуҳ моҳ  41571  ҷойи нави  корӣ  таъсис ёфтааст. Махсусан, дар самти сохтмон, саноат, роҳсозӣ ва кишоварзию боғдорӣ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 17,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиш  нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоизро ташкил дод.
Заркорони  вилоят имсол дар майдони 121694 гектар кишти пунбадона гузаронда, то 11 октябри  соли ҷорӣ ба андозаи 174 873 тонна пахта ҷамъ оварданд, ки баробари  61,14 фоизи дурнамо  мебошад. Деҳқонони Левакант  аввалин  шуда нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро  таъмин  намуданд. Суръати пахтачинӣ рӯз ба рӯз вусъат мегирад. 
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода,  вобаста   ба дастурҳои  Президенти мамлакат ҷиҳати захира намудани маводи  хӯрока, бартараф кардани камбудиҳо ва вусъат бахшидани ҷамъоварии пахта, иҷрои дурнамои андоз, пешбурди корҳои ободонию созандагӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, истифодаи усулҳои самаровари заминҳои киштбоб, пардохти саривақтии маошу нафақапулии шаҳрвандон, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, бунёди осорхонаву китобхонаҳо, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам андешаҳои судманд иброз дошт.
Дар анҷоми  ҷаласа баҳри иҷрои саривақтии дурнамои  ғунучини  пахта ба  намояндагони  шаҳру ноҳияҳои  Левакант, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин ба роҳбарони  хоҷагиҳои деҳқонии  деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, деҳоти Яккатути  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  деҳоти Гулистони шаҳри Левакант, деҳоти Панҷоби  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ва деҳоти Хутани  ноҳияи Фархор мукофотҳои пулӣ тақдим  гардиданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед