logo

Хабарҳо

МЕҲРГОН. АЗ ФЕСТИВАЛИ ИДОНА ТО НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

 
Дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе “Иди Меҳргон, фестивал - намоиши маҳсулот, техникаи кишоварзӣ ва иди асал” бо шукӯҳ таҷлил гардид. Дар он Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат, Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзӣ, намояндагони Ҳукумати  мамлакат, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва сокинону меҳмонони пойтахт, иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан аст.
Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иштирокдорони намоишро бо ин ҷашни миллӣ табрик намуда,  Паёми шодбошии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кулли иштирокдорон расонд. Аз ҷумла, зикр кард, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накукорӣ, натиҷаи заҳмати барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил менамуданд. Меҳргон  - иди ҳосилот,  мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо мебошад ва дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расондаанд. Мояи  ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад. Меҳргон ҷашни кишоварзон мебошад. Дар робита ба ин,  хотирнишон бояд кард, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳлилҳои иқтисодиву молиявӣ ва дигар омилҳои мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мушоҳида мегардад. Бо назардошти ин, дар чунин шароит мо бояд бештар кор кунем, заҳмат кашем ва ҳарчи бештар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол ва захира намоем, зеро ин вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад. 
Дар ин чорабинӣ, инчунин, намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни асали занбӯриасалпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ манзури харидорон гардонда шуд. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2022, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли асал ба 3928,4 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  3,9  дарсад зиёд мебошад. Дар ин рӯз таваҷҷуҳи сокинону меҳмононро бештар асалҳои пешниҳоднамудаи занбӯриасалпарварони асил ба худ ҷалб намуд, зеро дар баробари пешниҳод шудани навъҳои зиёди асали табиӣ, инчунин, тамоми техникаи парвариши он ва таҷҳизоти истифодагардида ба маъраз гузошта шуда буд. Онҳо дар баробари харидани асали тозаи табиӣ, инчунин, аз тавсияи олимону занбӯриасалпарварон низ, баҳраманд гардиданд. Кишоварзон бошанд, дар баробари пешниҳоди дастранҷи худ аз таҷрибаи якдигар баҳравар гашта, аз олимони соҳа тавсияҳои судманд гирифтанд. 
Дар ҷамъбасти намоиш ғолибони озмун, деҳқонон ва иштирокчиёни фаъол барои дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ аз рӯи бахшҳои гуногун  бо  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.                                                                                                                      
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед