logo

Хабарҳо

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМӢ

 
Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ оид ба натиҷагириҳои аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, донишҷӯёни факултетҳои фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок доштанд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуд, ки намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” – яке аз намоишҳои бузургтарини ёдгориҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар гардида, дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати тоҷикон ҳамчун бузургтарин ва нодиртарин намоиш шинохта шудааст. Саҳми намоиши мазкур дар инъикоси таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон дар арсаи байналмилалӣ басо муҳим ва назаррас мебошад.
Таъкид шуд, ки 13 октябри соли 2021 намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи санъати шарқӣ – Гимеи шаҳри Парижи Фаронса бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ифтитоҳ  гардид. Дар доираи ин ҳамоиш миқдори зиёди ёдгориҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуданд. Тавассути дарёфтҳои таърихии нодир, ки аз қаламрави кишвар дарёфт гардидаанд, тамошогарони аврупоӣ бори дигар бо таърихи пурғановати халқи тоҷик ошно шуданд. 
– Дар намоиши мазкур 271 номгӯйи экспонатҳо  ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ин шумора 197-тои он аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва 74 экспонат аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон интихоб гардид, – гуфт Зафаршо Иброҳимзода. 
Дар ҳамоиш махсус таъкид шуд, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” ягона нашрияе буд, ки ҳамеша аз ҷараёни ин намоиш гузоришу хабарҳо нашр мекард. 
– Баргузор намудани намоиши мазкур баёнгари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арҷ гузоштан ба арзишҳои дар масири таърих андӯхтаи тоҷикон, эҳёи хотираи таърихии миллат ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муттасилу пайгирона кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Намоиш ба сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо  имкон дод, ки бо бозёфтҳои таърихии Саразм, Тахти Сангин, Панҷакенти Қадим, Аҷинатеппа, қалъаи Кофарниҳон, қасри Ҳулбук ва дигар нигораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд. Ин намоиш аврупоиҳоро бо порае аз таъриху фарҳанги мо, яъне бо фарҳанги бостонии тоҷикон ошно намуд, – гуфт Убайдулло Насрулло Каримзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6300
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед