logo

иҷтимоиёт

НОРАК. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ҲАМ ШУКУФОНТАР МЕШАВАД

 
Шаҳри Норак табиати хеле бой ва зебою рангин дошта, бо Неругоҳи барқи обии “Норак” ва дарғоти 300-метрааш, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, машҳур мебошад. Ҳамзамон, дарёи Вахш, ки аз дили шаҳр убур мекунад, манбаи асосии обёрии заминҳои кишоварзӣ ва оби ошомидании шаҳр маҳсуб меёбад. Хотиррасон мекунем, ки шаҳри Норак бо доштани 22 ёдгории бузурги таърихию фарҳангӣ ва 46 мавзеи сайёҳиаш, яке аз мавзеъҳои бузурги сайёҳӣ дар кишвар дониста мешавад. То имрӯз ба ин минтақаи сайёҳӣ, бо мақсади боздид ва истироҳат, зиёда аз 50 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва 1 ҳазору 689 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардааст.
 
Имрӯзҳо дар мамлакат ба ифтихори Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву ободкорӣ бомаром идома доранд. Меҳнаткашони шаҳри Норак бахшида ба истиқболи ин Ҷашни бузурги таърихӣ, имрӯзҳо аз тамоми захираву имкониятҳо ва технологияҳои нави замонавӣ пурмаҳсул истифода бурда, корҳои зиёди бунёдкорӣ ва созандагиро муташаккилона роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардондани симои зоҳирии шаҳру деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, ҳамзамон, таъсиси ҷойҳои нави кор як қатор корҳои муайянеро ба анҷом расондаанд.
Тавре раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, мардуми меҳнатдӯсти шаҳр дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сармашқи кори худ қарор дода, бо руҳияи баланди идона барои саҳм гузоштан дар самти бунёдкориҳо барои ояндаи дурахшони Меҳан талошҳои дилгармона доранд.
Ба истифода додани 180 иншоот, аз ҷумла 8 бинои маъмурӣ, 8 муассисаи таълимӣ, 6 табобатӣ, 5 варзишӣ, 2 фарҳангӣ, 20 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва 131 иншооти хизматрасониву маишӣ, истиқоматӣ, кишоварзӣ, фароғатӣ ва савдо ба нақша гирифта шудааст. То  имрӯз  дар 120 иншооти гуногун корҳои сохтмонию навсозӣ оғоз ёфта, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 14 иншоот, як корхонаи истеҳсоли қуму шағал, хатти оби нӯшокӣ ба дарозии 2,5 километр, Муассисаи томактабии № 9 дар маҳаллаи Тутқавули деҳоти Пули Сангин, ки аз соли 1990 то инҷониб фаъолият намекард, навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 331,4 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 221,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии бинои мақомоти адлия дар шаҳри Норак ва аз тарафи соҳибкорон Муҳиддин Табаров ва Ҷамшед Раҳимов сохтмони ду меҳмонхона ба анҷом расида, корҳои ободонии гирду атрофи онҳо идома доранд. Бояд гуфт, ки навсозии кӯли ҷавонон, боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, терминали хизматрасонии «Бурс», сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Даҳана, бозор дар минтақаи манзилии № 4, майдони варзишии марказӣ барои 10 000 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш дар маҳаллаи Сари Боло, панҷ бинои 4-ошёна дар маҳаллаи Дуконӣ, бинои кинотеатри «Вахш», бинои 6-ошёна дар минтақаи манзилии № 2, бинои 7-ошёна, дар доираи лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва муассисаи томактабӣ дар қисми ҳарбии 52168 оғоз гардида, босуръат идома дорад.
Таҷдиди бинои маркази саломатӣ дар маҳаллаи Лангар ва шаш нуқтаи савдою хизматрасонӣ дар арафаи анҷомёбист. Навсозии хатти оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи БАТР амалӣ гашта, аз аввали сол 1139993 доллари ИМА, ҷамъ аз аввали татбиқи лоиҳа то имрӯз 3433751 доллари ИМА маблағ аз худ карда шуда, то охири соли ҷорӣ ба пуррагӣ ба анҷом расонда мешавад, ки дар натиҷа норасоии об дар шаҳр ва деҳот бартараф мегардад. Дар маҷмуъ, барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021 – 2025 бо 183 лоиҳа ба маблағи 453, 6 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, то имрӯз 30 лоиҳа ба маблағи 34,7 миллион сомонӣ иҷро ва 56 лоиҳаи дигари он ба маблағи 27,7 миллион сомонӣ амалӣ гашта истодааст. Ҷиҳати татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли «Микросемент», корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ, маводҳои сохтмониро ба нақша гирифтааст. Ҳамаи корҳои ободкорию  созандагӣ  бо  дастгирии  пайвастаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи диёрамон амалӣ мегарданд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2022    №: 200    Мутолиа карданд: 1105
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед