logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ҶАВОНОН ВА РУШДИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

Андешидан перомуни ҳаёти имрӯза ва ояндаи ҷавонон ба назари мо рисолати ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо бояд бештар аз пештар ба ин мавзуи  муҳим таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар ин маврид овардани  гуфтори яке аз донишмандони юнониро мувофиқи матлаб медонем: «Агар кафшдӯзҳо кафши бесифат дӯзанд, аз ин давлат зарар намебинад. Вале ба тарбияи насли нав ашхоси бесавод ва бетараф иштиғол варзанд, ин теша бар решаи давлат мебошад». Аз ин рӯ, лозим медонем, ки дар тарбияи дурусти ҷавонон мусоидат намуда, барои ояндаи дурахшони онҳо дар партави суханрониҳои Пешвои миллат ҳамеша тадбирҳои муҳимро пиёда созем. 
Дар сиёсати дурнигаронаву хирадгароёнаи Сарвари давлат    ҷойгоҳ ва сарнавишти ҷавонон хеле рӯшан ва асосӣ ба шумор меравад.    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неру ва хидмату азамати  ҷавонони болаёқат ва ватандӯсту худшинос бовар доранд ва борҳо изҳор доштаанд, ки ин давлату миллат  мероси   насли ватандӯсту худогоҳ  хоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамеша таъкид медоранд, ки чеҳраи ҷавонони имрӯз аз ҷавонони солҳои навадум ба куллӣ фарқ мекунад. Ин сухан на танҳо ба зоҳир, балки дар андешаву афкори ҷавонон низ равшан ҳувайдост. Пешвои миллат  бо боварӣ ба ақлу хирад ва заковати ҷавонон ҳамеша ин нуктаро ба он маънӣ таъкид медоранд, ки ҷавонони имрӯз дигар мисли ҷавонони солҳои навадум набояд қурбони афкор ва андешаҳои гумроҳкунандаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  шаванд. Имрӯз ҷавонон барои такмили тафаккури миллии хеш заминаҳои муҳим доранд ва маҳз тавассути корномаҳои созандаи Пешвои миллат тамоми шароитҳо ҷиҳати тарбия ва такмили шуури маънавии онҳо фароҳам омадаанд. Танҳо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва ҳамакнун ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» метавонанд нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд. 
 Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди таъмини шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумату давлат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти густардаи онҳо  ҳанӯз ҳам бархе аз ҷавонони мо ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоиву радикалӣ, ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ ва берун аз доираи суннатҳои исломӣ моил  шудаанд, ки заминаи аслии чунин нофаҳмиҳо, пеш аз ҳама, бетарафии волидон ва каммаърифатии худи ҷавонон ба шумор меравад. Дар ин ҳол онҳо бештар аз рӯи шунидаҳои хеш ва гуфтаҳои пайравони манфиатхоҳи гурӯҳҳои ифротӣ амал мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳеҷ як китобҳои динии ҷаҳонӣ ифротгароӣ тарғиб  нашудааст ва баръакс ҷавҳари таълимоти дини исломро муқовимат бо ифротгароӣ ва ақидаҳои иртиҷоӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва, дар маҷмуъ, олимони сатҳи байналмилалӣ, сиёсатмадорони ҷаҳонӣ низ борҳо таъкид намудаанд,  ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки аз номи дини ислом баромад карда, манофеи шахсии худро дар назар гирифтаанд, ҳаргиз ба дини мубини ислом иртибот надоранд. Дар ин радиф, борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки исломи воқеиро шиносем  ва онро аз терроризму экстремизм фарқ намоем. Ин гуфтаҳои огоҳонаи Сарвари давлат бояд мароми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошанд. Барои расидан ба ҳадафҳои матлуб ва шинохту дарки моҳияту ҷавҳари таълимоти дини мубини ислом соли 2009 дар Тоҷикистон соли Имом Абуҳанифа   бо ибтикори Пешвои миллат баргузор гардида, дар партави он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби муқаддаси «Қуръон» ба тамоми хонадони мардуми тоҷик тақдим гардид. Бо гузашти чанд сол тавассути чунин як ташаббуси дигари Пешвои миллат, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ тақдим шуд. Ин тадбирҳои наҷиби мардумпарварона, пеш аз ҳама, ба он хотир аз сар гирифта шуд, ки мардуми кишвар, хосса ҷавонон, арзишҳои динӣ ва миллиро дар мақоми хеш шинохта, онҳоро дар такмили тафаккури миллии хеш ба кор бигиранд. 
Ташаккул додани тафаккури миллӣ ва ангеза бахшидан бар ҳисси ватанпарастии ҳар як насли ҷавони кишвар дар ин раванди нуфузи ифротгароӣ дар саросари кишварҳои олам яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Аммо бояд дар назар дошт, ки ин ҳадаф кори як ва ё чанд нафар нест. Мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки дар мавриди сарнавишти имрӯза ва ояндаи насли ҷавон, фарзандони худ пайгирона тасмимҳои ҷиддиро бигиранд. Дар зеҳни насли ҷавон бедор кардани тафаккури миллӣ ва ангеза бахшидан ба неруи худшиносии онҳо кори якрӯза ва чандрӯза низ наметавонад бошад. Ин масъулияти таърихӣ ва ҳамешагии мо бояд пазируфта шавад. Дар ин росто, амалӣ намудани баъзе тасмимҳо аз манфиат холӣ намебошад. Дар навбати аввал, аз ҷумлаи тасмимҳои муҳим барои такмили тафаккури миллӣ дар зеҳни насли ҷавон ин аст, ки ба камолоти маънавии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоем. Дар ин росто, низ Ҳукумату давлат тадбирҳои ҷиддиро ба роҳ мондааст, аммо бидуни ҷонибдории волидон ва, умуман, ҷомеа наметавон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуд.  
 Таълиму тадриси рӯзгор ва корномаҳои қаҳрамонҳои миллии кишвар, чун Деваштич, Шерак, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигар фарзандони ватандӯсти асили тоҷик дар ташаккули тафаккури миллии насли ҷавон таъсири хуб хоҳанд дошт.   Ҳамзамон, корномаҳои қаҳрамонони Тоҷикистонро низ бояд ба дурустӣ талқину тарғиб намоем, то дар симои онҳо ҷавонони имрӯз чеҳраҳои ормонии хешро шиносанд. 
 
Сорбон АМАКОВ, 
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2022    №: 200    Мутолиа карданд: 1055
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед