logo

иқтисод

ШАҲРДОРӢ. ЧАРО ҚИТЪАҲОИ КАЛОНИ ЗАМИН БЕКОР МЕХОБАНД?

 
Вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва боло рафтани  нарху навои маводи ғизоӣ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатиашон ба кишоварзон таъкид намуданд, ки аз ҳар як қитъаи замин 2-3 ҳосил гирифта,  ҳар оила  камаш хӯроки дусолаашро захира  бикунад. Дар асоси даъвати Пешвои миллат, мардуми деҳот заминҳои наздиҳавлигиашонро хеле самаранок истифода мебаранд. 
Мутаассифона, дар шаҳрҳо заминҳои холӣ, ки киштукор нашудаанд, хеле зиёд ба назар мерасанд. Ин гуна қитъаҳоро дар назди биноҳои бисёрошёна, қисме аз ташкилоту идораҳо дидан мумкин аст. Воқеан ҳам, аҳён-аҳён нафароне ҳастанд, ки дар назди ин биноҳо дарахт шинонда, сабзавоткорӣ карда, меваву сабзавотро аз бозор намехаранд. Албатта, аҳсан ба чунин ашхоси заҳматписанд, ки бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзии аҳли хонадонашонро таъмин месозанд.
Дар ин боб кори директори МТМУ № 53 Бобоев Аскар намунаи ибрат мебошад. Ба чуз он, ки ин таълимгоҳ дар тарбия ва дониши шогирдон миёни мактабҳои шаҳр ҷои сазоворро соҳиб аст, ҳамзамон, ба гулзор кардани роҳравҳо машғул буда, боғи хуби мевадиҳанда бунёд намудааст. Дар байни дарахтон помидор, сабзӣ ва дигар намуди сабзавотҳо мекоранд. Ҳар соле миқдори зиёди каду, ки ғизои хеле сабук ва табобатӣ ба шумор  меравад, мерӯёнанд. Бобоев ҳосили ҷамъовардаашро байни коркунони хоҷагӣ ва омӯзгорон ройгон тақсим мекунад. Хуб мешуд, ки дигар роҳбарони ташкилоту идораҳо аз таҷрибаи  мавсуф истифода баранд. МТМУ № 6 низ чунин таҷрибаро дорад. Боғи бунёднамудаи ин дабистон дорои дарахтони мевадиҳанда буда, ҳар сол аз он ҳосили дихоҳ ба даст меоранд. Ҳамчунин, помидор ва дигар навъҳои сабзавот кишт мекунанд. Аз сифати кори кишоварзии эшон ҳар як бинанда хушҳол мегардад. Чунин як амали самаровар дар МТМУ № 8-и шаҳри Кӯлоб низ, роҳандозӣ шудааст.
Аммо, мутаассифона, бо вуҷуди обӣ будани тамоми қитъаҳои Кӯлобшаҳр заминҳои назди аксар биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳо бекор монда, ба алафзор табдил ёфтаанд. Бовар дорем, ки роҳбарияти нав бо ҳидояти мардуми шаҳрнишин низ, мисли деҳотиён ҳар як порча заминро ба боғу бӯстон мубаддал месозанд. Зеро қитъаҳои ба коркард ниёздошта дар атрофи даҳҳо идораву ташкилотҳои дигар ба чашм мерасанд. 
 
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2022    №: 200    Мутолиа карданд: 1211
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед