logo

сиёсат

ҲАМСОЯДОРӢ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН НАМУНАИ ИБРАТ БАРОИ БАШАРИЯТ АСТ!

Сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам овард, ки муносибат бо кишварҳои ҳамсоя хуб гардида, марзҳо боз шуданду рафтуомади озодона таъмин гашт. Инро мо дар мисоли барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек дида метавонем. Дар натиҷаи талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат, шаҳрвандони ду кишвар ба дидори ҳамдигар расиданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоративу гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд. 
Ҳамчун самараи ҳамин сиёсати халқпарваронаи Сарвари давлат баҳори соли 2018 гузаргоҳи Шаҳритус – Гулбаҳор, ки вилояти Хатлонро бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад, боз гардид. Баъди солҳои тулонӣ қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба – Амузанг» – роҳи пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ шуд. Иштирокчиёни ин маросим батакрор дуо менамуданд, ки марзи байни ду халқи дӯсту бародар дигар ҳеҷ гоҳ баста нашавад. 
Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии «Ғалаба – Амузанг» ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тулонӣ ва пайвастаи сарварони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад. Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба – Амузанг» тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос гардид. Баҳси тулонии роҳи оҳан хотима ёфт. Марзҳо боз шуданд, қолабҳои қаблӣ шикаста, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ авҷ гирифтанд, назару нигоҳҳо комилан тағйир ёфтанд. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нави муносибатҳои байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд, ки ба ҳар яки мо хушбахтӣ мебахшад.
Ин иқдом ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллатҳои шарафманди тоҷику ӯзбек, афзоиши гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмуъ, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ гузошт.
Соли 2018, ҳамчунин, гузаргоҳи сарҳадии Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус ва Гулбаҳори ноҳияи Тирмиз, Панҷакенту Самарқанд ва роҳи нақлиёти автомобилӣ боз гардид. Вақте гузаргоҳ боз шуд, гурӯҳ-гурӯҳ ба пешвози якдигар омадани хешу таборҳо, ҳаммаслакону ҳамкорони пешина, соҳибкорону одамони касбу кори гуногун шаҳодат аз он медод, ки онҳо, дарвоқеъ, муштоқи дидори ҳамдигаранд. 
Яке аз онҳо ҳиссиёти худро чунин баён кард: «Ман апаи худ Хурсанд Очиловаро, ки дар ноҳияи Шаҳритуси Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, даҳ сол боз надида будам. Имрӯз ба шарофати ин ду президенти сулҳпарвар ва ватандӯст – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дидор насиб гашт. Миннатдории худро чӣ тавр баён созам намедонам», – мегӯяд шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дилдора Очилова. 
Элмурод Тӯрабоев, аз деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, ки аҳли авлодаш дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, дар ин хусус чунин ибрози назар намуд: «Сарҳад кушода шуду саросема ба роҳ баромадам. Аз гузаргоҳ бемонеа гузашта, хешу таборро бо шодӣ ба оғӯш кашидам. Илоҳо ба ин кори нек чашм нарасад…».
Пас аз он ки 17 августи соли 2018 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ изҳороти муштарак қабул гардид, дар ҳузури ин ду шахси воломақом асноди марбут ба 27 созишнома бо имзоҳои тарафайн ба ҳукми қонун даромад. 
Муносибатҳои ҳамсоягӣ ранги тоза гирифта, уфуқҳои нав пайдо гардиданд. Корхонаҳои муштарак, хонаҳои савдо кушода шуда истодаанд. Рушди фаъоли инфрасохтори савдои беруна ва василаҳои дастгирии амалиёти содиротиву воридотӣ, инчунин, мутақобилан баргузор намудани анҷумани соҳибкорон, намоишгоҳҳои миллии маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шуданд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва бонувон, иттифоқҳои касаба ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ беш аз пеш густариш меёбанд. Фишурда карда гӯем, изҳороти муштарак маромнома, нақшаю вазифаҳои ояндаи мо мебошад. 
28-уми марти соли 2018 бо ҳузури Президенти кишварамон ва ширкати меҳмонони зиёд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил шудани Иди байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» воқеаи хотирмон буд. Метавон бо итминон гуфт, ки чунин падидаҳои руҳафзо минбаъд дар сарзамини ҳар ду давлат беист идома хоҳанд ёфт.
Соли 2018 боз як воқеаи муҳим рӯй дод. 17-уми август дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои саҳми сазовор дар таҳкими робитаҳои бисёрарсаи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок, таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа бо Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени "Эл-юрт ҳурмати" сарфароз гардиданд. 
27 сентябри соли 2018 ду дӯст, ду бародар, сарварони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Мир Алишер Навоӣ»-ро кушода, аз рӯйи муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки ҳамчун рамзи дӯстии ин ду халқ қомат афохта буд, пардаро бардошта, дар пояи он гулчанбар гузоштанд. 
Шубҳае нест, ки ин муносибатҳои ҳамсоягӣ рӯз аз рӯз инкишоф меёбанду боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд... 
 
Сулаймон ЭРМАТОВ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2022    №: 201    Мутолиа карданд: 696
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед